Тафовутҳои ҷинсии зану мард

72


Майли ҷинсии зан монанди уҷоқи электирикӣ аст, ки ором ором доғ мешавад вале муддатзамони зиёде тӯл мекашад то сард шавад.

Дар ҳоле ки майли ҷинсӣ дар мардон монанди дастгоҳи мойкрофер аст, ки дир муддати чанд сония бо охирин зарфият кор мекунад ва бо пухта шудани ғизо зуд хомӯш мешавад.

Зан ва мард дар ин замина дорои тафовутҳои ғайриқобили инкор ва пазируфта шудае ҳастанд:

1- Узви тавлидкунандаи ҳормони ҷинсии мардона (Тестостерон) байза аст вале дар занон тавлиди ҳормони ҷинсӣ (эстроген ва Прогестерон)ро тухмдонҳо бар уҳда доранд.

Тавлиди ҳормони Тестостерони майли ҷинсӣ, пархошгарӣ, таҳоҷум, рақобат, такя ба нафс ва ҳаракатҳои тунд ва ғ.. дар мардонро сабаб мешавад. Ва тавлиди ҳормон эстроген дар занон боиси камтар шудани хушунат, коҳиши пархошгарӣ ва ибрози вуҷуд, коҳиши рақобат мешавад ва дар иваз пайвандҷӯиро дар занон тақвият мекунад.

2- Шакл зоҳирии аъзои хориҷии таносулӣ.

3- Шакли зоҳирии аъзои дохилии таносулӣ.

4- Тафовут дар ҳувияти ҷинсӣ

Муҳиммтарин омиле, ки зарбаи ҷуброннопазиреро дар заминаи равобити солими заношуӣ ворид мекунад напазируфтани ҳувияти ҷинсӣ аз сӯи (мард ва зан) аст. Ба ин маъно, ки мард бояд мард бошад бо тамоми авсофи ҷисмӣ ва рӯҳӣ, ва зан бояд зан бошад бо тамоми авсофи худаш.

Бинобарин ҳар кадом аз тарафайн агар ба гунае амал ва рафтор кунанд, ки вежагиҳои ҷинси мукаммалро дошта бошад, он фард камтар метавонад бо нақши аслии худ созгор бошад ва чунин фарде дорои ихтилол дар ҳувияти ҷинсӣ номида мешавад.

Бахше аз ин масъала ба огоҳи аз нақши ҷинси мард ё зан марбут мешавад, ки фард бояд ба асл ва решаи худ пай бурда ва тамомияти вуҷуди худро ки аз муҳимтарин бахши он ҳувияти ҷинсӣ аст бишносад. Агар касе ҳувияти ҷинсиашро шинохт ва пазируфт ҳаргиз тасаввуроти ғалатро натанҳо намепазирад балки дар муқобили онҳо меистад.

Барои мисол:

Тасаввури ҳолати фоилӣ ва мафъулӣ дар равобити заношуӣ, ки як тафаккури қадимӣ аст ва метавонад нақши фаъоли занро камранг карда ва дар напазируфтани ҳувияти ҷинсии зан таъсири вайронгаре дошта бошад. дар ҳолеки ҳеҷ мелоки илмӣ барои ин тафаккури ғайри воқеӣ надорем.

5- Тафовут дар рафтори ҷинсӣ

Манзур аз рафтори ҷинсӣ ин аст, ки мардон фикр мекунанд шоистагии лозимро доштанд, ки тавонистаанд робитаи заношуӣ барқарор кунанд ва шодӣ ва нишоти ҳамсарашон онҳоро нисбат ба ин эҳсоси шоистагӣ мутмаинтар мекунад. Вале занон ниёзманд ба муҳаббат, меҳр ва таваҷҷуҳ аз сӯи ҳамсаршон ҳастанд онҳо барои эҳсоси итминон, ниёзи мустақим ба ишқ ва ибрози ишқ доранд ва мардон бояд бо ибрози муҳаббат аз тариқи ҷумлаҳои отифӣ ин ниёзро бароварда кунанд. Ба ҷиҳати ҳамин тафовути равонӣ аст, ки Паёмбари Ислом суфориш ба ибрози каломии ишқ нисбат ба ҳамсар намуда ва мефармояд:

