Парасторӣ

68

Расули Худо(с) фармуданд:

 Ҳар кас барои баровардани ҳоҷати беморе кӯшиш кунад, муваффақ бишавад ё на аз гуноҳонаш хориҷ мешавад ҳамонанди рӯзе, ки аз модар таваллуд шудааст. Яке аз ёрони ҳазрат гуфт: оё агар мариз аз аҳли хонааш бошад савоби зиёдатре дорад? Фармуданд: Орӣ.

Зану шавҳар ҳамеша ба кумак ва изҳори муҳаббат эҳтиёҷ доранд, аммо ин эҳтиёҷ дар баъзе вақтҳо шадидтар мешавад.

Инсон дар вақти гирифторӣ ва беморӣ бештар аз дигар вақтҳо эҳтиёҷ ба дилҷӯӣ ва парасторӣ дорад. Гоҳе бемор беш аз он миқдор, ки ба доруву дармон эҳтиёҷ дошта бошад, ба парасторӣ ва дилҷӯӣ ниёзманд аст. Зан аз шавҳар интизор дорад, ки дар вақти беморӣ ба ёрияш бишитобад ва беҳтар аз падару модараш аз ӯ парасторӣ кунад ва навозишҳо ва ҳамдардиҳои ӯро аз нишонаҳои сафову муҳаббат медонад.

Зане, ки шабонарӯз бидуни музд дар хона заҳмат мекашад, оё ин миқдор бар шавҳараш ҳақ надорад, ки вақти беморӣ ба додаш бирасад?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.