Рамзи мондгории хонавода

66

Дар ташкилу ҳифзи хонавода бояд аҳкому одоби исломиро риоят кард ва ривоҷ дод то боқӣ бимонад. Дар хонаводаи диндор ҷудоӣ аз ҳам мушкил аст ва дил дар гарави муҳаббати якдигар доранд. Ин эҳсосу муҳаббат бинои хонаводаро мустаҳкам мекунад ва фазои амнтар барои фарзандон ба вуҷуд меорад, аз ин рӯ Ислом ба он аҳамият дода аст.

Нақши зан ва шавҳар

Зану шавҳар бояд талош кунанд то аз ин пайванд посдорӣ кунанд. Вазифаи яке аз онҳо ҳам нест, ки бигӯем: Ҳар коре, ки яке аз онҳо кард дигарӣ таҳаммул кунад. На! Бояд ҳарду бо ҳам кӯмак кунанд то ин кор бишавад.

Намешавад бигӯем, ки шавҳар ё зан саҳми бештаре дорад. На!, ҳарду дар ҳифзи ин бунён ва ин иҷтимои дунафара, ки баъдҳо кам кам зиёд мешавад, нақш доранд.

Аз ҳар чизе, ки фазои хонаводаро ноорому афсурда ва ҳаяҷонии бемаврид менамояд, парҳез кунед. Агар дар фазои хонавода муҳаббат, боварӣ ва самимият набошад, ҳар ду ранҷ мебаранд.

Дар истеҳкоми бунёни хонавода, худи зану шавҳар бештарин нақшро доранд. Бо гузашту ҳамкорӣ, бо меҳру муҳаббат ва ахлоқи хуби худашон ‑ки аз ҳама муҳимтар муҳаббат аст‑ метавонанд ин биноро мондагор ва ин созгориро ҳамешагӣ ва доими бикунанд.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.