Роҳи муқобила бо васвоси фикрӣ чист?

62

Савол:

Ман ҳудуди 5 соли пеш ба ҳаҷ шарафёб шуда ва дар ҳоле, ки аз ҷиҳати мазҳабӣ дар дараҷаи хубе нисбати ҳамсинну солҳои худам будам, масалан мусаллаттар ба аҳком будам, вале билофосила баъд аз аъмол ба шакку тардид нисбат ба аъмолам дучор шудам бо инки ба сеҳати аъмоли худ ҳеҷ шакке надорам ва медонам аъмолро дар замони худ саҳеҳ анҷом додаам, вале дар ин 5 сол пайваста ба зеҳнам меояд, ки боз нашавад фалон амалро саҳеҳ анҷом надода бошам ё тавофам саҳеҳ набудааст, ё намозе, ки хондаам! акнун баъд аз 5 сол мехоҳам ин афкорро аз байн бибарам.

Бо арзи салому ташаккур

Посух:

Ҳамонтавр, ки худтон мутаваҷҷеҳ шудаед, зеҳни шумо дучори як навъ васвоси фикрӣ аст, ки реша дар изтиробу нигарониҳои гузашта дорад. ҳамонтавр, ки гирифтани вузуи фарде, ки захму ҷароҳат дар бадан дорад бо фарде, ки оддӣ аст фарқ дорад, таклифи шумо ҳам аз назари шаръӣ ба далели захми пинҳонӣ ба номи “васвос” аз афроди оддӣ мутафовит аст, бинобарин роҳкорҳои зерро анҷом диҳед:

1- саъй кунед бо варзиш ва ҳаракатҳои баданӣ изтиробу танишро аз бадани худ дур кунед.

2- ҷилави афкоратонро нагиред ва муқовамат накунед ва саъй кунед бо афкоратон канор биёед ва бигӯед, ки ҳамачиз ба шакли оддӣ пеши меравад ва ҳеҷчиз ғайри оддӣ нест.

3- ҳангоми ҳуҷуми афкори васвосгуна ва нигаронкунанда саъй кунед бо тағйири маконӣ ва ё тамаркузёбӣ ва таваҷҷӯҳгардони аз мавзӯи васвосгуна ба мавзӯи дигар аз мондану эҳсоси дармондагии воҷибор ҷилавгирӣ кунед.

4- худро дастбаста фарз накунед ва ба ин афкор аҳамият надиҳед ва саъй кунед амдан ин афкорро ба зеҳни оварда ва ба онҳо бихандед.

5- интизор надошта бошед, ки ба суръат вазъиятатон оддӣ шавад, чун мумкин аст бо анҷоми дақиқи ин роҳкорҳо моҳҳо тӯл бикашад то вазъияти афкори шумо оддӣ шавад.

муваффақ бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.