Издивоҷи шумо дар хатар аст, агар…

48

Агар шавҳаратон пайваста ин 6 ҷумларо мегӯяд, издивоҷатон дар хатар аст.

Ҳамсартон заифтар шудааст, эҳтимолан нигарони зиндагии заношуии худ шудаед.

Барои доштани издивоҷи бодавом, мустаҳкаму шод, се чиз бояд байни шумо мондагор бошад:

Иртиботи каломӣ

Эҳтироми мутақобил

Пойбандӣ ба аҳду паймонҳо

Агар шавҳари шумо пайваста ин ҷумалаҳоро ба забон меовард, роҳат бо ӯ дар мавриди эҳсосе, ки ин ҷумалот дар шумо эҷод мекунад, бо ӯ ҳарф бизанед. Ӯ бояд даркатон кунад ва ба эҳсосоту назароти шумо эҳтиром бигузорад.

1- Ҳавсала надорам!

Гоҳе вақтҳо эҷоди тағйиру вақфа дар барномаи оддии рӯзона хеле хуб аст. Аз худатон бипурсед, ки оё аз барномаи оддии худ дар робита розӣ ҳастед? Фикр мекунед шавҳаратон розӣ аст? Хеле муҳим аст, ки гоҳе барномаҳо ва фаъолиятҳои мутафовите дар робитаи худатон дошта бошед то ишқатон қавитар шуда ва иртиботи эҳсосӣ байнатон амиқтар шавад.

2- «Ту ҳеҷвақт ҳарфҳои манро намефҳмӣ»

Занҳо ва мардҳо ба тариқи мутафовит фикр мекунанд. Ба ҳамин далел гоҳе вақтҳои иртибот байни як зану шавҳар печида мешавад. Агар шавҳари шумо шикоят дорад, ки шумо ҳеҷвақт ҳарфи ӯро мутаваҷҷеҳ намешавед ё даркаш намекунед, вақт бигузоред ва хуб ба ҳарфҳояш гӯш кунед. Хуб гӯш кардан барои давоми ҳар робита аҳамият дорад.

3- «Ту ҳеҷвақт иваз намешавӣ»

Тағйир сахт аст, аммо агар шавҳари шумо пайваста шикоят дорад, ки шумо қодир ба иваз шудан нестед, бо ӯ дар мавриди инки чаро корҳое, ки мавриди писанди ӯ нестро онтавр анҷом медиҳед. Ҳарф задан дар мавриди ин масоил ва далелҳои мантиқии шумо боис хоҳад шуд, ки даркатон кунад.

4- «Ту чаро мисли … нестӣ?»

Муқоиса равобитро вайрон мекунад. Агар шавҳари шумо пайваста шуморо бо модар, дӯстон, хоҳарҳо ё занони дигар муқоиса мекунад, яъне ба ончи ҳастед арзиш намегузорд. Ба ин вазъият хуб фикр кунед ва тасмиме бигиред, ки барои саломатӣ ва хушбахтии шумо беҳтар бошад.

5- «Ту дигаа он одаме, ки ман ошиқаш шудам нестӣ»

Тағйироти физикӣ, эҳсосӣ ва ақлонӣ бо гузашти замон эҷод мешавад. Агар шавҳаратон пайваста аз ин ҷумла истифода мекунад, мутаваҷҷеҳ нест, ки худаш ҳам дигар он фарде, ки шумо ошиқаш шуда будед нест. Ғайри мумкин аст, ки дар тӯли солҳо ҳеҷ тағйире накунед. Барои доштани издивоҷи муваффақ, шумо бояд ҳар ду канори ҳам рушд карда ва тағйир кунед ва ба унвони як завҷ ба ин тағйироти ҳамдигар эҳтиром бигузоред.

6- «Ҳарчи ту бигӯӣ дуруст аст»

Ин иборот нишондиҳандаи камбуди алоқа ба корҳои шумост. Далелаш ин нест, ки шумо бар робита мусаллат ҳастед ва ӯ пайрави назароти шумост. Дақиқан баракс! ин рафтори идомадор нишондиҳандаи камбуди алоқа ва ҳаяҷон дар издивоҷи шумост.

Рамзи доштани издивоҷи муваффақ, расидагӣ ба масоили ҷузъӣ ва кӯчак нест, балки эътимод кардан ба ҳам ва ҳарф задан бо ҳамдигар аст. Барои ҳалли мушкилотатон бо ҳам вақт бигузоред то битавонед зиндагии шодро канори ҳам таҷриба кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.