Ислом ва манъи хушунат дар хонавода

163

Аз ҷумлаи туҳматҳое, ки мухолифони дин бар дини Ислом мезананд, ин масъала аст, хушунат бар занон аз сӯи Ислом ва Қуръон ҷоиз дониста шудааст. Онҳо бадрафторӣ ва зарбу хушунатро амри ҷоиз аз сӯи дин муаррифӣ мекунанд. Инак мо дар ин бахш ба баррасии ҳақиқати ин масъала хоҳем пардохт.

 Рисолати муштарак

Бархе аз оёт бар асли гавҳари вуҷуди марду зан ишора дораду аз яке будани ҳақиқати инсонии хилқати он ду сухан ба миён меоварад. Вазифаи муштараки ҳар дуро дар бораи ҳифзи арзишҳо ва камолоти ҳамдигар дар зиндагӣ баён мекунад,

Дар бораи асли завҷият ва ин, ки ҳар кадом аз назари ҷинс бо дигарӣ фарқ дорад, яъне яке мард ва дигарӣ зан аст суҳбат намуда сипас ба баёни асли завҷият мепардозад. Қуръон ду ҷинсӣ будани  инсонро барои барқарор шудани алоқа ва робитаи самимӣ байни зану шавҳар ва эҷоди дустию муҳаббат, маваддату раҳмат байни онҳоро дар зиндагии башарӣ лозим мешуморад. Дар конӯни гарми зиндагӣ, вазифаи оромиши аъзои хонаро бар дӯши занон гузошта ва ба унвони коргардони тавонманд ӯро сарчашмаи дигаргуниҳо дар вуҷуд ва сарнавишти афроди хона мешуморад. Дар бисёре аз оёти Қуръони карим на танҳо бинои ҷавомеи инсониро бар мабноии устувории арзишҳо, иртиботи мусолиматомез, шинохту дарки мутақобили инсонҳову ҷавомеъ аз якдигар муаррифӣ менамояд, балки муҳити хонаводаро ҳарими амни инсонҳо муаррифӣ мекунаду онро конуни гарме бар пояи маваддату раҳмати мутақобил мешуморад, ки лозимаи барпоии чунин хонавода ва ҷомеае, дурӣ аз хушунату ғазабу тамоюлоти фардӣ ва хостаҳои инсонӣ аст. Хусӯсан ин ки сарчашмаи рушду такомули шахсияти инсонӣ ва ҳосили самараи муфид барои зиндагии башарро домани зан муаррифӣ мекунад ва тамсили «نِسائُکُم حَرثٌ لَکُم»  (занони шумо киштзорҳои шумо ҳастанд) баёнкунандаи ин ҳақиқат аст, ки гулҳои шохсори ҳаёти инсонӣ, замини шоиста мехоҳад, ки ҳамон домони модар аст .

Манъи  шавҳар аз дастдарозӣ ба молу ҳайсияти зан

Оёте дар ин замина вуҷӯд дорад ки мардро аз ҳар гуна тааррузу таҷовуз ба амволу ҳуқуқи молӣ ва низ тааддӣ ба ирзу обрӯи зан, манъ менамояд: «Ва барои шумо ҳалол нест он чӣ ба эшон додаед (чӣ ба унвони маҳрия ва чи ба унвони ғайри он) аз онон пас бигиред, магар ин ки зан ва ё шавҳаре хавфи риоят нашудани ҳудӯди илоҳиро дошта бошанд». Дар ин оят таъкид бар ин аст ки зану мард ҳамаи талоши худро боисти дар барқарорӣ ва иҷро ва иқомаи вазоифу ҳудуди илоҳӣ ба кор гиранд.[1]

Лозим аст гуфта шавад, ки асл дар маҳрия ба унвони як дайн бар ӯҳдаи мард аст, ки ба зан бипардозад. Ин мол ба унвони бахше аз пуштивонаи иқтисодӣ аст ки ба воситаи пазириши ҳамсарӣ ва ба сабаби садоқати зан бар ӯ тааллуқ мегирад.

Қуръони карим ҳар гӯна рафтори ғайри оддӣ ва ноодилона ва ҳар гуна ғазаб ва хушунати ноҷо бар зидди занонро нафй мекунад. Тавсияҳои Қуръони карим ба мардон нисбат ба занон дар риояти ҳуқуқу аҳволи онҳо ба маротиб бештар аз хитобҳо ба занон аст ва ин худ баёнгари ҳимояти Ислом аз ҳуқуқи зан аст.

 Асли адолат дар зиндагии муштарак

Бар ин асос равиши қонунгузорӣ дар Ислом ба гунае аст ки аз сӯе таъкид бар фазоили ахлоқӣ ва тарвиҷи равишҳои писандида ва матлуби инсонӣ мекунад, ва аз тарафи дигар дар қолаби наҳи ва нафи, дасти мардро аз анҷоми ҳар навъ беадолатӣ ва зарару зиён расондан, азобу машақат додани зан мебандад ва раёсати мардро дар хона ҳамроҳ бо адолат зарурӣ медонад.

Акнун бо таваҷҷуҳ ба мавориде ки зикр шуд оё боз ҳам сазовор аст ки гурӯҳе Исломро ба хушунат муттаҳам, ва ё ба нодида гирифтани ҳуқуқи занон маҳкум намоянд?!

 

[1] . сураи Бақара, ояти 229.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.