Издивоҷ[2]

90

Аҳамият ва осори издивоҷ дар ривоёт

Аз маҷмӯи ривоёти ворида аз ноҳияи маъсумин(а) метавон ба аҳамияти издивоҷ пай бурд:

  • Издивоҷ сабаби ҳифзи дини шахси муъмин аст

То ҷое, ки дар ривоёт омадааст ду ракъат намози касе, ки ҳамсар дорад аз 70 ракъат намози афроди муҷаррад беҳтар аст. Олими бузургавор Шаҳиди аввал(рҳ) дар китоби шарифи Лумъа дар бахши никоҳ мефармояд:

[Издивоҷ, мустаҳаби муаккад ва фазилати он мусаллам аст, то онҷо, ки издивоҷкунанда, ниме аз дини худро ҳифз мекунад ва ривоят шуда, ки ду севуми динашро нигаҳ медорад. Никоҳ кардан, азимтарин баҳраҳо аз диндорӣ ва саодат, баъд аз мусулмон шудан аст].

2) Издивоҷ сабаби афзоиши рӯзӣ аст

Расули Худо(с) фармуданд: Издивоҷ рӯзии инсонро бештар мекунад. Ҳамчунин фармуданд: касе, ки аз тарси тангдастӣ издивоҷро тарк кунад аз мо нест ва ба Худо гумони бад бурдааст.[1]

3) Издивоҷ монеъ аз табоҳӣ ва кашида шудан ба фасод аст

Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар бархе ривоёт ба тасриъ дар амри издивоҷ суфориши фаровон шудааст.

4) Издивоҷ боиси азамати ҷаҳони Ислом ва фахри Набии Акрами Ислом аст. Ҳазраташ фармудаанд:

Издивоҷ кунед то насли шумо фузунӣ гирад, ки ман ба фаровонии ҷамъияти шумо ҳатто ба фарзандони сиқт шуда дар қиёмат, дар муқобили дигар уматҳо мубоҳот мекунам.[2]

5) Издивоҷ найл ба оромиш ва сукун

Муҳиммтарин ниёзе, ки бо издивоҷ таъмин мешавад ниёз ба оромиш ва амният аст, ки Худованди мутаол дар сураи Рум / 21 бар ин матлаб ишораи сареҳ доранд.

6) Таъмини ниёзҳои ҷинсӣ

Инсон дорои маҷмӯае аз ниёзҳо ва ғароиз аст, ки адами ирзо ва ё нақс дар ирзои ҳар кадом аз ин ғароиз эҷоди тазалзул дар шахсияти ӯро мӯҷиб мешавад. Яке аз нирумандтарин ғароизи инсон ғаризаи ҷинсӣ аст, ки бо издивоҷ таъмини ин ниёз дар масири табиӣ ва солим қарор мегирад ва зан ва мардро аз инҳироф ва гуноҳ дур медорад. Аз ҳамин рӯ аст, ки Паёмбари Акрам(с) фармуда: Ҳар кас издивоҷ кунад нисфи динашро ҳифз карда, қатъан таъмин шудани ин ниёзи ҷинсӣ, танҳо аз бӯъди модӣ ва ҷисмонӣ матраҳ нест балки фард аз лиҳози равонӣ, зеҳнӣ ва ахлоқӣ низ ба оромиш мерасад. Дар натиҷа фард пас аз издивоҷ метавонад ин ғаризаи муҳимм ҳаётиро ба шеваи матлуб ва маъқул ва иҷтимоъписанд ирзо намояд.

7) Тавлиди мисл ва бақои насл

Масъалаи тавлид ва бақои насли инсон низ аз аҳдофи асосии издивоҷ аст, ки мавриди таваҷҷуҳи вежаи дини Ислом қарор дорад. Тарбияти инсонҳои арзишманд аз самароти бузурги издивоҷи солими динӣ аст.

Вуҷуди фарзандон боиси гармӣ, пӯёӣ ва сафои конуни хонавода ва ангезае барои давоми зиндагӣ ва ҳатто тахфифи даргириҳои зан ва шавҳар хоҳад буд. Лизо дини Ислом вуҷуд фарзанди солеҳро барои падару модар як амали нек ба ҳисоб меоварад, ки дар саодати дунё ва охирати онон муассир хоҳад буд.

