Таъсири бади ахбори дурӯғу сохтагӣ дар кӯдакон

55

Нашри ахбори сохтагӣ ва дурӯғин метавонад ба эҳсоси саломату эътимод дар кӯдакон осеб бирасонад.

Гурӯҳи таҳқиқотии саводомӯзии намояндагони Англис мегӯянд шавоҳид нишон медиҳанд ахбори ҷаълӣ ва сохтагӣ боиси эҷоди ҳисси изтироб дар кӯдакон ва осеби шаҳсиятӣ дар онҳо мешавад.

Таҳқиқи гузоришии идораи саводомӯзии миллии ин кишвар ба беш аз 2000 кӯдаки аҳ 8 то 16 солаи Англис ба ин шакл анҷом ёфт, ки ду хабари сохтагӣ ва дурӯғ буд ва аз онҳо хоста шуд то ахбори воқеӣ ва ахбори сохтагиро мушаххас кунанд. Танҳо ду дарсад аз ин кӯдакон муваффақ ба таъйини ахбори воқеӣ ва сохтагӣ шуданд.

Тақрибан ними аз ин кӯдакон дар таъйини ахбори воқеӣ ва сохтагӣ нотавон буда ва натавонистанд назари асосии худро эълом кунанд. Ҳамчунин тақрибан ду севвуми аз онон эълом карданд, ки ахбори сохтагӣ боис шудааст то онҳо эътимоди худро нисбати ахбор аз даст бедиҳанд.

Ин натоиҷ нишондиҳанда камбуди хатарноки маҳоратҳои саводомӯзӣ дар кӯдакон ва ҷавонон барои ҳаракат дар дунёи технология ва ташхиси ахбори сохтагӣ аст.

Бар асоси назарсанҷии суратгирифта дар миёни ин кӯдакон телевизион ҳануз маҳбубтарин манбаи ахбор барои онон аст ба тавре, ки се чаҳорум аз онон ахбори телевизионро тамошо карда ва дар ин байн 80 дарсад ба ахбори он эътимод доранд. Боз қариби ними аз ин кӯдакон ба ахбори радио гӯш дода ва аз байни онҳо 75 дарсад ба ахбори он эътимод доранд.

Бо ин вуҷуд ҳудуди ними аз донишомӯзони миёна эълом карданд, ки ахборро аз тариқи расонаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунанд ва ҳудуди як чаҳорум аз онҳо ба матолиби ин расонаҳо эътиқод доранд.

Бар ин асос тамоми инҳо ба эҷоди фарҳанги тарс ва набуди итминону боварӣ дар байни ҷавонон сабаб мешавад. Ин гузориш нишон медиҳад кӯдаконе, ки маҳоратҳои саводомӯзии заифтар доранд, ки ағлаб шомили писарон мешавад ва афроде, ки таҷрибаҳои маҳрумият доранд камтар қодир ба ташхиси ахбори соҳтагӣ ҳастанд.

Ин гузориш илова бар инки як масъала ва хатари асосӣ дар мавриди ахбори сохтагӣ барои кӯдаконро ёдоварӣ мекунад, дар он ҳаққи ирсоли ахбори дақиқ аз расонаҳои қобили эътимодро тақозо мекунад ва хоҳони талошҳои бештар барои тақвияти маҳоратҳои саводомӯзии кӯдакон аз ҷиҳати манбаъҳо ва китобҳои дарсӣ ва тақвияти дарки кӯдакон аз чигунагии тавлиди ахбор шудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.