اللهمّ حَبّبْ الیّ فیهِ الإحْسانَ وكَرّهْ الیّ فیهِ الفُسوقَ والعِصْیانَ وحَرّمْ علیّ فیهِ السّخَطَ والنّیرانَ بِعَوْنِكَ یا غیاثَ المُسْتغیثین.
Дуои рӯзи ёздаҳуми моҳи мубораки Рамазон:
Худоё, дар ин рӯз
эҳсону некиро маҳбуби ман гардон
ва фисқу гуноҳро нописанди ман қарор деҳ
ва хашму оташи қаҳратро бар ман ҳаром гардон,
бо ёрии худат, эй фарёдраси фарёдхоҳон!