8) Такмил ва такомул

Ҳеҷ инсоне ба танҳоӣ комил нест бинобарин ҳамеша дар ҷиҳати ҷуброни нақс ва камбуди хеш талош мекунад. Духтарон ва писарони ҷавон пас аз даврони булуғ ва ҷавонӣ зимни онки дар садади расидан ба истиқлоли фикрӣ ҳастанд барои рафъи навоқиси худ ва таъмини ниёзҳои бешумори хеш ба сӯи издивоҷ ҳаракат дода мешаванд ва бо интихоби ҳамсари шоиста мӯҷиботи рушд ва такомули хешро фароҳам мекунанд.

Ҳангоме ки фард дар конуни як зиндагии муштарак қарор мегирад дар сояи унсу улфат ва муҳаббат ва равобити наздик ва самимона, бештар эҳсоси масъулият карда ва истиқлол меёбад. Зиндагии хешро ҳадафдор мекунад ва аз самароти касбу кор ва талоши худ дар воҳиди хонаводаи навбунёди хеш, баҳра мегирад.

Шаҳид Муттаҳҳарӣ дар ин бора мефармояд:

«Ташкили хонавода яъне як навъ алоқаманд шудан ба сарнавишти дигарон. Издивоҷ аввалин марҳалаи хурӯҷ аз худи табиӣ ва тавсеа пайдо кардани шахсияти инсон аст… Пухтагие, ки дар партави издивоҷ ва ташкили хонавода эҷод мешавад дар ҳеҷ ҷойи дигар наметавон ба он расид ва онро фақат дар издивоҷ ва ташкили хонавода бояд ба даст овард».

Аммо дар мавриди наҳваи зиндагӣ, ки Аҳлубайт (а) дар ин замина бояд улгуи ҳамаи хонаводаҳо махсусан завҷҳои ҷавон қарор бигиранд.

Дар ин бора ба зикри намунае иктифо мекунем:

Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд:

«Ҳеҷгоҳ фотима аз ман нарнҷид ва ӯ низ ҳаргиз маро нарнҷнд ва ӯро ба ҳеҷ коре маҷбӯр накардам ва ӯ низ маро озурда насохт. Дар ҳеҷ амре, қадаме бар хилофи майли ботинии ман бар надошт ва ҳаргоҳ, ки ба рухсорааш назора мекардам, тамоми ғуссаҳоям бартараф мешуд ва дардҳоямро фаромӯш мекардам».

Дар ҷои дигар мефармояд:

«Ба Худо қасам! ҳаргиз коре накардам, ки фотима хашмгин шавад ва ӯ низ ҳеҷгоҳ маро хашмгин накард»[3]

Ҳазрати Фотима(а) дар ибтидои васияти худ ба Амирулмуъминин(а) мегуяд:

«یا ابنَ عَمّّ، ما عَهِدتَنی کاذبةً و لا خائِنةً، ولا خالَفتُک مُنذُ عاشَرتنَی»

[Эй писар аму! ҳеҷгоҳ маро дурӯғгӯ ва хиёнаткор надидӣ ва аз он замон, ки бо ман зиндагӣ кардӣ, бо ту мухолифат накардаам].

Оқо Амирулмуъминин(а) дар посух фармуданд:

«مَعاذَ الله، اَنتِ اَعلَمُ بِاللهِ و اَبَرُّ و اَتقَی وَ اَکرَمُ و اَشَدُّ خَوفاً مِنَ الله مِن اَن اوَبِخُکَ مَخالِفَتی»

Паноҳ мебарам ба Худо, ту олимтар ба Худо ва некӯкортар ва парҳезгортар ва гиромитар ва тарсонтар аз Худои, аз ин, ки ман туро ба нофармонӣ аз худ сарзаниш кунам.[4]

Ҳар чанд касеро тавони ҳамонанд шудан бо он ду бузургаворро нест; Вале метавон зиндагӣ ва наҳваи равобити зан ва шавҳар ва равиши ҳамсардориро бар асоси таълимот ва роҳнамоиҳои он ду бузургавор шакл дод ва ононро ба унвони улгуи амалии хеш интихоб намуд.

