Анвои тарс

36

Анвои тарс

Ҳарчи эҳсос эминиро дар инсон бар ҳам бизанд, метавонад як иллат барои тарс ба ҳисоб ояд. Бар ин асос, метавон тарсҳоро ингуна тақсим кард:

  1. Тарсҳои абзорӣ

Тарсҳое ҳастанд, ки аз сӯи соҳибони қудрат ҳамчун волидайн, муаллимон, мудирон ва сиёсатмадорон барои контроли афроди таҳти нуфузашон ва ё таъмини ҳадафе, ки дар иртибот бо онҳост, мавриди истифода қарор мегирад.

  1. Тарсҳои мавқеиятӣ

Тарс ба далел қарор гирифтан дар мавқеиятҳои ҳароснок ҳамчун тарс ҳангом шунидани садои баланд ё мувоҷеҳа бо ҳайвоне ҳамчун саг. Дар ин маворид, асли тарс дар инсону кӯдак табиӣ аст.

  1. Тарсҳои тақлидӣ

Кӯдак аз волидайн ва рафторҳои онҳо беш аз ончи худашон мепиндоранд, таъсир мепазирад; модаре, ки бо дидани як таракан ларза бар андомаш меафтад, наметавонд барои фарзанди худ улгуи шуҷоату қудрат бошад! ёдамон бошад мумкин аст модар фақат аз таракан битарсад, вале кӯдак ин тарсро дар масоили дигар низ ҷорӣ карда ва дар оянда барои зиндагии шахсиаш мушкилоти фаровоне ба вуҷуд меояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.