Чигунагии рафтор дар равобити иҷтимоии зан ва мард

147

Бо диққат бар достони ҳазрати Юсуф(а) дар Қуръон, ба хубӣ ба чигунагии рафтор ошно мешавем. Эшон дар айни доштани мақом баланди маънавӣ, дар муқобили васвасаҳои шайтонӣ ба Худо паноҳ бурда, аз ӯ мадад меҷӯяд ва мегӯяд:

Парвардигоро, зиндон бароям маҳбубтар аст аз ончи (ҳавасбозон) маро ба он фаро мехонанд ва агар ҳилаи эшонро ба лутфу иноят худ аз ман дафъ накунӣ, ба он моил шуда, аз ҷоҳилин ва бехирадон хоҳам буд.[1]

Дар оёти қабл аз ин низ омаддаст:

«…Он зан, ки Юсуф дар хонаи ӯ буд, аз ӯ таманнои комҷӯӣ кард ва дарҳоро баст ва гуфт: «биё [ба сӯи ончи барои ту муҳайё аст].»  Юсуф(а) гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо!  ӯ (азизи миср) соҳиби неъмати ман аст. Мақоми маро гиромӣ медошт (ба ӯ хиёнат намекунам) мусалламан золимон растагор намешаванд.» Он зан қасди ӯ кард; ва Юсуф низ  агар бурҳони Парвардигорро намедид қасди вай менамуд, ин чунин кардем то бадӣ ва фаҳшоро аз ӯ дӯр созем.» [2]

Дар ин оя, ба хубӣ равшан аст, ки ончи ҳазрати Юсуф(а)-ро наҷот дод, имон ва эътиқоди ӯ буд; ва гарна ба таври табиӣ ӯ низ қасди Зулайхо карда, наметавонист хештандорӣ кунад. Дар натиҷа, бархурд бо номаҳрам, ба вежа дар фазое, ки шароити гуноҳ фароҳам аст, бисёр хатарнок аст ва ҷавонон бояд аз он муҳит дӯрӣ кунанд.

Нуктаи дигар, парҳез аз таҳрик ва ҷилвагирӣ аст. Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

(Занон) ҳангоми роҳ рафтан поҳои худро ба замин назананд то зинати пинҳонашон маълум шавад [ва садои халхол, ки ба по доранд ба гӯш расад]. [3]

Ин ояти муборака, занонро аз ҳассос намудани мардон ва ҷалби назари онҳо ба зинатҳои пинҳон наҳи мекунад то сабаби таҳрики ғаризаи онҳо нашавад.

Ҳамчунин дар достони ҳазрати Мусо(а) ва духтарони Шуайб(а) мехонем: замоне, ки ҳазрати Мусо(а) бо дидани духтарони Шуйб(а), ки ба сабаби ҳаё ва ифоф[4], аз ҷамъияти чӯпонон дур истода буданд баъд аз пурсиш ва сӯҳбат бо эшон, ба кумакашон шитофт ва гӯсфандонашонро сероб намуд. Баъд аз муддате яке аз духтарон, дар ҳоле, ки бо ниҳояти ҳаё қадам бар медошт, ба думболи Мӯсо(а) омад ва ба даъвати падар, ӯро фаро хонд.[5] Ба ҳангоми рафтан, ҳазрати Мӯсо(а) ба ӯ гуфт: Ман ҷилав меравам ва ту пушти сари ман роҳ биё, ман аз қавме ҳастам, ки ба пушти занон нигоҳ намекунам[6]. Баъд аз расидан ба назди Шуайб(алайҳиссалом), духтар, аз Мӯсо(а) ба қудрат ва амонат ёдоварӣ намуд, ки «амонат»  ба ифоф ва ҳаёи ҳазрати Мӯсо дар сухан гуфтан ва рафтор бо онон ва ба тарзи омадани ӯ тафсир шудааст.[7]

Замоне, ки ҷавонони поки мо, аз рафтори авлиёи илоҳӣ огоҳ шаванд, ки авлиёи Илоҳӣ дар мавориди лозим, бо камоли ҳаё ва ифоф ва тақво рафтор мекарданд ва аз гуноҳ парҳез доштанд, ба хубӣ роҳи худро меёбанд. Ба дурустӣ ба таълимоти динӣ амал карда ва «асли ҳарим»-ро мутобиқ бо ифоф ва саломат ва саодати худ мебинанд. Ба ростӣ агар дар замонҳои гузашта, ки ҳанӯз ҷавонон ҳамонанди имрӯз, гирифтори ҷилвагариҳо ва ҷаззобиятҳои ҷинсӣ набуданд, ин гуна ҳаримҳоро пос медоштанд, ҷавони имрӯзӣ бояд чигуна рафтор кунад? Оё ғайр аз ин аст, ки ҳадди ақал бояд ба андозаи онон асли ҳаримро пос дошт?

Чигунагии сухан гуфтан дар равобити иҷтимоӣ

Дар ҳадисе омадааст:

Ҳазрати Алӣ(а) барояш нохушоянд буд то ба занони ҷавон, оғоз ба салом кунад ва дар бораи ҳикмати он фармуд:

Тарс аз он дорам, ки таҳти таъсири садои ӯ воқеъ шавам ва зарари он, аз савобе, ки аз салом мебарам, бештар бошад.[8]

Духтарону писарони ҷавон бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки дар меҳмониҳо ва муҳити ҷомеа ва донишгоҳ, аз ҳарими чашму дили худ муҳофизат намуда, ба баҳонаи хешӣ ва ҳамсинф будан ва саволҳои дарсӣ, ба гуфтугӯҳои эҳсосӣ ва шӯхиҳо машғул нашаванд.