9) Оромиш – раҳмат – маваддат:

Дар ояи 21-и сураи муборакаи Рум ба ин нукот ишораи комил дорад.

10) Арзиши бартарии ибодат:

Инсон ба василаи анҷоми издивоҷ арзиши ибодатҳои худро чандин ва чанд баробар мекунад, ки дар ривоёти мавориди фаровоне зикр шудааст.

Имом Боқир(а) фармуданд:

Ду ракъат намозеро, ки шахси мутааҳҳил мехаонад беҳтар аз он аст, ки шахси муҷаррад ва ғайри мутааҳил, ки шабро ба шабзиндадорӣ машғул ва рӯзро рӯзадор бошад.[5]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Дар пешгоҳи Худованди азаваҷал шахси мутааҳҳиле, ки дар хоб бошад беҳтар аст аз шахси муҷарраде, ки рӯзро ба рӯзадорӣ ва шабро ба ибодат ва шабзиндадорӣ машғул буда бошад.

Имом Содиқ(а) фармуданд:

Ду ракъат намозеро, ки шахси мутааҳҳил мехонад беҳтар аст аз ҳафтод ракъат намозе, ки шахси муҷаррад мехонад.[6]

11) Истиғфори фариштагон:

Аз Имом Содиқ(а) нақл аст:

Шахсе, ки издивоҷ мекунад, сипас ғусли ҷанобатро ба ҷо меоварад. Худои таборак ва таоло аз ҳар қатраи обе, ки аз ӯ мечакад ҳафтод малак меофаринад ва он малоик барои ӯ то рӯзи қиёмат истиғфор мекунанд.[7]

12) Амон аз макр ва фиреби шайтон:

Паёмбари Акрам(с) дар ҳадисе ба ин мазмун фармуд:

Шайтон барои фиреби мардони порсо, силоҳи бурандатар ва коротар аз занони бад надорад. Ў ба василаи онҳо мардони солеҳро фиреб медиҳад магар он мардоне, ки издивоҷ карда бошанд. Онон пок буда ва аз гуноҳ ва бадӣ дӯр мебошанд.[8]

13) Баракат:

Паёмбари Акрам(с) ба марде фармуд:

Издивоҷ кун. Ба дурустӣ, ки издивоҷ мояи баракат буда ва боиси фузунии покдоманӣ мегардад.[9]

14) Ҳифзи чашм аз нигоҳи гуноҳолуд:

Паёмбар(с) фармуданд:

Издивоҷ боиси худдорӣ аз нигоҳи гуноҳолуд мегардад.[10]

15) Покӣ ва таҳорат:

Паёмбари Акрам(с) фармуд:

Шахсе, ки дӯст дорад дар ҳоле, ки пок ва муназзаҳ аст Худоро мулоқот кунад, пас бар ӯ лозим аст, ки издивоҷ намояд.[11]

16) Хушхулқӣ:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Издивоҷ кунед, ба дурустӣ ки Худо ба сабаби издивоҷ боиси хушхулқӣ ва тавсеа дар ризқ ва рӯзии шумо мегардад.[12]

17) Дуруд ва салавоти Худои Аззаваҷал:

Марде ба назди Имом Боқир(а) омада ва бо он ҳазрат дар мавриди издивоҷ бо зани муъмин ва покдомне машварат намуд. Дар ҳоле, ки он зан моли фаровоне дошта, ва фақат ба хотири итоат аз фармони Худои аззаваҷалла ва эҳёи суннати Паёмбари Акрам(с) тан ба издивоҷ дода буд. Имом Боқир(а) фармуданд:

Издивоҷ кун. Дуруд ва салавоти Худованд бар шумо ду завҷ бод.[13]

18) Саломатии ҷисмӣ:

Шахсе назди Имом Содиқ(а) омада ва аз маризии худ шиква ва гилоя намуд. Ҳазрат ба ӯ фармуд: Оё издивоҷ кардаӣ? Оё бо ҳамсари худ шӯхӣ ва ханда мекунӣ? Он мард гуфт: На. Ҳазрати Имом Содиқ(а) ба ӯ фармуд: Издивоҷ кун то маризии ту бартараф гардад.[14]

