Авомили муҳаббат дар Ислом(2)

62

  1. Ҳадия додан дӯстоифарин аст

تهادوا تحابوا

Имом Содиқ(а) фармуд:

Ба якдигар ҳадия диҳед, то дӯсти ҳам шавед, чаро, ки ҳадия кинаро аз байн мебарад.

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Ҳадия муҳаббат меовард, ва фармуд: ҳеҷ чиз мисли ҳадия, фармонраворо мулоим ва хашмро берун ва ронда шударо мутамоил ва корҳои сахтро осон ва бадиҳоро дур намекунад.

Нуктаи муҳим дар ҳадия ва аҳамияти он ба изҳори муҳаббат ва дӯстӣ аст, на арзиши‍ моддии он, бинобарин дар ҳадия интизоротро канор бигузоред ва арзиши воқеии онро дар назар бигиред то дӯстони шумо ва худи шумо битавонед ҳамвора ба якдигар ҳадиае ҳар чанд андак ба нишони дӯстӣ тақдим кунед, мутаассифона ин ибрози дӯстӣ, дар назди баъзе ба хотири интизороти нобаҷо табдил ба василаи кудурат мешавад ва ба ҷои ташаккур ва дарёфти паёми ҳадия, ба хотири масоили моддӣ аз якдигар дилхур мешаванд.

Имом Содиқ(а) фармуд:

Маҳбубтарин бародаронам, касе аст, ки айбҳои маро ба ман ҳадия диҳад.

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Чӣ хуб ҳадияе аст, панд.

Паёмбари Акрам(с) фармуд:

Ҳеҷ мусулмоне барои бародараш, ҳадияе беҳтар аз сухан ҳакимона, ки ё ҳидояташро зиёд кунад, ё аз ҳалокат дӯраш кунад, надодааст.

  1. Муоширати некӯ

حسن العشرة تستدیم المودة

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Муоширати некӯ, дӯстиро давом мебахшад.

Албатта таъсири муоширати некӯ ва риояти ахлоқ дар хонавода ва бархурди дӯстона, масъалаи комилан равшан аст.

  1. Хушахлоқ бошед

حسن الخلق یورث المحبة

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд: Хушахлоқ будан дӯстӣ меоварад; ва фармуд: Се чиз муҳаббат меоварад, хушахлоқӣ, мулоимати некӯ ва тавозӯъ.

  1. Мулоимат ва нармхуӣ

بالرفق و التودد یحببک القلوب

Имом Боқир(а) фармуд:

Бо мулоимату дӯстӣ, дилҳо туро дӯст медорад.

  1. Хушгумонӣ, муҳаббат меоварад

من حسن ظنه بالناس حاز منهم المحبة

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Ҳар кас ба мардум хушгумон бошад ба муҳаббати онҳо даст меёбад.

  1. Бениёзӣ аз дигарон ва муҳаббат

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Худро маҳбуби мардум кун, бо берағбатӣ ба ончи дар дасти онҳост, то ба муҳаббати онҳо бирасӣ.

Марде назди Паёмбари Акрам(с) омад, аз ҳазрат саволҳо кард аз ҷумла пурсид: Чӣ кунам то мардум маро дӯст бидоранд? Ҳазрат фармуд: Ба мардум некӣ кун ва чашм ба доштаи онҳо надошта бош ва ба он тамаъ накун то туро дӯст бадоранд.

  1. Саховат, муҳаббат овар аст

السخاء یزرع المحبة

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Саховат, муҳаббатро мерӯёнад.

Имом Содиқ(а)лайҳ ба яке за ёронаш фармуд:

Худатро бо расидагӣ ба бародаронат маҳбуб гардон; Ҳамоно Худованд муҳаббатро дар «бахшиш» ва душманиро дар «надодан» қарор додааст.

  1. Сукут ва муҳаббат

ان الصمت یکسب المحبة

Имом Козим(а) фармуд:

Сукут муҳаббат меоварад, сукут роҳнамои ҳар чизе аст.

Зеро бештарин асбоби душманӣ аз сухан гуфтан аст ва аз онҷо, ки ҳаракат додани забон кори осон аст, бисёре бо сухани сабк ва насанҷида обрӯи худро мебаранд ва худро назди мардум ва Худо сабук мекунанд.

  1. Сухани зебо ва муҳаббат

Ҳазрати Саҷҷод(а) фармуд:

Сухани зебо, дороиро зиёд ва рӯзиро афзоиш медиҳад, аҷалро ба таъхир меандозад ва инсонро назди хонавода маҳбуб ва вориди биҳишт мекунад.

  1. Тавозӯъ, муҳаббат меоварад

ثمرة التواضع المحبة

Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

Натиҷаи тавозӯъ ва фурӯтанӣ, дӯстӣ аст

Ва фармуд: Се чиз муҳаббат меоварад: хушахлоқӣ, мулоимати некӯ ва тавозӯъ.

  1. Се омили муҳаббат

Имом Боқир(а) фармуд:

Се чиз муҳаббат меоварад, қарз, тавозӯъ ва бахшиш; ва дар ин миён бояд аз авомили муҳимме мисли имон, муҳаббат, эҳсон, чеҳраи гушода ва хандон, ҳадия додан, ахлоқи хуб, ширинзабонӣ ва бениёзӣ ва кам таваққӯъӣ ва тавозӯъ, бештар истифода намуд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.