Дар ин бора дар ҳадиси дигаре аст:

Яке аз асҳоби Имомо Боқир(а) мегӯяд: Ба зане хондани Қуръон ёд медодам; каме бо ӯ шӯхӣ кардам. Вақте хидмати имом Боқир(а) расидам, ба ман фармуд: чӣ чизе ба зан гуфтӣ? Рангам парид ва хиҷолат кашидам. Баъд фармуд: Дигар ба тарафи он зан нарав ва ба ӯ дарс мадеҳ.

Ҳам чунин дар ҳадиси дигаре аз расули Худо(с) нақл шудааст:

Агар касе бо зани номаҳрам шӯхӣ кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат ӯро ба ҷои ҳар калима, ки бо ӯ сухан гуфтааст, ҳазор сол ҳабсш мекунад.

Зан бояд дар ҷомеа ва беруни хона, бо виқор ва ифоф ва матонат бошад ва дар айни расидагӣ ба кор ва таҳсили худ, ба гунае рафтор намояд, ки аз нигоҳҳои олуда дӯр буда, сабаби таҳрик ва ҷалби таваҷҷуҳи олудаи дигарон нашавад.

Худованд дар Қуръони карим, дар хитобе ба занони Паёмбар(с) мефармояд:

Эй ҳамсарони паёмбар, шумо ҳамчун занони оддӣ нестед, агар тақво пеша кунед. Пас ба гунаи ҳавасангез сухан нагӯед, ки бемордилон дар шумо тамаъ кунанд; ва сухани шоиста бигӯед.[9]

Ба ҳукми ин гуна оёт ва аҳодис, барои саломати фард ва ҷомеа, сухан гуфтани бо нозу карашма, ва рафтор ва аъмоли таҳрик кунанда ва шӯхиҳо ва хуштабъиҳо ва бигӯ ва бихиндҳои афроди номаҳрам боҳам ҷоиз нест.

Ҷавонон бояд ҳудуди равобит дар иҷтимоъ ва чигунагии онро дар пӯшиш, нигоҳ, сухан ва рафтор риоят намоянд то зомини саломат ва таҳорати ҷисм ва ҷонашон бошад.

Ҳазрати Алӣ(а) дар Наҳҷулбалоға, чигунагии рафтори иҷтимоии духтарон ва занонро равшан мекунад ва мефармояд:

Занон ва духтарони муъмин бояд се сифатро, ки барои мардон бад аст дошта бошанд: 1. Такаббур, 2.Тарс, 3. Бухл.

Такаббур; Яъне дар муқобили номаҳрам бо қотеият ва виқор сӯҳбат кунанд ва аз ҳарф задан бо ишва ва табассум, ки дигаронро таҳрик мекунад, бипарҳезанд.

Тарс ба ин маъно, кӣ: Битарсанд аз танҳо будан ва танҳо мондан бо шахси номаҳрам. Занон бояд аз заминаҳое, ки иффат ва обрӯи ононро дар маърази хатар қарор медиҳад ва боиси бадномии хонавода ё шавҳарашон мегардад, дӯрӣ намоянд.

Бухл; Яъне дар ҳифзу нигаҳдории моли худ ва шавҳар, диққат ва васвос дошта бошад ва амонатдори амволи ҳамсар буда сарфаҷу ва қаноатпеша бошанд[10].

Дар натиҷа, одӣ созии равобит ва ривоҷи беҳадду марзи он бо рӯҳи таолими динӣ ва равиши зиндагии аҳлубайти Расули Худо(а) созгор нест ва ҳамеша бояд «асли ҳарим»  риоят шавад ва барои тазмини саломат ва покии ҳар чӣ бештари ҷавонон, бояд бо ҳидоят ва ҷиҳат додани ғариза, ононро ёрӣ намуд. Албатта бояд аз мазоҳир фасод ва бебандуборӣ ва масоиле, ки ба гунае сабаби таҳрики ҷинсӣ ва инҳирофи ҷавонон мешавад ҷилавгирӣ намуд.

Таваҷҷуҳи ҳамаи соҳибназарон ва коршиносонро ба нақши муассири маънавиёт ва фазоили ахлоқӣ дар ҳали ин мушкил ҷалб мекунем.

Ошноёни раҳи ишқ дар ин баҳри амиқ

Ғарқа гаштанд ва нагаштанд ба об олуда

Бёием ба ҷавонон дарси ифоф ва хештандорӣ диҳем ва саломат ва сарбаландии онон ва ҷомеаро тазмин кунем то атри покӣ ва таҳорат ва эътимод ҳамаҷоро фарогирад.

 

  1. Сураи Юсуф, ояти 34.
  2. Сураи Юсуф, ояти 23 ва 24.
  3. Сураи нур, ояти 31.
  4. Тафсири Алмизон, ҷ 16, с 25.
  5. Сураи қасас, ояти 23- 25.
  6. Алмизон, ҷ 16, с 29.
  7. Ҳамон, с 26, 29.
  8. Мизонулҳикма, ҷ 4, с 540.
  9. Сураи Аҳзоб, ояти 32.
  10. Наҳҷулбалоға, ҳикмати 226, Ахлоқ ва ҷавон, ҷ 2, с 175
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.