Нақши дӯст дар зиндагӣ (қисми дуввум)

135

Озмудани дӯст

Имом Алӣ (а): Итминон ба ҳар касе пеш аз озмуданаш нотавонӣ аст.

Имом Алӣ (а): Озмуданро пеш андоз ва дар интихоби дӯст эҳтиёт кун, вагарна изтирор туро ба дӯстии бадон вомедорад.

Имом Алӣ (а): Бо шаш чиз андеша ва хиради мардон озмуда мешавад: ҳамнишинӣ, доду ситад, риёсат, канорагирӣ, сарват ва тангдастӣ.

Имом Алӣ (а): Мардум ҷуз бо озмоиш шинохта намешаванд. Хонавода ва фарзандонро дар набуданат, дӯстро дар гирифторият, хешовандонро дар тангдастият ва чоплусону дӯстнамоёнро ҳангоми бекорият биёзмой, то ҷойгоҳи худатро назди онон бидонӣ.

Имом Алӣ (а): Касеро барои дӯстии ҳақиқӣ нишон макун, магар ин ки ӯро дар се ҷо биёзмоӣ: ӯро ба хашм оварӣ ва бингарӣ, ки оё хашм ӯро аз ҳақ ба ботил берун мебарад ё на; ва ҳангоми дастёбӣ ба молу манол; ва ҳангоме, ки бо ӯ ҳамсафар мешавӣ.

Имом Содиқ (а): Ҳаргоҳ дӯсти ту бар курсии риёсат нишаст ва якдаҳуми рафтори пеш аз риёсатро бо ту дошт, дӯсти баде нест.

Риҷоли Кашшӣ-ба нақл аз Муҳаммад ибни Синон-: Гурӯҳе аз кӯфиён ба Имом Содиқ (а) нома навиштанду гуфтанд: Муфаззал бо одамҳои палид ва кафтарбозу майгусор ҳамнишинӣ мекунад. Сазовор аст барояш номае навишта ба вай дастур диҳӣ бо онон ҳамнишинӣ накунад.

Имом Содиқ (а) номае барои Муфаззал навишту мӯҳр кард ва онро ба кӯфиён доду дастур дод бо дасти худ номаро ба Муфаззал бидиҳанд. Онон номаро барои Муфаззал оварданд. Ин гурӯҳ иборат буданд аз: Зурора, Абдуллоҳ ибни Букайр, Муҳаммад ибни Муслим, Абӯбасир ва Ҳуҷр ибни Зоида. Номаро ба Муфаззал доданд ва ӯ онро боз карду хонд. Матни нома чунин буд:

«Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Фалон чиз ва фалон чизро харидорӣ кун».

Дар нома сӯҳбате аз матолиби он гурӯҳ наёмада буд. На зиёд ва на кам. Муфаззал вақте номаро хонд, онро ба Зурора дод ва ӯ онро ба Муҳаммад ибни Муслим дод ва нома дар дасти ҳама чархид. Онгоҳ Муфаззал гуфт: (Дар бораи ин фармон) чӣ мегӯед?

Гуфтанд: Ин сарвати азиме металабад. Бошад то дар борааш бияндешем ва онро ҷамъ карда назди ту биёварем. Наметавонем ба он даст ёбем, магар туро бибинем ва сипас дар ин масъала бияндешем.

Хостанд берун бираванд, ки Муфаззал гуфт: Бояд назди ман таом бихӯред ва ононро барои таом хӯрдан нигаҳ дошт. Муфаззал ба дунболи дӯстоне, ки аз онҳо бадгӯӣ шуда буд, фиристод. Онҳо омаданд. Номаи Имом Содиқ (а)-ро барои онон хонд. Онҳо берун рафтанд ва Муфаззал он гурӯҳ (-и аввал)-ро ба баҳонаи таом хӯрдан нигаҳ дошт.

Тўле накашид, ки ҷавонон омаданд ва ҳар як ба андозаи тавон ҳазор ё дуҳазор ва бештар ё камтар бо худ оварда буданд. Пеш аз он ки онон аз таом хӯрдан даст бикашанд, дувоздаҳ ҳазор дирҳам омода карданд. Муфаззал рӯ ба онон карду гуфт: Мегӯед инонро аз худ биронам? Гумон мебаред Худованди Мутаол ба намозу рӯзаи шумо ниёз дорад?!

Баён:

Накӯҳиш шудани Муфаззал аз сӯи кӯфиён ба хотири рафту омади вай бо гунаҳкорон ва бархе афроди нобаҳанҷори ҷомеа аст, ки хатоҳои онон мавриди таъйиди Имоми Маъсум (а) нест, аммо Имом (а) бо ин кор (дар сурати дурустии ин гузориш), шахсияти таъсиргузори Муфаззалро ба асҳоб менамоёнад, вагарна чунин муоширатҳое барои афроде, ки таъсирпазиранд ва махсусан ҷавонон судманд нест.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.