Тамрини содда барои пешгирӣ аз заволи ақл

83

Пажуҳиши тоза нишон медиҳад тамрин (машқ)и бардавоми мағзӣ , аз ҷумла хондани китоб ва навиштани нома метавонад заволи шинохтиро кунд карда ва аз мағзи сар дар баробари заволи он дар синни пирӣ муҳофизат кунад .

Мизони заволи шинохтии ашхоси дорои мағзи фаъъол 15 дарсад камтар аз дигарон буд. Ин баррасӣ ки пажуҳишгарони амрикоӣ сурат доданд , нишон медиҳад фаъолиятҳои  зеҳнӣ, хондани китоб ва навиштани нома ба мағз кумак мекунад, то ҳамчунон ҳушёр бимонад. Дар ин баррасӣ бар руи 300 шахси аз 55-сола боло озмоишҳои мухталифе ба  манзури андозагирии ҳофиза ва тафаккури онҳо дар як давраи шаш сола сурат гирифт.Ширкаткунандагон  дар ин пажӯҳиш ба як пурсишнома дар бораи‌ фаъолиятҳо аз ҷумлаи хондани китоб , навиштани нома ё ширкат дар фаъолиятҳои дигари муртабит бо таҳрики зеҳнӣ дар даврони кӯдакӣ , ҷавонӣ миёнсолӣ ва солмандӣ посух доданд.

Гуруҳи пажуҳишӣ дарёфт афроде ки дорои мағзи фаъъоле буданд , мизони заволи шинохтии онон 15 дарсад камтар аз афроде буд ки фаъолиятҳои мағзии зиёде надоштанд.

Роберт Вилсон, сарпарасти ин пажӯҳиш гуфт: Тамрини мағзӣ дар тӯли зиндагӣ барои саломатии мағзи фард дар синни пирӣ аҳамияти хос дорад.Ин пажӯҳишгар афзуд: Ба  ‌ манзури коҳиши хатари пешрафти заволи ақл мавридҳое монанди доштани режими муносиби ғизоӣ , варзиши муназзам , хондан ва ҳалли ҷадвал(чайнворду красворд) метавонад таъсиргузор бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.