Зиштӣ ва хатари пинҳон кардани ҳақ

47

Нақл шудааст теъдоде аз мусулмонон, аз олимони яҳуд дар бораи сифоти Паёмбари Ислом(с) дар Таврот савол карданд, вале онҳо ҳақиқатро пинҳон карданд.  Худованд дар мавриди ин навъ инсонҳо мефармояд:

“Ва ҳақро ба ботил наёмезед ва ҳақиқатро пинҳон накунед, дар ҳоле, ки медонед.”(сураи Бақара, ояти.42)

Зиштӣ ва хатари катмони ҳақ, танҳо шомили мавориди боло намегардад, балки ба таври куллӣ ҳар, ки ҳаққеро катмон кунад, мавриди лаъни Худо ва фариштагон қарор мегирад. Сукут кардан дар ҷое, ки бояд сухан гуфт ва ҳамчунин саргарм кардани мардум ба масоили ҷузъӣ ва фаръӣ, ки сабаб шавад масоили аслӣ ва ҳаётиро фаромӯш кунанд, навъе катмони ҳаққ ҳисоб мешавад.

Паёмбари Акрам ( салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: ” Агар аз касе чизеро, ки медонад бипурсанд ва ӯро катмон кунад, рӯзи қиёмат афсоре аз оташ бар даҳони ӯ мезананд.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.