Чигунагии бархурд бо лаҷбозии фарзанд

78

Барқарории робитаи маҳкам бо кӯдакони нофармон кумак мекунад роҳаттар бо якдигар канор биёед.

Чакида: Кудакони лаҷбоз ба ҳеҷ қонуне пойбанд нестанд ва розӣ карданашон ҳатто ба анҷоми корҳои соддаи рӯзана мисли мисвок задан як ҷанги аъсоби доимӣ аст, ки волидайнро ба дод меоварад, то ҷое ки гоҳе падар ё модар дар ниҳоят таслими хостаи кӯдакашон мешаванд ва нохоста ба лаҷбозии ӯ таъйид мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки волидайн бояд дар бархурд бо лаҷбозии кӯдаки худ тавре рафтор кунанд, ки ӯ ёд бигирад бо лаҷбозӣ наметавонад хостаҳояшро пеш бибарад, аммо читаврӣ?

Бо мо ҳамроҳ бошед.

Лаҷбоз ё мусаммам?

Лутфан байни лаҷбозӣ бо мусаммам будан фарқ бигузоред ва аввал ба таври дақиқ огоҳ шавед, ки оё кӯдаки шумо лаҷбоз аст ё мусаммам. Мусаммам будан яъне сарсахтии мусбат барои расидан ба аҳдофи судманд ва ғалабаи бар мавонеъ. Аксари волидайне, ки худашон ингуна ҳастанд, дилашон мехоҳад кӯдакашон низ аз кудакашон дорои азми бошад. Бинобарин сарсахтии кӯдаке, ки барои пирӯзӣ дар як рақобати варзишӣ талош мекунад, набояд бо сарсахтии як кӯдаки лаҷбоз яксон таъбир шавад, чароки лаҷбозӣ яъне пофишории зиёде, ки аз рӯи нодонӣ ва нопухтагӣ бошад.

Кудки лаҷбоз ба ҳеҷрӯ ҳозир нест кӯчактарин тағйире дар равиши худ эҷод кунад ва ҳадафаш фақат ин аст, ки мухолифат кунад ва дар ниҳоят назари худашро мавриди қабули дигарон қарор диҳад. Масалан сарсахтии беҷо дар интихоби ғизо ё либос чизе ҷуз лаҷбозӣ ва каҷхулқии номаъқул нест. Ба баёни дигар, сарсахтӣ дар ҷиҳати мусбат нишондиҳандаи қотеият ва иродаи қавӣ ва дар ҷиҳати манфӣ баёнгари лаҷбозӣ аст.

Вежагиҳои кӯдакони лаҷбоз

Ниёз доранд, ки ба онҳо таваҷҷуҳ кунанд ва суханашон шунида шавад;

Майли зиёд ба мустақил будан доранд;

Бештар аз ҳамсолони худ каҷхулқӣ мекунанд;

Дар анҷоми ончи мавриди писандашон аст худро вазифашинос нишон медиҳанд;

Монанди раис рафтор мекунанд;

Корҳоро бо суръати дилхоҳи худашон пеш мебаранд.

Роҳнамоии рафтор бо кӯдакони лаҷбоз

Хобондани кӯдаки лаҷбозе, ки дар ҷойгаҳаш қарор намегирад осон нест; Ғизо додан ба кӯдаки ноороме, ки қошуқ ва чанголшро қасдан ба замин меандозд ва иҷоза намедиҳад ғизоро даҳонаш бигузоред тоқатфарсост; Мутақоид кардани кӯдаки якраве, ки фақат ҷеғ мезанад ва по мекӯбад то мактаб наравад сабру ҳавсалаи хеле зиёде металабад. Ин қабил лаҷбозиҳо метавонад решаи генетикӣ дошта бошад, аммо дар бисёри маворид ин худи волидайн ҳастанд, ки бо бархурди носаҳеҳ боиси лаҷбоз шудани кӯдакашон мешаванд.

