Авомили афзоиши равобити духтару писар “5”

82

4. Боло рафтани синни издивоҷ:

Аз ҷумлаи паёмадҳо ва нишонаҳои модерн ва санъатӣ шудани ҷомеаҳо, боло рафтани синни издивоҷ аст. Дар кишварҳои тавсеаёфта ва ё дар ҳоли тавсеа авомили пуршуморе сабаби таъхир дар синни издивоҷи ҷавонони он ҷомеаҳо мешаванд аз ҷумла:

– Фосилаи зиёди эҷодшуда байни булуғи иҷтимоӣ ва булуғи ҷинсӣ

– Тавсеаи фазоҳои омӯзиши олии озод ва ғайриинтифоӣ

– Таъхир дар истиқлоли иқтисодии ҷавонон

– Коҳиши ҳимояти хонаводаҳо аз фарзандон пас аз издивоҷи онҳо ва…

Бархе аз авомил ва тасмимҳои калони мамликатӣ низ бар далелҳо изофа мешавад. Ба таври мисол дар байни солҳои 1976 то 1986 рушди ҷамъият дар Эрон ҳудуди 9/3% буда, ки бо эъмоли сиёсатҳои контроли ҷамъият, аз соли 1991 то 1995 ба 5/1% коҳиш ёфт. аз онҷо, ки миёнгини синни издивоҷ дар мардон ҳудудан 4 сол пеш аз занон аст духтароне, ки дар фосилаи солҳои 1355 то 1365 таваллуд шуданд, ба далели набудани ин теъдод писар дар солҳои қабл аз 1976, дар мушкили издивоҷ қарор гирифтанд, ки омори духтарони муҷарради болои 22 сол чунин вазъиятиро таъйид мекунад. Бадеҳӣ аст боло рафтани синни издивоҷ, ба маънои таъхир дар посух гуфтан ба ниёзҳои отифӣ ва ғаризӣ аст. Аз онҷо, ки неруи ҷинсӣ ва ниёзҳои отифӣ ва эҳсосӣ аз қавитарин қувваҳои инсонӣ ба хусус дар рӯзҳои ҷавонӣ ҳастанд, табиӣ аст хурӯҷ аз қолабҳои машрӯъ ва қонунӣ дар серии авотиф ва ниёзҳо афзоиш ёбад.

Аз сӯи дигар мушкили издивоҷ барои духтарон дар солҳои ахир, боис шудааст бисёре аз духтарон, тан додан ба ингуна равобитро василае барои издивоҷ ва интихоби ҳамсар бидонанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.