Ҷаззобтар аз телевизион бошем!

68

Мутолиа ва таҳқиқ дар мавриди истифода аз ҳар расонаи гурӯҳии ҷадид, анбӯҳе аз нигарониҳоро барои падарон ва модарон ба ҳамроҳ дорад. Дар асари мутолиаҳои сурат гирифта, ҳамвора сармақолаҳо, занги хатарро ба садо дар меоваранд,кӣ:

«Ба таври миёна, кудакон рӯзе 5 соат телевизион тамошо мекунанд.»

Мо гузоришҳоро мехонем ва бо нигаронӣ ба фарзандонамон, ки ҷилави телевизион нишастаанд, менигарем ва бо нигаронӣ ва ноумедӣ, сарамонро такон медиҳем ва мегӯем: «Чаро ин кудакон хеле телевизион нигоҳ мекунанд?»

Тамошои телевизион!

Чӣ барномаҳое?

Чӣ муддат?

Кӣ?

Чаро?

Инҳо мушкилҳое аст, ки падарон ва модарон бо кудакони худ доранд ва боиси нороҳатии байни онон мешавад. Аммо дар тамошои телевизион ҳам монанди мавзӯъҳои дигар, худи мо нақши бузурге дорем ва нохоста, мадел ва улгуе барои онон мешавем:

Падар ва модаре, ки менишинанд ва аз субҳ, телевизионро равшан карда ва бо охирин барнома, онро хомӯш мекунанд, бисёр ғайримантиқӣ ва сахт аст, ки аз фарзандони худ бихоҳанд камтар телевизион тамошо кунанд.

Агар мо барои кудаконамон ҷолибтар аз телевизион бошем, онон меписанданд, ки вақташонро бо мо бигузаронанд, монанди: «биё биравем хунаи парандаро бисозем» ва ё «биравем ҳавлӣ, бозӣ кунем» оре, ба ҳамин осонӣ метавонем кунҷковии кӯдаконро аз телевизион дӯр кунем. Бештари кудакон меписанданд бо афроде бошанд, ки аз будани бо онон лаззат мебаранд ва дӯсташон доранд.

Бояд корҳои ҷолиби дигареро ҷойгузини телевизион кунем; Монанди бозиҳои ҷолиб ва хуб, рафтуомад бо дӯстон, саргармӣ, варзиш ва… Ва таъкиди бештаре бар рӯйи ин саргармиҳо дошта бошем. Ба ин гуфтугӯ, ки байни як падар ва писараш, ки зиёд телевизион тамошо мекунад, таваҷҷуҳ кунед:

Падар: «Ман таваҷҷуҳ кардам, ки инрӯзҳо хеле телевизион тамошо мекунӣ; Магар на?»

Писар: «Оре, хеле хушам меояд»

Падар: «Нуктаи мусбат ва хуби телевизион, ин аст, ки аз он, хеле чизҳо ёд мегирӣ ва метавонӣ бифаҳмӣ, ки дар дунё чӣ мегузарад, аз тарафи дигар, калимаҳои зиёде ба фарҳанги луғати ту изофа мешаванд; Вале чизе, ки ман дар мавриди он мутааҷҷиб ҳастам, ин аст, ки чӣ қадар ёд мегирӣ, ки як дӯсти хуб бошӣ? Оё ту як дӯсти хуб барои дастгоҳи телевизион ҳасти?»

Писар: «Ман намефаҳмам манзури шумо чист?»

Падар: «Телевизион ба ту гӯш намедиҳад, он фақат бо ту ҳарф мезанад ва барояш муҳим нест, ки ту чӣ мегӯӣ ва чӣ фикр мекунӣ; Бинобар ин телевизион ба ту кумак намекунад, ки як дӯсти хуб барои каси дигаре бошӣ. Оё то ҳоло таваҷҷуҳ кардаи, ки ту чӣ мегӯӣ?»

Писар: «На! »

Падар: «Бузургтарин мушкили телевизион, ин аст, ки барояш муҳим нест, ки ту чигуна фикр мекунӣ; Дар ҳоле, ки ман ва дӯстонт ба ҳарфҳои ту гӯш медиҳем. Ман фикр мекунам агар ту зиёд телевизион нигоҳ кунӣ, роҷеъ ба хеле чизҳо огоҳ мешавӣ; Вале намедонам, ки оё ту метавони чизҳоеро, ки ёд гирифтаи, ба дигарон собит кунӣ ва барои онон бигӯӣ? Чун бо тамошо кардани телевизион, ёд намегирӣ, ки чигуна бо дигарон сӯҳбат кунӣ. Агар камтар телевизион тамошо кунӣ, инсони шодтре хоҳи буд. Оё ту бояд дар ин бора, тасмим бигирӣ ё телевизион?»

Писар: «Дуруст аст, тасмими ман аст.»

Беҳтар аст худро барои ҷанг бо дастурҳо ва кантрол кардани кудаконамон ба хотири тамошо кардани телевизион омода накунем; Зеро водор кардани фарзандон барои қатъи тамошои телевизион, ба таври маъмул, шӯриш ва туғён дар пай дорад. Коре, ки мо метавонем бикунем, ин аст, ки рӯй кудаконамон таъсир бигузорем.

Шӯхтабъӣ метавонад асарҳо ва короии зиёде дошта бошад, барои намуна: замоне, ки кӯдаконамон машғули тамошои телевизион ҳастанд, сарашонро фишор диҳем ва бигӯем, ки «ҳанӯз зиёд нарм нашудааст» ва ба ин тартиб ба онон, ин паёмро бидиҳем, ки тамошои зиёди телевизион, мағзашонро табдил ба ҷави кӯбида шуда мекунад.

Дар тӯлонимуддат, кудакон тасмим мегиранд, ки зиёд телевизион тамошо накунанд, чун аз шумо меомӯзанд, ки корҳои дигаре анҷом диҳанд ва бовар хоҳанд кард, ки тамошои беш аз ҳадди телевизион, чизи хубе нест.

Манбаъ: Баргирифта аз китоби «Волиди ошиқ ва оқил » – мутарҷим: Ширин Шоҳифар.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.