 

Чигуна рафтор кардан бо лаҷбозии фарзанд

  1. Ба ӯ фурсати шунида шудан бидиҳед

Барқарории иртибот дутарафа аст. Агар мехоҳед кӯдаки лаҷбози шумо ба ҳарфатон гӯш кунад, аввал аз ҳама бояд ҳарфи ӯро бишунавед. Кӯдакони лаҷбоз агар эҳсос кунанд, ки қарор нест ҳарфашонро бишунавед, мумкин аст фавран ҳолати дифоӣ ба худ бигиранд. Пас ҳар вақт кӯдакатон рӯи анҷом додан ё надодани коре лаҷбозӣ кард, ба ҷои инки зуд ҳукм содир кунед ва фурсати шунида шуданро аз ӯ бигиред, бо нармӣ ва мулоимат ба кӯдаки худ наздик шавед ва ба як гуфтугӯи солим даъваташ кунед то ӯ низ битавонад иллати мухолифаташро тавзеҳ бидиҳад.

  1. Бо ӯ иртиботи наздик барқарор кунед

Вақте кӯдаки худро ба анҷоми коре маҷбӯр мекунед, худатон боис мешавед, ки нофармонӣ кунад ва дақиқан ба анҷоми ҳамон коре, ки наҳи кардаед шавқманд шавад. Ин муқовимат ва истодагии кӯдак дар воқеъ як рафтори ғаризӣ дар посух ба маҷбур кардани ӯ аст, ки албатта маҳдуд ба гурӯҳи синнии хоссе нест ва дар бузургсолон низ иттифоқ меафтад.

Масалан агар аз вақти хоби кӯдаки шашсолаатон гузаштааст ва ӯ ҳанӯз пофишорӣ дорад, ки телевизор тамошо кунад, набояд бо иҷбор ба самти ҷойгоҳаш бурда шавад. Дар иваз канораш бинишинед ва худатонро ба мултифилме, ки тамошо мекунад алоқаманд нишон бидиҳед то бо мушоҳидаи ҳамдилии шумо нарм шавад ва роҳаттар ба ҳарфатон гӯш кунад. Кӯдаконе, ки бо волидайн ё парастори худ иртиботи хубе доранд, майли бештаре ба мушорикат ва фармонпазирӣ нишон медиҳанд. Дар воқеъ  барқарории робитаи маҳкам бо  кӯдакони саркаш  кумак мекунад осонтар бо якдигар канор биёед.

  1. Ба ӯ ҳаққи интихоб бидиҳед

Хеле вақтҳо кӯдакон дӯст надоранд ба онҳо амру наҳи шавад. Масалан агар ба кӯдаки лаҷбози чаҳорсолаи худ амр кунед, ки бояд сари соати 9и шаб дар ҷойгаҳи хобаш бошад, тааҷҷубе надорад, ки бо садои баланд ба шумо «на»  бигӯяд ё агар ба писарбачаи якрави худ маҷбур кунед, ки фақат ва фақат бояд ҳамон бозичаи интихоби худатонро бихрад, шак накунед, ки барои бозичаи интихобии худаш пофишорӣ хоҳад кард.

Ба ҷои инки ба кӯдаки лаҷбози худ амр кунед, ба ӯ ҳаққи интихоб бидиҳед. Масалан бигӯед: «хуб дигар вақти хоб аст. Азизам дилат мехоҳад кадом қиссаро бароят бихонам?» Ва сипас исми чанд қиссаро ном бибаред. Агар кӯдакатон ҳанӯз нофармонӣ кард ва гуфт: «ман намехоҳам биравам ҷом! », оромиши худро ҳифз кунед ва бо ҷидият бигӯед: «аммо ин ҷузъи интихобое, ки метавони дошта боши нест.»  Ва ин ҷумларо ҳар чанд бор, ки лозим шуд такрор кунед. Бо такрори шумо кӯдакатон тарғиб мешавад, ки қабул кунад.

