Читавр ошиқи мутолиа шавем? (қисми дуввум)

160

Бахши дувум: Шароити мутолиаи худро беҳина кунед.

Оё мақолаи  бахши аввал ”читавр ошиқи мутолиа шавем ?”ро хондаед?

1 – Муҳити муносиб барои мутолиа  фароҳам кунед.

Муҳите пайдо кунед, ки ором, дорои нури муносиб ва роҳат бошад. Ҳатто метавонед гӯшае аз утоқро барои мутолиа дар назар бигиред. Авомили парешон шудани фикр дар атрофи шумо метавонанд диққат карданро барои шумо бисёр сахт кунанд. Ҳеҷ кас дӯст надорад як матнро борҳо ва борҳо бихонд.

Нукта:

Пайдо кардани маҳалли муносиби мутолиа низ ба андозаи интихоби як китоби хуб барои аксари афрод дорои аҳамият аст.

Гоҳе афрод ба далели ҳассосият ба нур азият мешаванд ва ҳамин метавонад омиле барои сардарди онҳо ҳангоми мутолиа бошад. Бинобар ин беҳтар аст аз матнҳои дорои контрасти (дурахшандагии) боло, ва коғазҳои мунъакискунандаи нур барои мутолиа худдорӣ кунед.

Ҳамчунин лозим нест шумо ҳатман дар хона мутолиа кунед. Метавонед аз китобхонаҳо ё ҳатто боғчаи назди ҳавлигӣ, паркҳои наздики худ, ки муносиб ҳастанд барои мутолиа истифода кунед.

2 – Замони махсуси мутолиа дар назар бигиред

Саъй кунед замони хосс барои мутолиаи  рузонаи худ дар назар бигиред. Ҳатто агар ин замон 10 дақиқа баъд аз ноҳор, 20 дақиқа дар автобус ва 15 дақиқа қабл аз хоби шаб бошад, дар ин сурат хоҳед дид, ки ба сурати комилан номаҳсус, рӯзона 45 дақиқа аз замони шумо сарфи мутолиа шудааст.

Шумо ҳатто метавонед мутолиаро ба як бозӣ барои худ табдил кунед. Замонҳои мушаххас барои мутолиа таъйин кунед ва баъд аз мутолиа ба худ ҷоизае бидиҳед. Дар ниҳоят хоҳед дид, ки худи мутолиа беҳтарин ҷоиза барои шумо будааст.

3 – Ҳамеша як китоб бо худ ба ҳамроҳ дошта бошед

Шумо ҳеҷ вақт намедонед ки мумкин аст чанд дақиқа вақти изофӣ дошта бошед. Барои мисол мунтазир мондан дар салон интизор, рафту омад бо васоили нақлияи умумӣ, мунтазир мондан дар рестаран барои расидани дӯстон ва… ҳамагӣ замонҳое ҳастанд, ки моро таҳрик мекунанд тилфони худро бардорем ва паёмҳои худро чек кунем. Бо доштани як китоб ҳамроҳ худ, метавонед ишқ ба мутолиаро дар худ афзоиш диҳед.

Агар китобхони электроник дошта бошед, метавонед як китобхонаи комилро бо худ дошта бошем. Интихоб бо шумост.

4 – Листи мутолиа дошта бошед.

Агар дафтарчаи ёддошти кӯчак ё апликейшни ёддошт дар тилфон ё абзори дигар доред, онро дами даст дошта бошед то манобее, ки мебинед ё мешунаведро дар он ёддошт кунед ва дар оянда мутолиа кунед. Ба хотир супории ановин ва нависандаҳо дар китобфурӯшиҳо ё китобхонаҳо мушкил аст ва корро барои интихоби китоб сахт мекунад. Бо доштани як листи дами дастӣ, ҳамеша китобҳоеро, ки метавонанд барои шумо ҷолиб бошанд хоҳед ёфт.

Агар дар китобхона ё китобфурӯшӣ ҳастед ва як китоб ба шумо лабханди таҳрикомезе мезанад !!!!, билофосила онро дар листе ёддошт кунед ва ё акс аз ҷилди он бигиред. Бо ин равиш онро барои харидҳои баъдӣ ба ёд хоҳед дошт.

5 – Нависандагон ё маҷмӯаҳоеро, ки дӯст доред думбол кунед.

Вақте ошиқи навъи навиштаҳои нависандае мешавед, дар бораи худаш ва дигар китобҳое, ки навишта аст, ҷустуҷӯ ва таҳқиқ кунед. Ҳатто агар мавзӯи дигари китобҳои нависанда шуморо ҷазби худ накунад. Дӯст доштани сабки навиштаҳои хосс метавонад шуморо ба самти китобҳое бикашонад, ки мумкин буд интизори лаззат бурдан аз онҳоро надоштед. Бинобар ин ҳатман дигар китобҳои нависандаеро, ки ошиқаш ҳастед ҷустуҷӯ кунед.

Масалан ман худам ошиқи китобҳои Дарен Ҳарди  ҳастам

6 – Мутолиаи худро умумӣ кунед

Ба думболи конунҳои китоб ва гурӯҳҳои мутолиа, ки ба китобҳои мавриди алоқаи шумо таваҷҷуҳ доранд бигардед ва узви онҳо шавед. Мутолиа монанди дидани филм ё тамошои телевизион як кори ҷамъӣ нест вале шумо метавонед то ҳудуде ин корро умумӣ кунед. Шумо метавонед ба унвони саргармӣ, дар бораи китобҳо бо якдигар гуфтугӯ кунед.

Пайдо кардани гурӯҳҳои маҳаллӣ маъмулан содда нест, аммо шумо метавонед дар муҳити анлойн ба хубӣ бо ҷавомеи мутолиа ошно шавед.

7 – Китобҳои савтӣ гӯш диҳед.

Гоҳе вақтҳо, донишгоҳ, кор ё машғалаҳои дигар ба шумо иҷоза намедиҳанд замони кофӣ барои мутолиа дар заминаи алоқаатон дошта бошед. Дар ин шароит бо гӯш додан ба китобҳои савтӣ бахше аз ҷои холии китоб дар зиндагии худро рӯзона пур кунед. Ҳатто гӯш додан ба китобҳои савтӣ ин имконро ба шумо медиҳад то бо таваҷҷуҳ ба машғалаҳое, ки доред ва наметавонед китоб бихонед вале аз ёдгирӣ ва мутолиа лаззат бибаред ва ба он алоқаманд шавед.

8 – Ба китобхонаи маҳалли худ муроҷиа кунед.

Дар китобхонаҳо узв шавед, худро ба муроҷиаи давраӣ ба китобхонаи маҳаллатон одат диҳед то ҳамеша бо мутолиа сару кор дошта бошед.

9 – Ба фурӯшгоҳҳои китоб муроҷиа кунед.

Чӣ китобфурӯшиҳои кӯчак чӣ бузург маъмулан китобҳои мутанаввее барои фурӯш доранд ва беҳтарин маҳалл барои дидан ва хариди китобҳое ҳастанд, ки дӯсташон доред. Гоҳе муҳосира шудан тавассути қафасаҳои китоб ва қарор гирифтан миёни китобҳое, ки дӯсташон доред , шӯр ва иштиёқи шуморо барои мутолиаи китоб ва хариди он боло мебарад.

Манбаъ: сайти WikiHow

Ҳатман ин мақоларо ҳам бихонед: Читавр ошиқи мутолиа шавем? (қисми аввал)

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.