Таҳлили равобити духтару писар дар Эрон

41

Мутаассифона дар бораи равобити духтару писар дар Эрон иттилооти чандон равшане вуҷуд надорад ва ин ба хотири набуди таҳқиқоти басанда дар ин мавзӯъ мебошад.

Бархе аз таҳлилҳо ва пажӯҳишҳо аз густариши падидаи равобити духтару писар дар Эрон ҳикоят мекунад. Дар рӯйкарди таҳлилӣ бо бурҳон ва таҳлили ламмӣ (сайр аз иллат ба маълул), метавон гуфт, ки агар равобити духтару писарро аз паёмадҳои мудерн шудан бидонем, ба масоили ҳаракати ҷомеаи эронӣ ба сӯи мудерн шудан, равобити духтару писар низ густурдатар хоҳад шуд ва ба улгуи равобит дар кишварҳои тавсеаёфта наздиктар хоҳад шуд.

Ва ин густаришро бархе аз оморҳо собит мекунанд. Дар пажӯҳише, ки дар он аз 1200 падар ва модари теҳронӣ намунагирӣ шудааст, чунин ба даст миояд, ки 88% аз волидайн мӯътақиданд равобити духтару писар нисбат ба солҳои гузашта афзоиш ёфтааст. Тибқи гузориши маркази пажӯҳшҳои Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар соли таҳсилии 2006-2007 аз 141000донишомӯзи духтару писари давраи мутавассита беш аз 11000 нафар дучори бемории худирзоӣ буданд.

5/17% донишомӯзони мавриди баррасӣ, ҳамҷинсгаро буданд.

Аз ҷомеаи омории фавқ 1610 донишомӯз муодили 30% ин афрод бо ҷинси мукаммил робитаи ғайримаҷоз доштанд.

Дар соли 2008 синни руспигарӣ (равобитаи ҷинсии озод) болои 30сол буда ва акнун дар сол2013 ба 15 сол ба боло расидааст.

Дар ин омор, ки мустанад ба таҳқиқоти Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии Теҳрон аст омадааст, руспигарӣ байни занони шавҳардор бештар аз занони ҳоло шавҳарнакарда мебошад в11% руспигарҳо дар шаҳри Теҳрон бо иттилои ҳамсаронашон даст ба руспигарӣ мезананд.

Бар асоси оморҳои мавҷуд, ҳамакнун беш аз 1/5 миллион нафар зани бева ва ҷудошуда дар кишвар вуҷуд дорад ва рӯзона 160 нафар низ ба ин омор изофа мешавад.

Аз сӯи дигар 14/5 миллион нафар духтар вуҷуд дорад, ки ҳанӯз издивоҷ накардаанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.