Таассубе, ки умрро зиёд мекунад!!!

88

Ҳамсоя кист?

Худованди мутаол дар Қуръони Карим зимни баршумурдани ҳуқуқи исломии мусулмонон дар қиболи якдигар, неки ба гурӯҳҳои мухталифро суфориш мекунад ва дар мавриди ҳамсоя суфориш мекунад: «Ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дӯрро мавриди эҳсони хеш қарор деҳ.»(Нисоъ, ояти.36)

Дар тафсир омадааст: «Дӯр ва наздик дар ин оят ба назар мерасад ҳамон дӯрӣ ва наздикии маконӣ бошад. Аз онҷо, ки калимаи ҳамсоя, дорои мафҳуми маҳдуде аст , танҳо ҳамсоягони наздикро дар бар мегирад, шояд барои таваҷҷуҳ додан ба вусъати мафҳуми он аз назари Ислом, роҳе ҷуз ин набудааст, ки номе аз ҳамсоягони дӯр низ ба сароҳат бурда шавад.»

 Риояти ҳаққи ҳамсоя

Риояти ҳаққи ҳамсоягон ва рафтори хуб бо онон, сарчашмаи баракатҳои фаровоне хоҳад буд, ки аз он ҷумла метавон ба тақвияти рӯҳияи ҳамкорӣ бо ҳадафи покизагӣ ва ободии муҳит, ёрии якдигар дар мақтҳои хатар ва сахтиҳо ва ҳамроҳӣ дар шодиҳо, ишора кард, ки оромиши равонӣ ва тӯли умри инсонро дар пай дорад.

Аз сӯи дигар бехабарӣ аз ҳоли ҳамсоя ва бетаваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи онон, аз умуре аст, ки дар Ислом мазмум ва нописанд аст. Паёмбари бузургавори Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, касеро, ки худ, сер бихобад ва ҳамсояаш гурусна бошад, муъмин намедонад: «Ба ман имон наёвардааст, касе, ки бо шиками сер бихобад, дар ҳоле, ки ҳамсояаш гурусна бошад.»

Бинобарин вуҷуди ҳамсояи хуб, неъмате арзишманд барои инсон ва ҳамсояи хуб будан, боиси афзоиши муҳаббат ва дӯстӣ мешавад чаро, ки инсонҳо бандаи эҳсон ва некӣ ҳастанд.

 Таассуб дар ҳамсоядорӣ

Хушрафторӣ бо ҳамсоягон, дар эҷоди таҷаммӯъҳои пуршукуҳ ва улфатҳои иҷтимоӣ, самар медиҳад, рафъи ниёз ва рафтуомад, аҳволпурсӣ, аёдат (хабаргирӣ), инфоқ ва садақа, ҳама аз вазоифе аст, ки бар ӯҳдаи ҳамсоя ва нишонаи инсондӯстӣ мебошад.

Чунонки ҳазрати Алӣ(а) чунин кирдореро ҷавонмардона медонад ва мефармояд: «Расидагӣ ба ҳамсоягон, ҷавонмардӣ аст»

Ҳамчунин дар Наҳҷулбалоға таъкид мекунад, ки бар хислатҳои ҳамчун ҳамсоядорӣ аҳаммият зиёд бидиҳед ва мефармояд:

«Пас таассуб биварзед барои хислатҳои писандида монанд посдошти ҳаққи ҳамсоиагӣ ва амон.»

  Умрро зиёд мекунад!

Вуҷуди ҳамсояи хуб, барои одамӣ неъмати арзишманд ва ҳамсояи хуб будан, мояи муҳаббат ва дӯстӣ аст. Дилҳо ҳамвора мутаваҷҷеҳи ҷое мешавад, ки некӣ ва меҳрубонӣ дар он ҳоким бошад ва ҳарҷо, ки шаҳди хайр бошад, афрод гирди ҳам меоянд. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: «Хушҳамсоягӣ, ҳам ободиҳоро обод ва ҳам умрҳоро зиёд мекунад».

 

  Ҳамсоя ирс мебарад?!

Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ дар омӯзаҳои динӣ дар бораи ҳаққи амон ва риояти ҳуқуқи ҳамсоягон омадааст, метавон ин омӯзаи ахлоқиро ба посдошти амнияти ҳамагон ва риояти ҳуқуқи шаҳрвандон таъбир кард, чунонки дар ҳадиси Имом Алӣ алайҳиссалом, омадааст:

«Ҳарими масҷид чиҳил зироъ аст ва то чиҳил хона аз чаҳор тараф манзили ҳамсоя ба шумор меояд.»

Бо таваҷҷуҳ ба ҷуғрофиёи шаҳрӣ дар он замон, ин суфориш ба маънои густараи ҳамсоиагӣ ва посдошти амнияти ҳамагонӣ дар зиндагии шаҳрӣ аст. Албатта агар суфоришҳои Қуръони Карим, ва Паёмбари Акрам (с), дар ин бора лиҳоз шавад ин амр фаротар аз амниятҳои таърифшуда ва ҳуқуқи шинохташуда дар дунёи имрӯз аст, чунонки Имом Алӣ (а), дар охирин васияти худ пеш аз шаҳодат фармуд:

«Худоро! Худоро! ҳамсоягонро аҳаммият диҳед, ки суфоришшудаи паёмбари шумоянд, ва пайваста дар бораи онон суфориш мефармуд чунонки гумон бурдем барои онон ирси муаян мерасад.»

Сухани охир

Чӣ дар хонаҳои чанд ошёна ва чӣ дар хонаи мустақил, агар ҳамсояаатонро намешиносед ё равобити хубе бо ӯ надоред, ба сабке зиндагӣ мекунед, ки аз бисёри баракоти маънавӣ, модӣ ва иҷтимоии ҳамсоядорӣ маҳрум шудаед!

Дар зиндагии имрӯзӣ ҳамсоядорӣ аҳаммияти зиёде надорад ва ҷомеаи мо ниёзманди фарҳангсозӣ ва тарбияте аст, ки дар сурати таҳаққуқ, сабаби асосӣ дар ҳифзи амнияти шаҳр аз осебҳои мухталиф ва кам шудани харҷҳои зиёде ки аз осебҳои амниятӣ сарчашма мегиранд, мегардад.

Манобеъ:

Наҳҷулбалоға, хутбаи 192; Номаи. 47

Усули кофӣ, ҷ 2, саҳ.668

Ғурарулҳикам ва дурарулкалим, ҷ 7, саҳ. 49

Тафсири Намуна, ҷ 3, саҳ.308

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.