Илму дониш ва роҳҳои афзоиши он

108

Ҳамаи инсонҳо ба ин масъала огоҳӣ доранд, ки бадани мо ба ғизоҳои гуногун ниёз дорад вале ба ғизои рӯҳи таваҷҷӯҳ камтаре доранд. Рӯҳи мо инсонҳо низ ба витаминҳои гуногун ниёз дорад, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Илму дониш ба ниёзҳои рӯҳии мо посух медиҳанд ва сабаби сероб шудани рӯҳи мо мешавад ва ба ҳамин хотир барои таъмини ин ниёзи рӯҳӣ бояд ба донишафзоӣ рӯй оварем; таваҷҷӯҳ ба тавсияҳои зер шуморо дар ин масъала ёрӣ хоҳад кард.

1 – Ангеза ва алоқа ба донишафзоиро дар худ эҷод карда ва тақвият кунед ва барои ин ҳадаф ба ба нуктаҳои зер таваҷҷӯҳ кунед.

– Ба аҳамияту зарурати дониш таваҷҷӯҳ кунед. Аввалин оятҳои Қуръони Карим бар аҳамияти хондану навиштан таъкид мекунад.

– Барои эҷоди ангеза, ҳадафи ҷаззоберо барои худ дар назар бигиред, зеро инсон ҳар рафтореро, ки анҷом медиҳад бар асоси як ҳадафе аст, ки дар назар гирифтааст; Онгоҳ ҳар андоза ҳадафу мақсад арзишмандтар бошад ангеза қавитар шуда ва рафтор низ бо истеҳкоми бештар ошкор хоҳад намуд.

– Ба фоидаҳои донишу донистан таваҷҷӯҳ кунед. Агар ба ин таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки мутолиа ҳам фоидаҳои маънавӣ дорад мисли наздик шудан ба Худованд, улгу шудан дар ҷомеа ва хона ва таъсиргузорӣ бар дигарон ва муфид будан ба ҳоли худу ҷомеа. Ва ҳам фоидаҳо ва самараҳои модӣ дорад. Феҳристе аз ин фоидаҳои таҳия кунед ва пайваста ба онҳо бингаред.

– Ба зарарҳои ҷаҳлу нодонӣ таваҷҷӯҳ кунед. Феҳристе таҳия кунед ва онро ҳамеша бубинед. Инсон фитратан манфаатгаро ва зараргурез аст. Ин феҳристҳо сабаби тақвияти ангеза дар шумо мешавад.

– Дидгоҳҳо ва талошҳои хастагинопазири донишмандон барои касби илму донишро мутолиа кунед. Ба унвони мисол Суқроти Ҳаким дар бораи мутолиа мегӯяд: «Ҷомеа вақте ба саодату фарзонагӣ мерасад, ки мутолиа кори рӯзонааш бошад.». Толстой мегӯяд: “Канори ҳар мадрасае, ки боз мешавад зиндоне баста мешавад.

2 – Дар шинохти мавзӯъи мавриди мутолиа диққат кунед.

3- Ба алоқаҳо ва тавоноиҳо ва истеъдодҳои худ таваҷҷӯҳ дошта бошед то бо шикасту сархӯрдагӣ мувоҷеҳ нашавед балки бо расидани гом ба гом ба ҳадафи худ ангезаи шумо қавитар гардад.

4- Бо одобу шароити мутолиа ошно шаведу ба он амал кунед то гирифтори мушкилоти ҷисмӣ нашавед ва сабаби безории шумо аз он нашавад.

5- Дар мутолиҳои худ танаввуъ эҷод кунед. Саъй кунед ба таври якнавохт бар як мавзӯъ тамаркуз нашавад. Бархе аз равоншиносон бар ин бовар ҳастанд, ки баҳравари кайфӣ ва комил аз як мавзӯъ бо мутолиаи сӣ дақиқаӣ дар меҳвари он анҷом мепазирад ва пас аз он кайфияти ва баҳраварии ҳар мутолиа камкам уфт хоҳад дошт. Ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд: “Ба ростӣ дилҳо ҳам ҳамчун баданҳо хаста мегарданд; пас барои осоиши дилҳо дар пайи ҳикматҳои тоза ва нав бошед.

6- Бо аҳли илму дониш ҳамнишин шавед. Бо касоне робита барқарор кунед, ки аҳли илм ҳастанд ва замони худро беҳуда намегузаронанд ва ҳамеша дар ҳоли пешрафт ҳастанд.

7- Дар роҳи илмии худ як рафиқи кӯшо ва дарсхон интихоб кунед ва муроқиби якдигар бошед то дар сурати мушоҳидаи сустӣ ба якдигар тазаккур дода ва сабабҳои талошу кӯшишро барои якдигар фароҳам кунед.

8- Дар ҷаласазли гурӯҳӣ ва илмӣ ширкат кунед. Равоншиносон бар ин бовар ҳастанд, ки корҳои гурӯҳӣ ва мутолиҳои гурӯҳӣ самарбахш аст, ба ҳамин хотир инсон бояд худро дар гурӯҳҳои илмӣ қарор диҳад то заминаи пешрафташ фароҳам шавад.

9- бо худ аҳд кунед. Аҳд кардан ду навъ аст: 1 ташвиқӣ 2 танбиҳӣ.

Донишмандони таълиму тарбият беҳтарин равишро ҳамин равиш медонанд; масалан бо худ паймон бандед, ки рӯзе вақти мушаххасе бояд мутолиа кунед; Агар мутолиа накардед худатонро аз кори марвриди алоқаатон манъ кунед ва агар муваффақ шуд як кори мавриди алоқаро ба худ арза кунад.

10- Ба масоил корбурдии мутолиаҳои худ таваҷҷӯҳ кунед.

11- Аз васоил кӯмакомӯзишӣ истифода баред.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.