Қарз додан ба муъмин

124

Мурод аз қарз додан ба Худованд дар ин оёт,

Дар Қуръон, оёти зиёде вуҷуд дорад, ки дар он‏ҳо калимаи қарз ба кор рафтааст:

Кист, ки ба Худо қарзулҳасанае диҳад, то онро барои ӯ чандин баробар кунад.(1)

Ва намозро бар по доред ва закот бипардозед ва ба Худо қарз диҳед; Қарзи некӯ.(2)

Агар ба Худо қарзулҳасана диҳед, онро барои шумо музоаф ме‏созад ва шуморо ме‏бахшад ва Худованд шукркунанда ва бурдбор аст. ((3

Кист, ки ба Худованд қарзулҳасанае диҳад, то онро барои ӯ биафзояд ва барои қарздиҳанда подоши бузург аст. (4)

Мардон ва занони инфоқкунанда ва онҳое, ки ба Худо қарзулҳасана диҳанд, барои онон (подош)-и музоафе аст ва аҷри некӯ хоҳанд дошт.

Далел оварда шудааст, ки ояти 245 сураи Бақара ва оятҳои 11 ва 18-и сураи Ҳадид бар фазилати қарз ба муъмин ва савоби зиёди он ва ин, ки Худованд подоши онро хоҳад дод, далолат дорад; Зеро аъмоли солеҳе, ки бандаи муъмин анҷом ме‏диҳад, ивази он дар охират барои вай маҳфуз аст.

Қарзи рибоӣ дар садри Ислом ривоҷ дошт. Қуръони Карим риборо ҳаром кард ва фармуд:

Эй касоне, ки имон овардаед! аз Худо бипарҳезед ва ончи аз рибо боқӣ мондааст вогузаред… Ва агар (қарздор) тангдаст аст, то ҳангоми тавоноӣ вайро мӯҳлат диҳед. (9)

Дар ин оёт, Худованд гирифтани зиёди(рибо)-ро ҳаром ме‏шуморад ва асли сармоя‏ҳои вомдиҳандагонро аз они худи эшон ме‏донад ва дар поён ме‏фармояд: Агар қрздор фақир аст, то ҳангоми тавоноӣ ба ӯ мӯҳлат диҳад.

Қуръон мегуяд: Дар бисёре аз розгӯииҳои онон хайре нест, магар касе, ки (бадин васила) ба садақа ё кори писандида ва ё ислоҳи байни мардум фармон диҳад. (‏(10

Дар ривояте ворид шудааст, ки имом Содиқ (алайҳиссалом) мақсуд аз маъруф дар ояи шарифаро қарз ме‏донад(11), зеро маънои маъруф чизе аст, ки шаръ онро некӯ ме‏шуморад ва ақл онро инкор наме‏кунад.

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки мақсуд, иқроз (қарз додан) аст, на истиқроз (қарз гирифтан), зеро бо таваҷҷуҳ ба ривояоте, ки дар боби қарз вуҷуд дорад, қарз гирифтан макрӯҳ аст; Магар инки ба воситаи амри дигари кароҳатбор бардошта шавад.

Эй касоне, ки имон овардаед! ҳангоме, ки бадеҳии муддатдоре ба якдигар пайдо кунед, онро бинависед. (12)

Худованд дар оёти мутааддиде, муъмнонро ба эҳсон ва некӯкорӣ нисбат ба ҳамдигар суфориш ме‏кунад, ки қарз додан яқинан яке аз мавридҳои муҳимми таовун ва эҳсон аст, монанди:

Ва некӣ кунед, ки Худованд некӯкоронро дӯст дорад. (16)

Дар тариқи некӣ ва парҳезкорӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунед. ((17

Дар ривояёт ҳам қарз додан ба муъминон ва кумак ба таъмини ниёзи он‏ҳо, аз беҳтарин аъмоли солеҳ шумурда шудааст. Бинобарин ин оёт, қарз додан амали мустаҳаб аст.

Пайнавишт:

(1) – Бақара, ояти.245.

(2) – Музаммил, ояти.‏20.

(3) – Тағобун, ояти‏.17.

(4) – Ҳадид, ояти‏.11.

(5) – Ҳадид, ояти.‏18.

(6) – Фахруддини Турайҳӣ, Маҷмаулбаҳрайн, ҷ.‏4, с.‏226.

(7) – Аттибён, ҷ.‏2, с.‏287; Маҷмаулбаён, ҷ.‏1, с.‏348, Алмизон, ҷ.‏2, с.‏284; Тафсири намуна, ҷ.‏2, с.‏160.

(8) – Зубдатулбаён, с.‏451.

(9) – Бақара, оят‏ҳои 287-280.

(10) – Нисо, ояти.‏114.

(11) – Алфуруъ миналкофӣ, ҷ.‏4, с.‏34; Ҷомеулҳадисишшиа, ҷ.‏18, с.‏285.

(12) – Бақра, ояти.‏282.

(13) – Аттибён, ҷ.‏2, с.‏371.

(14) – Маҷмауалбан, ҷ.‏2, с.‏397.

(15) – Зубдатулбаён, с.‏442; Масоликулафҳом, ҷ.‏3, с.‏455.

(16) – Бақара, ояти.‏195.

(17) – Моида, ояти.‏2.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.