“Инки марде ба ҳамсараш бигӯяд (дӯстат дорам) ҳаргиз аз қалби ӯ хориҷ намешавад. (Кофӣ, ҷ.5, саҳ.569)

6- Ин, ки мард ниёз ба барқарории робитаи ҷинсиро ошкоро баён мекунад вале зан ба сурати ғайри мустақим ва бо киноя ва анҷоми рафторҳо ва ҳаракоти таҳриккунанда мисли навъи пӯшиш, ороиш ва ҳатто нигоҳҳои хосс.

7- Тафовути дигар инки дар замони анҷоми робитаи заношуӣ зан чашмонашро мебандад чун зан шунидорӣ аст ва бо чашми баста гӯш медиҳад. Вале мард чашмонашро боз нигаҳ медорад чун мард дидорӣ аст. Гарчи аксаран дар лаҳзаи авҷи лаззати ҷинсӣ беихтиёр ҳарду чашмашонро мебанданд.

8- Зан дар робтаи ҷинсӣ аҳли сукут аст ва мард аҳли сӯҳбат. Мардон занонро водор ба сӯҳбат накунанд зеро ин кор оромиши онҳоро бар ҳам зада ва гармои вуҷудиро аз онҳо гирифта ва замони расидан ба авҷи лаззаташонро ба таъхир меандозад.

9- Тафовути муҳимми дигар дар асли замони барқарории робитаи заношуӣ аст. Мардон дар тӯли (24 соът) ва дар тамоми тӯли умр, чизе таҳти унвони таътилии майли ҷинсӣ надоранд ва бо дидани узви кӯчаке аз аъзои бадани зан таҳрик мешаванд. Аммо занон замони ихтисосӣ доранд.

10- Қоидагӣ, ёисагӣ ва бордорӣ аз дигар намояҳои тафовути байни зан ва мард мебошад.

Бинобарин Паёмбари Ислом(с) бо дар назар гирифтани ин тафовутҳо дар рафтори ҷинсӣ, яке аз ҳуқуқи мусаллами мард бар занро тамкин ва баровардани ниёзи ҷинсии мард дар сареътарин фурсат медонад ва аз сӯи дигар замони зиёдеро, ки занон барои расидан ба ирзои комил дорандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода мефармояд:

“Ҳар лаҳве ботил аст магар се чиз, ки яке аз онҳо бозӣ бо зан ҳангоми наздикӣ аст ва ин як ҳақ барои занон аст”. (Васоил, ҷ.20, саҳ.119)

11- Тафовути дигар дир илати барқарории робитаи заношуӣ аст. Далели зан барои барқарории робита бо далели мард, тафовут дорад. Бовари мард ин аст то фазо ва макони хилвате пайдо шуд бояд робитаро шурӯъ кард, дар ҳоле ки зан то ишқ ва эҳсоси ошиқона дарёфт накунад омодагии барқарории робитии лаззатбахшро надорад зеро робитаи заношуӣ барои як зан дар марҳалаи баъд иттифоқ меафтад.

Ин як воқеияти қатъӣ аст, ки мардон мудом ба барқарории робитаи ҷинсӣ меандешанд, ва занон бояд огоҳ бошанд, ки ин яке аз хусусиёти ҳаётӣ аст, ки дар вуҷуди мард тарроҳӣ шуда ва яке аз илал бақо мебошад. Ва ҳаргиз хонумҳо набояд ба як мард аз ин дидгоҳ, ба диди мавҷуди шайтонӣ бингаранд. Албатта дар таҳйиҷ ва густариши ин рӯҳия дар мардон авомили мутааддиде нақш доранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.