Табъиз сангинтар аз фақр аст

56

Табъиз байни мардум сангинтар аз фақр аст

Яке аз намунаҳои фасод табъиз аст. Табъиз; Яъне ба ҷои дар назар гирифтани қобилиятҳо, ба ҷои дар назар гирифтани истеҳқоқ, ба ҷои дар назар гирифтани Худо ва қонун, робитаҳо дар назар гирифта шавад. Яъне ҳоким вазифаро ба касе бидиҳад, ки ба у наздик аст ҳар чанд лаёқати он вазифаро надошта бошад.

Яке аз ҷанбаҳои ошкор дар симои ҳукумати Имом Алӣ (а) баробарии ҳамагон дар баробари қонун ва лузум истифода ва баҳрамандии мусови (баробар)-и ҳамагон аз сармояҳои миллӣ аст. Дар низоми адли Алӣ(а) ҳеҷ як аз масъулини олирутба ҳақ надоранд, ки барои худ имтиёзот (ҳақ)-и махсус қоил шаванд.

Авомили инҳитот ва ақибмондагӣ се чиз аст: Фақр, фасод ва табъиз. Агар бо инҳо мубориза шавад, ислоҳот ба маънои ҳақиқӣ, таҳаққуқ пайдо хоҳад кард. Беш аз ҳама табъиз аст, ки мардумро ранҷ медиҳад.

 

 Давоми давлатҳо вобаста ба адолатгустарӣ аст

Адолат нуқта муқобили зулм аст, нуқта муқобили табъиз аст ва ба иборати дигар; Афроди башар дар дунё ба ҳасби хилқати худашон ва ба ҳасби фаъолиятҳое, ки мекунанд ва истеъдодҳое, ки аз худ нишон медиҳанд, истеҳқоқҳое пайдо мекунанд.

Адолат иборат аст аз инки он истеҳқоқ ва он ҳаққе, ки ҳар башаре ба мӯҷиби хилқати худаш ва ба мӯҷиби кор ва фаъолияти худаш ба даст овардааст, ба ӯ дода шавад. Нуқта муқобили зулм аст, ки ончиро, ки фард истеҳқоқ дорад ба ӯ надиҳанд ва аз ӯ бигиранд ва нуқта муқобили табъиз аст, ки ду фард, ки дар шароити мусовӣ (баробар) қарор доранд, як ҷойгоҳро аз яке дареғ бидоранд ва аз дигаре дареғ надоранд.

Аз дидгоҳи Имом Алӣ (а), яке аз маонӣ, ки барои адл ва адолат доранд иборат аст аз; «Ҳақдор будани ҳар фард нисбат ба ҳаққе, ки ба таври машрӯъ дорад», мебошад. Имом Алӣ (а) иҳқоқ ҳуқуқи мардумро (расидани ҳақ ба ҳақдорро) як равияи одилона ва аз вазоифи ҳокими исломӣ медонад ва дар ин робита мефармояд: «Заифтарин афрод назди ман азиз аст то ҳаққи ӯро боз гардонам ва фарди қавӣ дар назди ман паст ва нотавон аст то ҳаққи мазлумро аз ӯ биситонам.» (1)

 

 Шурӯи ҳукумати Алӣ ҳамагонро ба тааҷҷуб даровард

Шеваи адли Алӣ (алайҳиссалом) дар ибтидои ҳукуматаш ҳамагонро ба тааҷҷуб доровард, чун тамоми амвол ва сарватҳои калонеро, ки аз сӯи хулафои пеш аз ӯ ба ашхос бахшиш ва ато шуда буд ба таври куллӣ мусодира кард. Ин яке аз муҳимтарин ва сареҳтарин равишҳои инқилобӣ ва адолатхоҳонаи он ҳазрат буд, ки ба мазоқи хелеҳо хушоянд набуд. Зеро бо манофеъ ва сарватҳои бод овардаи онҳо комилан зид буд.