Теъдоди интихобҳое, ки дар ҳар маврид дар назар мегиред, набояд хеле кам ё зиёд бошад. Масалан агар дари шкафи либосро боз кунед ва ба кӯдаки худ бигӯед, ки як пар либос интихоб кунад, эҳтимолан интихоби фақат як пар либос аз миёни ҳамаи либосҳое, ки дорад, барояш сахт хоҳад буд. Дар иваз метавонед худатон ду ё се пар либоси муносиб интихоб кунед ва сипас аз кӯдакатон бипурсед, ки дӯст дорад кадомашонро бипушад.

  1. Бо ӯ ҳамкороӣ кунед

Кӯдакони лаҷбоз дар мавриди инки чигуна бо онҳо рафтор мешавад, рӯҳияи бисёр ҳассосе доранд. Пас дар сӯҳбат бо ин қабил кӯдакон нисбат ба лаҳн,  забони бадан  ва калимоте, ки истифода мекунед иҳтиётгар бошед. Агар рафтори шумо боиси озори кӯдаки лаҷбозатон шавад, ҳолати дифоӣ ба худ хоҳад гирифт ва мумкин аст саркашӣ ва ҳозирҷавобӣ кунад ва рафторҳои пархошгарона аз худ нишон бидиҳад. Огоҳ бошед, ки чигунагии рафтори шумо таъсири хеле зиёде дар тарзи посухгӯии кӯдакатон хоҳад дошт. Масалан ба ҷои гуфтани «аз ту мехоҳам, ки ин корро анҷом бидиҳӣ.» Аз ҷумлаҳои монанди «Биё бо ҳамдигар ин корро анҷом бидиҳем.»  ё «читавраст ин корро имтиҳон кунем.» истифода кунед.

Барои инки кӯдакатон ба анҷоми кори хоссе тарғиб шавад, бозиҳои саргармкунанда анҷом диҳед. Масалан агар кӯдаки лаҷбозатон бозичаҳояшро ҷамъ намекунад, аввал худатон даст ба кор шавед ва сипас аз ӯ бихоҳед, ки дар ҷобаҷо кардани бозичаҳо ба унвони ёрдамчии махсус ҳамроҳиятон кунад. Ҳатто метавонед барои инки бозии ҷобаҷо кардани бозичаҳо ҷаззобтар шавад, вақт бигиред ва бигӯед ҳаркас, ки то поёни замони таъйиншуда бозичаҳои бештаре ҷамъ кард барандааст. Ин корҳои содда маъмулан ҷавоб медиҳанд ва ҳадафашон ин аст, ки бо кӯдаки худ рафиқ шавед.

  1. Ба ӯ эҳтиром бигузоред

Агар интизор доред кӯдакатон ба шумо ва тасмимҳоятон эҳтиром бигузорад, шумо низ бояд ба ӯ эҳтиром бигузоред. Ёдатон бошад, ки наметавонед бо зури қудрат кӯдаки худро ба ҳарфшунавӣ водор кунед. Чанд роҳкори содда барои доштани як робитаи ҳамроҳ бо эҳтиром иборатанд аз:

Ба ҷои амру наҳи кардан ба думболи эҷоди заминаҳои мушорикат ва ҳамёрӣ бошед;

Агар чанд фарзанд доред бояд байни  қонунҳои тарбиятии  ҳамаи фарзандонатон як иртиботи мантиқӣ вуҷуд дошта бошад ва низ набояд дар иҷрои ин қавонин, фақат чун барои худатон роҳаттар аст саҳлангорӣ кунед;

Ҳаргиз афкор ва эҳсосоти кӯдакатонро нодида нагиред ва бо ӯ ибрози ҳамдардӣ кунед;

Вақте кӯдаки худро ба анҷоми коре маҷбӯр мекунед, худатон боис мешавед, ки нофармонӣ кунад ва дақиқан ба анҷоми ҳамон коре, ки наҳи кардаед тарғиб шавад. Ин муқовимати кӯдак дар воқеъ як вокуниши ғаризӣ дар посух ба маҷбуркардани шумо аст, ки албатта маҳдуд ба гурӯҳи синнии хоссе нест ва дар бузургсолон низ иттифоқ меафтад.

