Соати муносиби хурдани субҳона

83

Пажӯҳишгарон ба ин натиҷа расиданд, ки ҳатто соати хурдани субҳона метавонад дар асарбахш будан ё набудани он барои саломатии бадан бисёр асаргузор бошад.

Пажӯҳишгарон бо анҷоми озмоиш бар руи гурӯҳе аз занони довталаб ба ин расиданд, бонувоне, ки субҳонаи қавӣ ва комил ва шоми сабукро дар барномаи режими ғизоии худ қарор додаанд дар дарозмуддат вазни мутаодилтар ба нисбати ашхосе ки субҳонаи  сабук ва шоми зиёд мехуранд ба даст овардаанд.

Пажӯҳишгарон бар ин бовар ҳастанд, ки хурдани субҳонаи комилу солим сабаби коҳиши триглисеридҳои хун ё чарбиҳои мавҷуд дар хун – ки сабаби бемории қалбӣ аст – мешавад .

Боз пажӯҳишгарон гуфтаанд, ки хурдани субҳона то пеш аз соати 9 муфидтарин асарро бар саломатии бадан мегузорад ва дар иваз баъд аз соати  9 метавонад асарбахшиии  кам бар саломатии бадан дошта бошад.

Пизишкон вижагии хоси хурдани субҳона дар ин замонро сузондани чарбиҳои бадан ба таври комил ва дар натиҷа пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва изофавазнӣ медонанд.

You might also like

Comments are closed.