Аҳамият ва зарурати доштани дӯст

59

Яке аз муҳимтарин ва ҳаётитарин масоили ҷавонон масъалаи дӯстёбӣ ва интихоби дӯст аст, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳи падарону модарон қарор бигирад. Ҳамаи инсонҳо ба вижа ҷавонон дорои ғаризаи дӯстёбӣ ҳастанд ва гӯшагириро хуш надоранд, бинобарин думболи афроде ҳастанд, ки ононро дӯсти худ биноманд ва муддате аз вақти худро дар шабонарӯз бо онҳо сипарӣ кунанд. Ин дӯстёби аз даврони кӯдаке ва қабл аз дабистон то замоне, ки умре барои идомаи ҳаёт бошад вуҷуд дорад, вале дар даврони навҷавонӣ ба авҷи худ мерасад.

Ба ҳамин манзур чун навҷавонӣ даврони ҳассосе аст, интихоби дӯст ҳам дар ин замон аз аҳамияти хоссе бархурдор аст.

Чӣ басо афроде дар ин даврон ба сабаби дӯсти нобоб ва номуносиб ба вартаи суқут кашида мешаванд ва чӣ басо афроду навҷавононе бо интихоби дӯсти хуб масири зиндаги худро ба сӯи саодату хушбахтӣ иваз мекунанд.

Аз ин ҷиҳат аст, ки аз забони Қуръони Карим ва ривоятҳо барои интихоби дӯсти муносиб милокҳое баён шудааст, ки сарнавиштсоз ҳастанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.