Авомили афзоиши равобити духтару писар “4”

62

3. Тағйир дар гурӯҳҳои марҷаи ҷавонон:

Марҷаъ ба фард ё гурӯҳе хитоб мешавад, ки гурӯҳҳои вобаста, ҳанҷорҳо ва арзишҳои худро аз онҳо мегиранд ва тамоми саъй ва талошашон бар ин аст, ки худро бо он ҳанҷорҳо мутобиқ кунанд.

Дар гузаштаи начандон дӯр умдатарин марҷаъиятҳои ҷавонон, хонавода ва рӯҳоният ва муаллимон буданд ва имрӯза марҷаъияти ин дастаҳо дар байни ҷавонон, ба хусус ҷавононе, ки бо ҷинси мухолифи худ иртибот доранд, рӯзбарӯз коҳиш меёбанд, ба гунае, ки ҷойгоҳи бархе аз онҳо, ҳатто аз марҷаъияти мусбат ба марҷаъияти манфӣ ҷойгоҳи пойинтар ёфтааст ва аз назари қавоиди улуми иҷтимоӣ бо нафй ва хурӯҷи як марҷаъ аз ҷиҳати интифоъ ба маънои ҷойгузинии марҷаъиятҳои дигар аст, чун инсон дар доираи зиндагияш бидуни пайравӣ аз марҷаъи тавон идомаи зиндагии иҷтимоиро надорад. Сирри тағйири марҷаъият далел бар он аст, ки ба тадриҷ марҷаъиятҳои бегона ва созгор бо низом султа ва сармоядорӣ ҷойгузини марҷаъиятҳои суннатӣ хоҳад шуд. Аз ҷумлаи муҳимтарин омӯзаҳои марҷаъияти ҷадид, доман задан ба равобити озоди духтарону писарон аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.