Хуб аст бидонем

75

Барои доштани зиҳни оромтар ва шахсияти беҳтар дар зиндагӣ роҳҳои фаровон вуҷуд дорад, ба ду масъала ишора мекунем.

Зарурати марзҳои солими зиндагии шахсӣ

Издивоҷ як марз мехоҳад, ки нуфузпазирии он нисбӣ бошад, тавре, ки ба тамоми дӯстону аъзои хонавода иҷозати иртибот диҳад вале дар масоили шахсӣ ва барномаҳои шумо халале ворид нашавад. Албатта ин мавзӯъ дар бораи хешовандони дараҷа як, каме печида мешавад. Инки ба таври мисол дар барномарезӣ барои замони таътилот вақтатонро бо хонаводаи худ хоҳед гузаронд ё хонаводаи ҳамсаратон? Ё шояд барои аввалин бор дар хонаи худтон хоҳед монд? Ё инки чӣ миқдор пушти телефон ва ҳузурӣ бо хонаводатон ҳарф мезанед ва дар бораи ҷузъиёти зиндагиятон иттилоот медиҳед; Аз мавориде аст, ки бо вуҷуди марзҳои солим, роҳаттар таъйин мешавад. Албатта фаромӯш накунед, ки волидайни худро канор нагузоред. Шумо то охир ба ишқу ҳимояти онҳо ниёз доред, аммо марзи байни маҳдудаи робитаи худ бо ҳамсар ва робита бо волидайн дар назар бигиред.

Маҳдудсозии васоили иртиботӣ

Истифодаи ифроти аз телефон, метавонад хушҳолиро аз хонаи шумо дур кунад ва ҳомили таниш бошад. Ҳар чӣ бештар тамосу паём дарёфт кунем, парешонтар мешавем. Фановарӣ марзи байни хона ва муҳити корро аз байн бурдааст. Албатта ин мавзӯъ ба худии худ бад нест ва равоиби иҷтимоии инсонро нишон медиҳад, аммо қарор нест раисатон ҳамеша вақте бо шумо тамос мегирад, хабари хубе ба шумо диҳда ва ташвеқатон кунад ва бигӯяд коре, ки рӯй проект анҷом додӣ, беназир буд. Ин тамос, гоҳе мумкин аст оғози як буҳрон бошад пас бо эҷоди маҳдудият, ин танишҳоро кам кунед: номаҳои электороникии худро фақат як бор дар шаб боз карда аз онҳо бохабар шавед. Агар тамосе муҳим нест, посух додан ба онро ба субҳи фардо бигузоред. Ҳар шаб дар соати хоссе телефону компютери худро хомӯш кунед ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ парҳез кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.