Таҷаммулгароӣ

46

Майлу рағбати одамӣ ба зебоӣ ва ҷамол яке аз хоҳишҳои фитрии башарӣ аст, ва эҳсоси лаззат аз манозири зебо, бо сиришти инсон омехта шудааст. Ба гувоҳии равоншиносон ҳисси зебоӣ яке аз чаҳор буъди рӯҳии инсонӣ аст, ки ба иловаи ҳисси некӣ, ва ҳиси доноӣ ва ҳиси мазҳабӣ абъоди аслии равони одамиро ташкил медиҳанд ва мӯътақиданд тамоми зебоиаҳои адабӣ, шеърӣ, саноеи зарифа ва ҳунар ба маънои воқеӣ ҳама зодаи ин ҳис аст(1).

Ва ба ҳамин ҷиҳат тамоми табақоти мардум ҳатто милал ва ақвоми ваҳшӣ дорои ин эҳсоси табиӣ ҳастанд, ва порае аз сифот дар назарашон зебо ва ҷамил аст ва онро мизони ҷамол ва дилбарӣ медонанд.

Майл ба зебоӣ ва ҷамол як гироиши фитрӣ аст ва ихтисосе ба занон надорад албатта бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошт, ки ҳусну ҷамол худ ба худ парвариш намеёбад ва дар мо билқува мавҷуд аст.(2)

Таҷаммулгароӣ ба маънои гироиш ба таҷаммул ва зебоиҳои маснуӣ аст.

Дар дунёи кунунӣ ва байналмилал ва ақвоми пешрафта масъалаи зебоӣ мавриди камоли таваҷҷуҳ қарор гирифта ва тамоми табақоти мардум ба зебоӣ, ибрози алоқаи шадид мекунанд, ин ҳиси ҷамолдӯстӣ ва зебоӣ писандӣ пайваста рӯ ба фузунӣ аст ва рӯз ба рӯз ташдид мешавад.

Зебоиаҳои сунъӣ ва таҷаммул ва худороӣ низ монанди ҷамолтабӣ мавриди инояти махсуси Қуръони шариф ва ривоёти мазҳабӣ аст, ва авлиёи гиромии Ислом, истифода аз онро ба пайравони худ бисёр тавсия намудаанд. Ҷомаи зебо пӯшидан, мисвок кардан, ба муй шона ва равған задан, хушбу будан ва хулоса худро оростан дар ҳоли ибодат ва дар замони муошират бо мардум, дар масҷид ё дар муҳити хонавода, аз мустаҳаботи муаккад ва ҷузъи барномаи рӯзонаи муслимин аст.(3)

Имом Содиқ(а) мефармояд: Марде ба хонаи Расули Акрам(с) омад ва дархости мулоқот дошт. Мавқеъе, ки ҳазрат хост аз хона барояд, ҷилави зарфи оби бузурге, ки дар дохили ҳуҷра буд истод ва сару либоси худро мураттаб кард, ҳамсараш аз мушоҳидаи ин кор ба аҷаб омад, баъ аз баргаштанаш пурсид чаро дар ҳангоми рафтан мӯйи худро муназзам кардед? Фармуданд: Худованд дӯст дорад, ки вақте мусулмоне барои дидори бародараш меравад худро бисозад ва хештанро барои мулоқоти ӯ биорояд.(4)

Вале бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дар ин роҳ бояд аз зиёдаравӣ ва ифрот дӯрӣ ҷуст. Таваҷҷуҳ ба худороӣ (ё зиндагии таҷаммулӣ) беш аз андоза метавонад маншаи бемории васвос шавад ва рафта-рафта мояи ихтилолоти рӯҳӣ гардад. Таваҷҷуҳи беш аз андоза ба ин амр барои ҷалби таваҷҷуҳи дигарон, мумкин аст боиси пайдоиши хулқи нописанди риёкорӣ ва худписандӣ шавад ва одамиро манфӯр ва мардуди ҷомеа намояд, ва билохира таваҷҷуҳи беш аз андоза ба худороӣ (ё зиндагии таҷаммулӣ) метавонад шахсро аз фаъолиятҳои самарбахши зиндагӣ боз дорад ва умри азиз, ки сармоя саодати башар аст дар роҳҳои ғайри муфид ва гоҳан музир, масраф гардад.

Гарчи ҷамол ва таҷаммул зоҳири одамиро маҳбуб ва дилхоҳи мардум мекунад вале беҳтарин ҷамол, ки шоистаи мақоми башар аст ва ба инсон камоли ҳақиқӣ ва иззати воқеӣ мебахшад, ҷамоли илму ахлоқ ва зебоии сифоти ҳамидаи инсонӣ аст.

Алӣ(а) мефармояд: «Зевари дониш барои инсон, ҷамоле аст, ки пӯшонда намешавад ва насабе аст, ки мавриди ҷафо қарор намегирад» (5)

 

 Манобеъ ва маохиз

1- Тафсири намуна, ҷ6, саҳ.150-151.

2- Инсони ношинохта, саҳ.127 ва Ҷавон аз назари ақлу эҳсосот, ҷ.1, саҳ.31.

3 – Ҷавон аз назари ақлу эҳсосот, ҷ.1, саҳ.38.

4 – Макорми ахлоқ, саҳ.51 ва Ҷавон аз назари ақлу эҳсосот, ҷ.1, саҳ.39.

5 – Ғурарулҳикам, саҳ.54.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.