Бемориҳои баҳорӣ дар камини кӯдакон

189

Мутахассиси бемориҳои кӯдакон мегӯяд; бо омадан фасли баҳор ҳама чиз наву зебо мешавад ва ба ҳамин далел хеле аз афрод ва ба хусус кӯдакон дӯст доранд вақт худро бештар дар хориҷ аз хона бигузаронанд, аммо дар ин миён вуҷуди ҳавои нопойдор ва ҳассосиятҳои фаслӣ ва ҳаминтавр меваҳои навбарона мумкин аст мушкилоте барои кӯдакон эҷод кунад. Бо доктор Алирзо Нотиқиён, мутахассис дар заминаи бемориҳои кӯдакон дар мавриди чигунагии муроқибат аз кӯдакон дар фасли баҳор гуфтугӯ шудааст.

Бо оғози фасли баҳор чӣ навъ бемориҳо бештар ривоҷ пайдо мекунад?

Бо омадан фасли баҳор иттифоқоти зиёде дар зиндагии кӯдакон меафтад. Хеле аз кӯдакон дӯст доранд дар ин фасл аз хона берун рафта ва бозӣ кунанд ва ба ҳамин далел мумкин аст зиёд арақ карда ва баъд аз бозӣ муқобили панҷара бинишинанд ва дучори сармохӯрдагӣ шаванд. Аз сӯи дигар, гардаи гулҳо метавонад дар кӯдакон ҳассосият эҷод кунад, ки бо нишонаҳое монанди сахтӣ дар нафас кашидан, обрезӣ аз чашму бинӣ, сурхии чашм ва… ҳамроҳ аст, аммо ба таври куллӣ бемориҳои фаслии шоеъ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд; Уфунатҳои танаффусӣ ва уфунатҳои гуворишӣ ва дарунӣ.

Дар бораи бемориҳои дигаре, ки падару модар бояд ба он таваҷҷӯҳ дошта бошанд тавзеҳ медиҳед?

Дар ин фасл мумкин аст кӯдакон дучори масмумияти ғизоӣ шаванд. Ба ҳамин далел исҳол дар ин фасл байни кӯдакон ба шиддат ривоҷ дорад ва падару модар бояд муроқиб бошанд кӯдаконашон ҳатман ғизоҳои муносиб ва меваҳои зиддиуфунишуда бихӯранд то дучори масмумияти ғизоӣ нашаванд.

Дар фасли баҳор уфунатҳо бештар аз чӣ роҳе ба кӯдакон мунтақил мешавад?

Бештар аз роҳи диду боздидҳо, бозии бачаҳо дар мадраса ва ҳаминтавр пӯшиши номуносиби онҳо. Ин омилҳо аз роҳҳои интиқоли уфунатҳо ва ба хусус уфунатҳои интиқолӣ ҳастанд.

масъалае, ки дар ин фасл бисёр шоеъ аст ва худатон ҳам ба он ишора кардед, ҳассосияти фаслӣ аст. Читавр метавон ҳассосияти фаслиро аз сармохӯрдагӣ ташхис дод?

Ин масъала ҳатто гоҳе барои худи пизишкон ҳам душвор аст, аммо маъмулан нишонаҳои ҳассосият шомили хориши чашм, хориши биниӣ, қирмизии чашм, хориши гулӯ ва… аст. Аз тарафи дигар, таровишҳои бинии фарде, ки ҳассосият дорад, беранг ва доимӣ аст дар ҳоле, ки ранги таровишҳои бинии касе, ки сармохӯрдааст баъд аз 2руз ба ҳолати оддӣ бармегардад ва сурфааш кӯтоҳмуддат аст.

Фарқи ҳассосияти фаслӣ бо доимӣ чист?

ҳамонтавр, ки ишора кардам аз аломатҳои шоеъ дар ҳассосият метавон ба сурфа ва обрезии бинӣ, шаффофу бидуни часпандагӣ, гирифтагии биниӣ, хориши гӯшу бинӣ, чашм ва гулӯдард ва сурфа ҳамроҳ бо хилт, ки имкон дорад шиддати сурфаҳо дар шаб ва вақти субҳ бештар шавад, ишора кард. Маъмулан дар ҳассоситҳои доими яъне ҳассоситҳое, ки рабте ба фасл хоссе аз сол надорад, кӯдакон бештар дучор гирифтагӣ бинии мешаванд. Маъмулан дар ин ҳолат тавровишҳо ба сурати хилт, дар гулӯ ва бинӣ ҷамъ мешаванд ва дар охир аз роҳи бинӣ ва даҳон хориҷ мешаванд. Барои ҷилавгирӣ аз гирифтагии биниӣ, қатраҳои бинӣ тавсия мешавад. Дар ҳассосиятҳои доимӣ, обрезии чашм ва сурфа вуҷуд дорад, аммо на ба андозаи ҳассосиятҳои фаслӣ. Лозим ба зикр аст, ки шиддати ҳассосият дар кӯдакон бо якдигар мутафовит аст.

Хеле аз кӯдакон дӯст доранд аз меваҳои навбарона истифода кунанд. Читавр метавон ба онҳо омӯзиш дод, ки аз меваҳо ба дурустӣ истифода кунанд то мушкиле бароишон эҷод нашавад?

Ин масъала танҳо бо омӯзиш бартараф намешавад. Хеле аз мо дӯст дорем дар оғози ҳар фасл аз меваҳои он истифода кунем ва ба истилоҳ навбарона кунем. Аммо беҳтар аст дар аввал кӯдакон аз меваҳои зиддиуфунишуда истифода кунанд ё лоақал ин меваҳо аз ҷои мутмаин таҳия шаванд то бо хаёли осудатар битавон аз онҳо истифода кард.

Агар кӯдак сурфа ва обрезии шадиди бинӣ дошт чӣ кунем?

Агар сурфа ва обрезии бинӣ ба ҳадде шадид аст, ки кӯдакро азият мекунад бояд бо тавсия ва таҷвизи пизишк аз доруҳо кӯмак гирифт. Боз агар собиқаи бемориҳои дигар дар хонавода ё нишонаҳои он дар кӯдак вуҷуд дошта бошад ҳатман бояд ба пизишки мутахассис муроҷиа карда ва бо ӯ машварат кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.