Бар ин асос буд, ки имом дар дувумин рӯзи ҳукумати худ ва дар аввалин суханронӣ, баъд аз байъати мардум аз баробарии ҳуқуқ сухан мегӯянд ва муҳоҷирин ва ансорро бо мусулмононе, ки баъди онҳо имон аварда буданд ва ҳатто нав мусулмон шудаҳо дар ҳуқуқ ва ҳудуд баробар дониста ва мефармоянд: “Мол аз они Худованд аст ва байни шумо ба баробарӣ тақсим мешавад ҳеҷ кас дар ин тақсим бар дигарон бартарӣ ва болоӣ надорад ва барои муттақин дар рӯзи қиёмат беҳтарин аҷр ва савоб хоҳад буд. Худованд дунёро аҷр ва савоби муттақин қарор надод.”(2)

Имом Алӣ (алайҳиссалом) бар ин дидгоҳ пофишорӣ мекард, ки масъалаи иҳқоқи ҳаққ  (расидани ҳақ ба ҳақдор) ва адолат бо гузашти замон, кӯҳна намешавад ва бояд онро дар ҳар замоне пурра талаб намуд.

Ин ҳаракати имом аз ҳамон рӯзи аввал муқаддимаи носозгориҳои касонеро фароҳам овард, ки ба бартариҳо ва худбузургбиниҳои шахсии хеш ху гирифта буданд. Инон назди имом меомаданд ва бо ҷасорат мегуфтанд мо бузургони қавм ҳастем ва имом дар посух мефармуданд: “Залил назди ман азиз аст то ҳаққи ӯро аз золим бигирам ва қавӣ назди ман заиф аст то ҳаққи мазлумро аз ӯ биситонам.” (3) Имом Алӣ (алайҳиссалом) бар ин дидгоҳ пофишорӣ мекард, ки масъалаи иҳқоқи ҳаққ  (расидани ҳақ ба ҳақдор) ва адолат бо гузашти замон, кӯҳна намешавад ва бояд онро дар ҳар замоне пурра талаб намуд.

 

 Ҳаққи мардум бар ҳоким

Имом Алӣ (а) бар ин бовар буд, ки ҳаққи мардум бар волӣ (ҳоким) иборат аз ин, ки ҳоким амволи умумиро ба масрафи мардум бирасонад ва дар таълим ва таъдиб ва хайрхоҳии мардум талош кунад ва дар асари фазл ва ифтихоре, ки ба он ноил шуда рафторашро бо мардум тағйир надиҳад, балки раъфаташ (меҳрубониаш) ба онон зиёд шавад(4) ва ҳукуматро амонате бидонад, ки дар дасти ӯ аст ва бидонад, ки Худованд аз ӯ риоят ва ҳифзи ҳуқуқи мардумро мехоҳад ва ӯ набояд ба истибдод ва мутобиқи майл байни мардум рафтор кунад. (5)

Амирулмуъминин Алӣ (а) дар номае ба Молики Аштари нахаӣ ӯро аз муқаддам доштани худ дар умуре, ки мардум дар он мусовианд парҳез медиҳад ва мефармоянд: “Меҳрубонӣ ба раият ва дӯст доштани онон ва лутф дар ҳаққи эшонро шиори дилу ҷони худ соз, ва чун дарандае мабош, ки хӯрданашонро ғанимат шумурӣ, зеро онҳо ду дастаанд ё бародарони дини туанд ва ё дар офариниш бо ту яксонанд… ба хатои онҳо нигоҳ макун ва аз гуноҳашон даргузар, ҳамонгуна, ки дӯст дорӣ Худованд низ туро шомили афв ва бахшоиши худ кунад… ман аз Расули Худо борҳо шунидаам, ки гуфт: Пок ва ороста нест, уммате, ки дар он уммат зердаст натавонад бе лукнати забон ҳаққашро аз қавидаст биситонад.” (6)