Бигузоред кӯдакатон корҳоеро, ки бе кумаки шумо метавонад аз паси анҷомашон мебарояд худаш анҷом бидиҳад ва аз инки гӯшаи корро бигиред то аз бори масъулияташ кам шавад бипарҳезед то ба ин тартиб ба ӯ нишон бидиҳед, ки мавриди эътимоди шумост;

Ҳарф ва амалатон бояд яке бошад.

Кудаконатон ҳамеша дар ҳоли мушоҳидаи аъмол ва рафтори шумо ҳастанд пас ҳамонгуна рафтор кунед, ки дилатон мехоҳад бо шумо рафтор кунанд.

 

  1. Бо кудак музокира кунед

Гоҳе лозим аст бо кӯдаки худ музокира кунед. Маъмулан кудакон агар хостаашон анҷом нашуд каҷхулқӣ мекунанд. Аммо агар мехоҳед кӯдаки лаҷбозатон ҳарфшунавӣ дошта бошад, бояд бидонед, ки иллати мухолифаташ чист. Барои шурӯъ метавонед бипурсед: «чизе боиси нороҳатият шудааст?»  ё «чизе мехоҳӣ?»  то кӯдакатон ба сӯҳбат кардан тарғиб шавад. Бо ин рафтор ба ӯ нишон медиҳед, ки барои хостаҳояш эҳтиром қоил ҳастед. Аммо ҳадафи музокира ҳатман ин нест, ки дар ниҳоят таслими хостаҳои кӯдаки худ шавед, балки қарор аст нишон бидиҳед, ки нисбат ба хостаҳояш беэътино нестед. Масалан агар кӯдакатон ҳозир нест шабҳо дар соати муқаррар бихобад, ба ҷои маҷбур кардан бинишинед ва бо ӯ дар мавриди соати хоб музокира кунед ва ниҳоятан соатеро дар назар бигиред, ки мавриди ризояти ҳар ду тарафатон бошад.

  1. Аз зовияи диди ӯ ба масъала нигоҳ кунед

Барои инки битавонед иллати рафтори лаҷбозонаи кӯдаки худро бифаҳмед, аз гушаи чашми ӯ ба масъала нигоҳ кунед. Ба иборате худатонро ба ҷои кӯдакатон бигузоред ва тасаввур кунед чӣ чизе боис мешавад, ки лаҷбозӣ кунад. Ҳарчи кӯдаки худро комилтар бишносед, роҳаттар метавонед раги хобашро ба даст биёваред. Масалан агар кӯдакатон моил ба анҷоми вазифаи хонагиаш нест, шояд иллаташ ин бошад, ки аз ҳаҷми зиёди вазифаҳояш ошуфта шудааст ва қодир ба ҷамъ кардани фикраш барои ҳалли онҳо нест. Дар чунин мавориде метавонед вазифаҳояшро ба бахшҳои кӯчактар тақсим кунед то битавонад ҳар бахшро дар як замони кӯтоҳтар ба анҷом бирасонад ва сардаргум нашавад. Ҳамчунин метавонед байни вазифаҳояш занги танаффусҳои чанд дақиқаӣ дар назар бигиред то фишори камтаре ба ӯ ворид шавад.

 

  1. Рафтори мусбати ӯро тақвият кунед

Гоҳе авқот волидайн ба қадре аз лаҷбозии кӯдаки худ ба сутуҳ меоянд, ки дигар намедонанд чигуна  асабоният ва пархошгарии  ӯро контрол кунанд. Аммо агар бе фикр амал кунед, мумкин аст нохоста рафтори ғалате аз худатон буруз бидиҳед, ки лаҷбозии ӯро зиёдтар кунад. Масалан агар кӯдакатон тақрибан ба ҳарчизе, ки мегӯед ҷавоби «на»  медиҳад, бояд аз худтон бипурсед, ки оё шумо низ зиёд «на»  мегӯед. Агар ба ин натиҷа расидед, ки худтон низ ин калимаи манфиро зиёд такрор мекунед, пас хотиратон бошад, ки дар тақвияти рафтори манфии ӯ бетаъсир набудаед.

 

манбаъ: барграфта аз сайти Читавр

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.