Имом Содиқ(а) ба ин мазмун фармуд:

Издивоҷ намудан бо духтари зебо мӯҷиби қатъи маризии балғам мегардад.[15]

19) Фарзанддор шудан:

Дар ривоят аст, ки рӯзе ҳазрати Сулаймон(а) шоҳиди гуфтугӯи ду гунҷишк буд. Гунҷишки нар ба модаи худ мегуфт: Назди ман биё то бо ту наздикӣ кунам. Зеро чӣ басо мумкин аст Худои мутаол фарзанде ба мо ато фармояд ва он фарзанд, Худоро ёд кунад. Зеро ҳар дуи мо пир шудаем. Ҳазрати Сулаймон(а) аз шунидани ин гуфтугӯ бисёр мутааҷҷиб шуда ва фармуд: Арзиши нияти ин гунҷишк аз тамоми мулку мамликати ман бештар аст.[16]

20) Нидои осмонӣ:

Ҳазрати Имом Содиқ(а) фармуданд:

Ҳангоме ки зан ва марди бо имоне барои амри издивоҷ канори ҳам менишинанд, дар ин ҳангом мунодӣ аз осмон нидо медиҳад, кӣ: Худои мутаол ин дуро ба издивоҷи ҳам даровардааст.[17]

21) Насими биҳишт дар дунё:

Марде назди Имом Содиқ(а) омада ва ба эшон арза дошт: Ҳангоме, ки мо аз маводи марғуб ва некӯе ғизоеро таҳия мекунем, чаро дар мавқеи хӯрдани он таом, бу ва маззаи ғизои арӯсиро дар он таом намеёбем ва онро эҳсос намекунем?

Ҳазрати Имом Содиқ(а) дар ҷавоби ин мард фармуд:

Ғизое, ки барои арӯсӣ таҳия мешавад роиҳае аз биҳишт ба он ғизо бахшида мешавад. Чун он ғизо ба хотири анҷоми амали ҳалоле таҳия шудааст.[18]

Дар ривояти дигар ҳаст,кӣ:

Марде ба назди ҳазрати Имом Содиқ(а) омада ва ба эшон арза дошт: Дар ғизои арӯсӣ роиҳаи махсусе истишмом мекунем, ки дар ғизоҳои дигар онро намеёбем. Иллати он чист?

Ҳазрати Имом Содиқ(а) фармуданд:

Ҳангоме, ки барои арӯсӣ шутуре наҳр ва ё гов ва гӯсфанде зибҳ мегардад ва ғизое аз он таҳия мегардад, Худои мутаол малакеро ба замин мефиристад, ки ба ҳамроҳи ӯ миқдоре аз мушки биҳишт мебошад. Малак он мушкро бо он ғизо махлут месозад ва ин роиҳае, ки аз он ғизо истишмом мешавад ба ҷиҳати он мушк аст.[19]

[1] . Васоилушшиа, ҷ 3, с 5.

[2] . Мустадракулвасоил, ҷ 14, с 153, ҳадиси 1.

[3] . Биҳоруланвор, ҷ 43, с 60 ва 123.

[4] . Бҳоролонвор, ҷ 43, с 191.

[5] . Усули кофӣ, ҷ 5, с 329

[6] . Ман лояҳзурҳулфақиҳ, ҷ 5, с 329.

[7] . Рисолаи Шайх Муфид, с 9.

[8] . Мустадракулвасоил, ҷ 14, с 159.

[9] . Ҷомеулахбор, с 274.

[10] . Ман лояҳзурҳулфақиҳ, ҷ 3, с 243.

[11] . Равзатулвоизин, ҷ 2, с 275.

[12] . Даоимул Ислом, ҷ2, с 169.

[13] . Усули кофӣ, ҷ 5, с 465.

[14] . Усули кофӣ, ҷ 5, с 336.

[15] . ҳамон

[16] . Баҳоруланвор, ҷ 14,с 94 ва Қасасуланбиё, Ҷазоирӣ, с 418.

[17] . Даоимул Ислом, с 191.

[18] . Усули кофӣ, ҷ 6, с 282.

[19] . ҳамон

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.