 Риояти мусовот (баробарӣ) ва нафйи ҳар гуна табъиз

Имом Алӣ (а) дар риояти мусовот (баробарӣ) ва нафйи ҳар гуна табъиз ба зимомдори зердасти худ чунин тавсия менамояд: “Амо баъд, ту аз онони, ки дар ёрии дин пуштибониашонро хоҳонам, ва худситоии гунаҳкорро ба онон мехобонам, ва рахнаи марзеро, ки биме аз он аст ба онҳо бастан тавонам. Пас дар ончи туро муҳим менамояд аз Худо ёрӣ ҷуй, ва дуруштиро ба андак нармӣ биёмез, ва онҷо, ки меҳрубонӣ бояд роҳи меҳрубонӣ пеш гир, ва ҷое, ки ҷуз дуруштӣ ба кор наёяд дуруштӣ пеш гир, ва баробари раият (мардуми одӣ) фурӯтан бош, ва ононро бо кушода‏руӣ ва нармхуӣ бипазир, ва бо ҳамагон яксон рафтор кун, гоҳе, ки гӯшаи чашм ба онон афканӣ ё хираа‏шон нигоҳ кунӣ, ё якеро ба ишорат хонӣ, ё ба яке таҳаияте расонӣ, то бузургон дар ту тамаи ситам бар нотавон набанданд, ва нотавонон аз адолат маъюс нагарданд.”(7)

Аз Расули Худо борҳо шунидаам, ки гуфт: Пок ва ороста нест, уммате, ки дар он уммат зердаст натавонад бе лукнати забон ҳаққашро аз қавидаст биситонад.

Фаромӯш накунем, ки авомили инҳитот ва ақиб мондагӣ се чиз аст: Фақру фасод ва табъиз. Агар бо инҳо мубориза шавад, ислоҳот ба маънои ҳақиқӣ, таҳаққуқ пайдо хоҳад кард. Беш аз ҳама табъиз аст, ки мардумро ранҷ медиҳад.

Бар ин асос аст , ки метавон гуфт, ки дидгоҳҳои Имом Алӣ ибни Абитолиб(а), ки мизони воқеии фикр ва амали инсонҳост, ва дар воқеъ метавонад ба унвони шохистарин улгуи адолат ва робитаи одилонаи давлат бо миллат бошад. Чӣ барои онон, ки Алӣ(а)-ро ба унвони имоми маъсум ва олимтар ва одилтари мардум, баъд аз Расулаллоҳ(с) медонанд, ва чӣ барои онон, ки вайро аз дидгоҳи як инсони комил ва ворастаа ва халифаи одил, нигариста ва режими ҳукумати вайро одилонатарин рижими таърихи Ислом, пазируфтаанд, ки ҳатто нозирон ва нависандагони ғайри мусулмон, чи аз масеҳӣ ва ғайра натавонистаанд аз фазоили эшон чашмпӯшӣ кунанд.

 

Пайнавишт:

1- Наҳҷулбалоға; Хутбаи.37

2- Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид, саҳ.27

3- Китоби Савтул адолатил инсония, навиштаи Ҷорҷ Ҷурдоқ

4- Наҳҷулбалоға, номаи 5

5- ҳамон одрес

6- Наҳҷулбалоғаи, Шаҳидӣ, саҳ 326.

7- Наҳҷулбалоғаи, Шаҳидӣ, саҳ 320.

8- Наҳҷулбалоға, номаи 41

 

Манобеъ:

– мақола “Адолти алавӣ аз дидгоҳи Наҳҷулбалоға”; Ба қалами Муҳаммадризо Ғуломӣ, ки дар шумораи 7092 рӯзномаи рисолат мунташир шудааст.

– Баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ, ки дар шумораи 23 маҷалла Тӯбо мунташир шудааст.

– мақола “Имом Алӣ (а) ақлоният ва ҳукумат” ба қалами Алиасғар Айнулқуззот.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.