Ташвиқи бадкорон!!

96

Беҳтарин роҳ, қадрдонӣ аст!

Ташвиқ омиле аст дар барангехтани инсон ба сӯи аҳдофи тарбият, ки аз замони хилқати инсон будааст ва низ василае барои тақвияти инсон дар фароҳам кардани нишот ва ташвиқи онҳо ба талош аст.

Дар тарбияти инсон, асл бар ташвиқ ва тарғиб аст, зеро инсон ба хотири фитраташ ошиқи камол, ва моил ба некӯӣ ва дӯстдори ташвиқ аст ва бар ин асос беҳтарин равиш дар барангехтани инсонҳо ба сӯи камол ва дӯр кардан аз нақс, қадрдонӣ аст.

Алӣ алайҳиссалом, дар ин бора ба Молики Аштар чунин фармудааст: «Ононро ба некӯӣ ёд кун ва пайваста ташвиқашон намо ва корҳои муҳиммеро, ки анҷомдиҳандаанд шумориш кун; Зеро ёд кардани корҳои неки онон, далерашонро [ба кӯшиш ва ҳаракати бештар] барангезонда ва аз кормондаро ба хости Худо [ба кор ва талош] тарғиб намояд».

  Бояд миёни некон ва бадон, тафовут қоил шуд!

Ҳунари мураббиён ва модарон ва падарон, барангехтан ва боздоштан аст; Барангехтан ба сӯи камол ва ҳушёрӣ аз табоҳи; Ва дар ин бора бояд миёни некон ва бадон, тафовут қоил шуд, бо ҳар як ба таносуби вазъ ва ҳолаш рафтор намуд ва ба василаи ташвиқ ва танбеҳи муносиб ононро роҳнамуд, чунонки Алӣ алайҳиссалом, фармуд:

«Ҳаргиз набояд некӯкор ва бадкор дар назди ту яксон бошанд, ки он, рағбати некӯкорро дар некӣ кам мекунад, ва бадкорро ба бадӣ водор менамояд, ва ҳар як аз эшонро мутобиқи кораш ҷазо деҳ». Равиши ташвиқ, дар майдони амал ба шинохт, муҳаббат, зарофат ва диққати дилсӯзона ниёз дорад то нақши худро дар тарбият ба дурустӣ адо намояд.

 Ташвиқи некукор барои бадкорон ҳам судманд аст!

Нақши тарбияти мусбати ташвиқ ва қадрдонӣ фақат бар некӯкорон нест, балки дар сурати асл қарор додани фазои муҳаббатомез, метавон бадкоронро низ бо таваҷҷуҳ ба фитрати эшон ба дурустӣ ва некӣ мутамоил сохт, чунонки Амири мумнон (а), дар ҳикмати нуронӣ фармудааст:

«Гунаҳкорро ба василаи подош додан ба некӯкор [аз бадӣ] боз дор».

Ташвиқ ва қадрдонии неруҳои хуфтаи одамиро бар меангезад ва майл ба талош ва шодобиро фароҳам месозад ва ин беҳтарин заминаи сайр додани инсон ба сӯи матлуби тарбият аст; Ба баёни мавлои муттақиён: «Ҳар, ки муштоқ бошад, аввали шаб ба роҳ афтад». Бинобар ин, ташвиқ фақат нақши қадрдонӣ надорад, балки нақши он, барангехтани қуваи бештар дар ҷиҳати матлуб ва тағйиру таҳаввул дар инсон аст.

  Паёмбар(с) инсонҳоро ташвиқ кард

Мураббёни илоҳӣ беш аз ҳар чиз бо эҷоди шавқ ба ислоҳи мардумон пардохтанд ва бо инзори саҳеҳ ононро аз бадӣ дур карданд. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, низ дар рисолати тарбиятии худ, мардумонро бо роғиб сохтан ва шавқманд намудан ба сӯи ҳаққ барангехт, ва бо ҳушёр сохтан ва адаб намудан аз ҳалокат дӯр сохт. Амири муминон (а), дар ин бора фармудааст:

«Ӯ табибе буд, ки ба василаи тибб ва муолиҷаи хеш барои беҳбуди бемориҳои кушанда ва бемориҳои гуногун дар миёни мардум ҳамвора гардиш мекард, ва марҳамҳояшро ба хубӣ омода сохта ва абзорҳоро омода карда буд. Онро ба ҳангоми ҳоҷат бар дилҳое мениҳод, ки [аз дидани ҳақиқат] нобино буд ва гӯшҳое, ки [бар шунидани ҳаққ] ношунаво буд ва забонҳе, ки [дар баёни ҳаққ] гунг буд. Бо доруи худ дилҳоеро меҷуст, ки дар ғафлат ва ҳайрат фурӯ рафта буд».

Эшон, дар тавсифи ҳаракати тарбиятии Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, низ фармудааст:

«Рисолати Парвардигорро чунон расонд, ки барои касе ҷойи узр намонд; Ва уммати худро андарз гуфт ва тарсонд, ва муждаи биҳишташон дод ва ба тарафи он онҳоро хонд».

  Ҳарфи охир; Ташвиқ ё танбеҳ?

Дар канори ташвиқ, танбеҳ кардан низ дар фароҳам кардани бим аз палидиҳо, нақши эминсозона дорад, албатта танбиҳ ба маънои тахриби шахсият ва танбиҳи баданӣ нест, балки тайфи васее аз рафторҳо аз ҷумла; Тағофул, беэътиноӣ, ҷарима, маҳрумсозӣ ва ғ ро дар бар мегирад, ва онҷо, ки роҳе дигар барои бедор кардан ва дармон намудан, вуҷуд надорад, ба кор гирифта мешавад.

Чунонки амири муъминон Алӣ(а), фармуд: «Касе, ки бо хушрафторӣ ислоҳ нашуд, бо хуб кайфар кардан ислоҳ мешавад».

Албатта чӣ ташвиқ ва чӣ танбиҳ, агар бо одоби саҳеҳ анҷом нагирад, натиҷае нахоҳад дошт, балки ба осеб‎ҳои ҷуброннопазири шахсиятӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ мунҷар хоҳад шуд.

Манобеъ:

– Наҳҷулбалоға, номаи, 53, хутбаи.109 ва 108, ҳикмати.177

– Шарҳи Ғурарулҳикам, Хонсори, ҷ 5 , саҳ 457 ва саҳ 249; ҳадиси 3 , саҳ 91

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.