Сарватманд аммо фақир[2]

83

Ҳар чизи дандондор

Имом ҳасани Муҷтабо(а): «Бухл, он аст, ки одамӣ, ончиро инфоқ кардааст, барбодрафта бидонад ва ончиро нигаҳ доштааст, [мояи] бузургӣ бишуморад.» (Дурратул боҳира, саҳ.22)

Бахилеро диданд, ки арраашро дар бозор мефурӯшад. Иллаташро пурсиданд. Гуфт: Ҳар чиз, ки дандон дорад, нигоҳдоштани он дар хона зиён дорад.

 

 Дарду дору

Паёмбари Акрам(с) «Ғизои шахси бахшанда, доруст ва ғизои шахси тангназар, дард аст.» (Баҳоруланвор, ҷ.71, саҳ.357)

Нақл аст бхиле дар хоб дид, ки Ҳотами тойӣ ба мардум нон медиҳад. Ба ӯ гуфт: Ту дар дунё исроф мекардӣ, дар охират ҳам исроф мекунӣ?!

 

 Аломат

Имом Содиқ(а) «‏Нодони саховатманд, бартар аз обиди бахил аст.» (Дурратул боҳира, саҳ.30)

Ба бахиле гуфтанд: Мо ба дидани ту меоем ва метарсем, ки аз зиёд нишастани мо нороҳат шавӣ. Аломате таъйин кун, ки вақте онро дидем, биравем. Бахил гуфт: Ҳар вақт гуфтам ғизо биоваранд, шумо биравед.

 

 По ё пояфзол?

Имом Алӣ(а) «Инсонҳои бахшанда, ончунонки аз бухл ва ҳамнишинӣ бо афроди фурӯмоя мегурезанд, аз марг намегурезанд.» (Ғурарулҳикам ва дурарулкалим, ҳадиси.9693)

Нақл аст марде пояфзоли худро бароварда буд ва ба доман гирифта буд, ки мабодо пора шавад ва роҳ мерафт. Ногоҳ хори бузурге бар пояш чунон фурӯ рафт, ки аз онтараф берун омад. Гуфт: Алҳамдулиллоҳ, ки пояфзолам дар поям набуд вагарна сӯрох мешуд!

 

 Лутфи подшоҳ!

Имом Боқир(а) «Паёмбари Худо(с) фармуд: Ҳеҷ чиз монанди бухл, Исломро аз байн намебарад.» (Кофӣ, ҷ.4, саҳ.45, ҳадиси.5)

Шоире дар мадҳи подшоҳи бхил, шеъре хонд. Подшоҳ гуфт: Аз моли худ чизеро ба ту намедиҳам аммо дар иваз, метавони муртакиби ҷинояти бишави то ман аз муҷозотат даргузарам!

 

 Бо як ҷумла

Паёмбари Акрам(с): «Ду хусусият дар муъмин ҷамъ намешавад: бухл ва бадгумонӣ ба рӯзӣ». (Аъломуддин, саҳ.294)

Бахиле хонае харид. Вақте ба онҷо рафт, дарвеше омад ва чизе хост. Бахил гуфт: Худо бирасонад. Дарвешони дигар низ омаданд ва марди бахил ба ҳамаи онҳо ҳаминро мегуфт. Рӯзе бахил ба духтараш гуфт: Гадоёни зиёде ба дари ин хона меоянд. Духтар гуфт: Падар шумо, ки бо як калима ҳамаро бармегардонӣ, камузиёдаш чӣ фирқе мекунад?!

 

 Кушоиш баъд аз сахтӣ

Паёмбари Акрам(с): «Эй Абузр! бар умри худ, тангназартар (ҳаристар) бош то бар дирҳаму динорат.» (Амолӣ, саҳ.527, ҳадиси.1162)

Аз яке аз бахилон пурсиданд: Фараҷ (кушоиш) баъд аз шиддат чист? Гуфт: инки барои одам меҳмон бирасад ва узр биовард, ки рӯзаам!

 

 Мадҳ то марсия

Имом Содиқ(а): «Худованд фармуда: Бахил, касе аст, ки аз салом кардан, бухл варзад.» (Кофӣ, ҷ.2, саҳ.645, ҳадиси.6)

Шоире дар ситоиши бахиле қасидае гуфт ва барояш хонд, аммо бахил ҳеҷ силае (ҳадия) ба ӯ надод. Шоир як ҳафта сабр кард, сипас шеъре дар мавриди «тақозо» хонд. Бахил таваҷҷуҳ накард. Баъд аз чанд рӯз, ҳаҷви бахилро гуфт. Боз бахил ба рӯйи худаш наовард. Ин бор бар дари хонаи бахил нишаст. Бахил берун омад ва дид шоир бо хаёли осуда нишастааст, гуфт: Эй беҳаё! ситоиш гуфтӣ, ҳеҷчиз ба ту надодам. Тақозо хондӣ, таваҷҷуҳ накардам. Ҳаҷв кардӣ, ба рӯйи худам нёвардам. Дигар ба чӣ умеде дар инҷо нишастаи? Гуфт: ба умеди онки бимирӣ ва бароият марсия бигӯям!

 

 Ниёзмандтар  

Имом Алӣ(а): «Бахили тавонгар, аз туҳидасти саховатманд, ниёзмандтар аст.» (Мавоизул ададия, саҳ.57)

Шахсе аз бхиле пурсид: чӣ вақт дар сабр ва бурдборӣ саромад ҳастам? Бахил гуфт: Вақте ки касе нони туро бишиканад ва ту сарашро нашиканӣ.

 

 Таб кардан

Имом Ризо(а): «Бухл, обрӯро бар бод медиҳад.» (Назҳатуннозир, ҳадиси.448)

Шахсе мехост ба хонаи яке аз ошноёнаш, ки ба бахилӣ машҳур буд, биравад. Гуфтанд: ошнои ту бемор аст ва бояд таб кунад ва арақ кунад то хуб бишавад.

Гуфт: биравед ва меҳмони ӯ шавед ва аз ғизояш бихӯред то аз ваҳшат таб кунад ва ҳолаш хуб бишавад.

 

 Ду ракъат намоз!

Имом Алӣ(а): «Бухл, гирдоварндаи хислати зишт аст. Он, лаҷоме аст, ки бо он [шахс] ба сӯи ҳар бадие кашонда мешавад.» (Наҳҷулбалоға, ҳикмати.378)

Шахсе бхилеро гуфт: Сабаб чист, ки ҳатто як мартаба маро меҳмон накардаӣ? Бахил гуфт: Барои онки аз қувваи иштиҳои ту бохабарам, ки ҳанӯз луқмае ба даҳонат нарсида, луқмаи дигар бармедорӣ!

Гуфт: Ту маро меҳмон кун, шарт мекунам, ки дар миёни ҳар ду луқма, ду ракъат намоз ба ҷо оварам!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.