Ба дил роҳ ёбед

137

Рохёбиро идома дода, мо имрӯз рохро ба сӯи дили занхо мекобем? То чи андоза ин имкон дорад, аз худи мо вобаста аст.

Занхо ташнаи таваччӯх буда, ба мухаббат эхтиёч доранд. Албатта пеш аз хама онхо ба мухаббате, ки романтик бошад эхтиёч доранд. Ва маълум нест, ки барои чи ин тавр асту ба таври дигар не. Дар ин чо саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки ин «сафсатахои романтики»-ро аз кучо пайдо кунем? Хозир замонахо хам дигар шуданду одамхо низ. Мачрои тарбияи гирифтаи мо тамоман дигар шудааст. Аз мо суханхои дилфиребро дарёб кардан амрест махол. Имруз якинан калимаву мафхуми романтизм «дефитсит» шудаанд. Хаминро кайд намудан лозим аст, ки хар як камчини окибати хуб надорад.

Масалан, пештар зарурияти ихтирои дучарха ва зур зада пешонаро чин кардан вучуд надошт. Колабхои номахои ошиконае вучуд доштанд, ки мавзуъхои гуногунро дар бар мегирифтанду аз шумо факат лозим меомад, ки номи шахси лозимиатонро гузоред ва бо хамин ба максад расед. Бар замми ин, хар нафар кушиш мекард дуторнавозиро ниму нимкола аз худ намуда, рубоиву бадехасарои карда, дили хонумеро тасхир намояд.

Лекин имруз хам метавон ягон рохашро пайдо намуд. Нигох кунед! Мо чӣ дорем? Адабиёти кухан, ки бо номи «Адабиёти классики точику форс» дар тамоми чахон махбубият дорад. Дур намеравем Устод Лоик, чи кадар аз барои ошикон захмат кашидааст, ки хар нафар метавонад аз ашъори у гулчинеро пайдо намуда, ба максад мувофик истифода намояд. Ин албатта дар замони мо каме кадру киммати худро гум кардааст, аммо ногуфта намонад, ки занхо аз чониби мардхо шунидани шеъру дубайтихоро хеле хуб меписанданд.

Инчунин, аз хотир набояд баровард, ки жанри мусикӣ низ вучуд дорад. Мумкин аст, баъзе аз шумо дар вакташ дар мактабхои бачагонаи мусикӣ тахсил намуда бошед. Барои хамин хам хуб мешуд агар бахри ӯ аз охангхои эхсосотии ягон хофизе, ки бо хонумон бисёр писанд аст, кушиши навохтан кунед. Ин хатман натичаи хуб хохад дод.

Боз як асрори дигари мухиме хаст, ки мехохам барои шумо ошкор намоям. Кушиш намоед, ки хангоми сӯхбат хар чи бештар номи ӯро ба забон оред, зеро ба занхо шунидани номи худ хело хам хуш аст. Инро албатта аз хотир набароред. Ин агар ба назар оддӣ намояд хам, лекин хеле мухим аст!

Такдим намудани гул. Ин албатта амали нав нест. Баъзехо бо дар даст доштани гулдаста худро дар намуди аблахона эхсос мекунанд, аммо такдим намудани гул хама вакт ва дар хама холат ба шумо натичахои хуб медихад.

Ва дар охир, маслихат хамин, ки бехтараш шумо ба ӯ нома нависед, зеро ба рӯи коғаз овардани фикр, нисбат ба гуфтан осонтар аст.

Хангоми навиштан дар охири нома калимахои зеринро аз хотир набароред: «дилбохтаи шумо, намехохам худамро ба шумо ошкор созам ва ғ». Ин албатта хам романтикӣ мешавад ва хам пурасрор, зеро занхо кунчкобанд. Бигузор нишаста фикр кунад, ки ин шахс кӣ бошад. Хамон кадаре, ки вай фикр кунад, хамон кадар хиссиёташ нисбати шумо бедор мешавад.

Вакт барои шумо кор мекунад, факат хаминаш мемонад, ки аз он истифода намоед, мабодо дер шавад!

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.