Фарҳанги меҳмониҳо

153

Ҳузур дар меҳмониҳо яке аз роҳҳое аст, ки фарҳангу арзишҳоро ба фарзандон ба шакл ғайри мустақим интиқол медиҳад. Аммо ин интиқол замоне анҷом мегирад, ки кӯдак бо рағбати зиёд дар меҳмониҳо ҳозир шуда ва худро бо фазои маҷозӣ саргарм накунад. Ҷомеашиносони масоили оид ба хонавода бо баёни далоили рағбат надоштани кӯдакон барои ҳузур дар меҳмониҳо ва алоқамандии онҳо ба бозиҳои компютерӣ мегӯяд: “Яке аз роҳҳои иҷтимоӣ шудани насли нав тавассути хонавода баҳси шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки тавассути хонаводаҳо эҷод мешавад, ки аз он ҷумла метавон ба рафту омадҳои хонаводагӣ ва фомилӣ ишора кард. Ин иҷтимоӣ шудан бо чанд ҳадаф анҷом мегирад; аввал инки дар ин шабакаи иҷтимоӣ шинохт сурат мегирад ва насли ҷадид бо ақвому бастагони ошно мешавад. Дувум ин, ки дар дили ин рафту омадҳо одоб, расму фарҳанг, суннатҳо ва арзишҳо ба таври ғайри мустақим ба насли ҷадид мунтақил мешавад ва севвум инки ин рафту омадҳо ва ҳузур дар шабакаҳои иҷтимоии фомилӣ ҳошияи амнеро эҷод мекунад ва ба навъе як шабакаи ҳимоятӣ дар дили ин рафту омадҳо ба вуҷуд меояд. Чаҳорумин нукта он аст, ки ин шабака боиси афзоиши маҳорати ҳузур дар ҷамъ ва омӯзиши одобу муошират бо дигарон мешавад, ки метавон онро дар таътилот ва меҳмониҳо ба хубӣ эҳсос кард”.

Аммо гоҳе фарзандон рағбате ба ин рафту омадҳо надоранд ва фазои ҷамъи меҳмониҳо барои онҳо ҷаззоб нест ва аз он гурезонанд. Бояд диққат кунем навъи гуфтугӯҳо дар ин меҳмониҳо ва ҷаласаҳо бисёр муҳим аст. Бояд бидонем дар меҳмониҳо мумкин аст гурӯҳҳои синнии мухталиф ҳузур дошта бошанд ва як навҷавон эҳсос мекунад ҳамсухану ҳамзабони худашро пайдо намекунад. Кунҷковӣ дар ин меҳмониҳо низ яке аз авомили гурезон шудани фарзандон аз он мешавад. Ба таври мисол ӯро мавриди саволҳои мухталиф дар бораи дарсу зиндагӣ, ояндаи дарсӣ ва корӣ ё зиндагӣ ва мавориди инчунини қарор медиҳанд ва ин маворид монеъ аз ҳузури фарзандон дар ин ҷамъҳо мешавад ва агар ҳам бихоҳанд ҳузур пайдо кунанд аз сари иҷбор хоҳад буд. Аз сӯи дигар ба далели омӯзиш надодани саҳеҳи истифода аз технологӣ монанди телефони ҳамроҳ ё компютерҳои дастӣ, ки ин рӯзҳо зиёд дасти кӯдакон ва навҷавонон дида мешавад шоҳид ҳастем, ки онҳо барои фирор аз қарор гирифтан дар чунин меҳмониҳои худро бо бозиҳои телефонӣ ва компютерҳои дастӣ ё гашту гузори беҳадаф дар дунёи интернит машғул мекунанд. Инҳо боиси бештар шудани фосила байни фарзандон ва волидайни онҳо мешавад ба тавре, ки фарзандони худашонро дар фазое, ки волидайн дар он қарор доранд намебинанд ва худро дар фазое, ки шахсиятҳои он дар дунёи маҷозӣ вуҷуд доранд, мебинанд; ин хатаре аст, ки бисёре аз хонаводаҳо ба он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ надоранд.

Савол инҷост, ки чаро хонаводаҳо ба роҳатӣ ба ин қазия тан медиҳанд? Равоншиносони хонавода мӯътақид ҳастанд, ки хонаводаҳо масъулияти худро, ки рушду парвариши фикрӣ ва вуҷуди бистари муносиб ва оромиши равонӣ аст фаромӯш кардаанд ва умдатан барои ба даст овардани эҳтиёҷоти моддӣ ва боло бурдани сатҳи таваққӯъ ва фахрфурӯшӣ нисбат ба дигарон талош мекунанд.

Коршиносон мегӯянд: “Моддӣ шудани сохтори зиндагии хонаводагӣ боиси фишорҳои иқтисодӣ мешавад ва худи ин масъала ҳам дар натиҷаи ин хоҳад буд, ки афроди хонавода яъне падару модар шефтаи кор кардан дар чанд касбу кор бошанд ва бо корҳои касбии биштар паноҳ оваранд, табиӣ аст, ки ин қазия бо таваҷҷӯҳ накардан ба фарзандон ҳамроҳ мешавад ва хонаводаҳо барои ин, ки кӯдакони худро саргарм кунанд ё монеи баҳонагирии онҳо шаванд ба навъе боҷ медиҳанд ва ин боҷ ҳамон васоили бозиҳое аст, ки пештар аз он ёд шуд. Аз тарафи дигар падару модарҳо бо чанд кор худашон эҳсоси хастагии бештар мекунанд ба ҳамин хотир аз ҳаддиақал замон барои истироҳат истифода мекунанд, ки хастагиҳоро бартараф кунанд ва шояд ҳавсалаи сару калла задан бо фарзандонашонро надоранд, ки онҳоро маҷбур ба фаъолиятҳои гурӯҳӣ ё меҳмониҳои хонаводагӣ кунанд ва ба ҳамин далел бо дар ихтиёр қарор додани як бозии компиютерӣ худро халос карда вале ғофил аз инки дар дарозмуддат осебҳое ба сохтори равонии фарзандонашон ва пас аз он ба хонавода ва иҷтимоъ ворид мешавад.

Пархошгарӣ боис мешавад, ки фарзандон аз ҳам дӯр шуда ва рӯҳияи ҷамъгурезӣ пайдо кунанд, имрӯза хеле аз ҷавонҳо расму фарҳанги аслии зиндагӣ ҳамчун маросими издивоҷро намедонанд ва ҳамин амр мунҷар ба кудурат мешавад. Бахше аз талоқҳо ба хотири аз ин аст, ки фарзандони мо роҳу расми зиндагиро намедонанд. Ҳатто шоҳиди ин ҳастем, ки хеле аз вақтҳо рафторҳои мисли иртибототи иҷтимоӣ, сӯҳбат кардан дар ҷамъ ва гирифтани ҳуқуқи худро ёд намегиранд чун дар ҷамъ ҳузур надоранд”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.