Фавоиди дар оғӯш гирифтани кӯдак чист?

106

Шири модар асароти фаровоне дар рушди ҷисмии кӯдак дорад, аммо бисёре аз равоншиносон мӯътақиданд, ки дар канори он, дар оғӯш гирифтан ва бағал кардани кӯдак ҳангоми шир додан омили аслии рушди ҷисмӣ ва равонии кӯдак ба шумор меравад.

Шир додан ба кӯдак аз назари равоншиносӣ дорои пояҳо ва дидгоҳҳои таҳлилии амиқ ва печидае аст. Дар ҳамин росто равондармонгарони таҳлилӣ дар бораи ин масъала мӯътақиданд, ки шир додан мавзӯи аслӣ нест балки ламс ва дар оғӯш гирифтан мавзӯи аслии рушди ҷисмӣ ва равонии кӯдак аст, ки онро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Бисёре аз равондармонгарон аз ҷумла “Доналд Вудс Винникотт” ва “Ҷон Боулби” дар бораи тағзия ва рушди кӯдак гуфтаанд: Дар оғӯш гирифтан таъсири зиёде бар рӯҳия ва рушди кӯдак дорад, ба иборати дигар тағзия омили дувум ва дар оғӯш гирифтан ва нигаҳ доштани кӯдак (hold) омили ибтидоӣ ва аслии рушди кӯдак аст.

Дар оғӯш гирифтани кӯдак ба ӯ эҳсоси амният медиҳад; Дар оғӯш гирифтан ба ду навъ “ҷисмӣ” ва “равонӣ” тақсим мешавад. Дар оғӯши ҷисмӣ, модар кӯдакро ба шакли одӣ ва маъмулӣ миёни бозӯвонаш дар оғӯш мегирад, ин дар ҳолест, ки ҳангоми дар оғӯш гирифтани равонӣ ё зеҳнӣ, модар бо фикр кардан ба навзоди нав мутаваллид шуда, ӯро ба лиҳози равонӣ дар оғӯш мекашад. Дар ин ҳолат модар дар зеҳн, ҷое барои фарзанди худ боз мекунад ва аз ин тариқ кӯдакро дар оғӯши зеҳнии худ ҷой медиҳад, бинобар ин масъала бисёр амиқтар ва дақиқтар аз он аст, ки бихоҳем фақат бо шир додан бар асоси тағзия, кӯдакро таъмин кунем.

Ҳатто дар деҳаҳои баъзе кишварҳо модарон ҳангоме, ки барои кор кардан рӯи замини кишоварзӣ хонаро тарк мекунанд, кӯдакро ба камаршон мебанданд, ин равиш бадеҳитарин ва соддатарин шакли иртиботи ламсӣ миёни кӯдак ва модар аст.

Мумкин аст баъзе аз кӯдакон шири хушк бихуранд аммо модарон бояд ин шири хушкро низ бо дар оғӯш гирифтан ва ламси кӯдак ба фарзанди худ бидиҳанд чароки ҳадафи аслии тағзия эҷоди амният ва барқарории иртибот миёни модар ва кӯдак аст.

Модароне, ки дучори афсурдагӣ ҳастанд мумкин аст омодагӣ ва тавоноии лозим барои тавлиди шир ва ё дар оғӯш гирифтани кӯдакро надошта бошанд, мутаассифона модарони афсурда ба хотири шароити рӯҳие, ки доранд камтар ба самти кӯдакашон таваҷҷуҳ мекунанд ва тавони лозим барои будан бо кӯдаки худро надоранд, ин масъала дар эҷоди эҳсоси ноамнӣ ва дигар мушкилоти равоншинохтӣ таъсиргузор аст. Модарони музтариб низ ба далели мушкилоте, ки доранд ё кӯдакро хеле зиёд дар оғӯш мегиранд ё мумкин аст, ки бисёр кам онҳоро бағал кунанд. Дар ҳар ду ҳолат кӯдак эҳсоси ноамнӣ ва нокомӣ дорад. Пажӯҳишгарон мӯътақиданд модарон яхдонӣ модароне ҳастанд, ки аз ҳархел иртиботи ламсӣ ва дар оғӯш гирифтани кӯдак худдорӣ мекунанд, чунин модароне боиси эҷоди мушкилоти равоншинохтии гуногуне барои кӯдак мешаванд.

Дар оғӯш гирифтан ва нигаҳ доштан, аз асоситарин ва бунёдитарин ниёзҳои кӯдак мебошад, ки набуди иртиботи ламсӣ ва надоштани ҳузур дар оғӯш байни модар ва кӯдак заминаи эҷоди анбӯҳе аз ихтилолоти шахсиятӣ ва равониро дар снини бузургсолӣ эҷод мекунад.

Доктор Исмоил хушназар

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.