Чигуна кӯдаки масъулиятпазир дошта бошем

118

Ба кӯдак иҷозаи иштибоҳ кардан намедиҳед

Ҳеҷ кас дӯст надорад шоҳиди шикасти фарзанди худ бошад аммо бояд ин нуктаро дар назар дошта бошед, ки иштибоҳ кардан бахше аз зиндагӣ аст ва кӯдакон аз иштибоҳоташон дарс мегиранд ва беҳтар аст волидайн ба кӯдак иҷозаи иштибоҳ кардан бидиҳанд то битавонад аз иштибоҳҳояш дарс бигирад.

Ба кӯдак фурсат диҳед иштибоҳ кунад. Ба ӯ иҷоза диҳед  хамирдандонашро бирезад, зонуҳояшро захмӣ кунад, тӯпашро дар ҳавлии ҳамсоя биндозад ва ё ҷавоби хеле аз саволҳоро надонад, албатта ба ин нукта диққат кунед, ки дар мавриди корҳои хатарнок сӯҳбат намекунем ва дар сурати вуҷуди хурдтарин хатар барои кӯдак бояд эҳтиёт кунем аммо иштибоҳоти содда, фурсати касби таҷрибаҳои арзишмандеро ба кӯдак медиҳад.

Қабл аз инки кӯдак аз шумо кумак бихоҳад, ба ӯ кумак мекунед

Баъзе вақтҳо, ҳамаи мо ба унвони волидайн зудтар аз замони лозим ва ҳатто бе дархости кӯдак ба ӯ ёрӣ медиҳем. То ба ҳол ба ин мавзӯъ фикр кардаед, ки агар худатон машғули анҷоми коре бошед ва бихоҳед онро ба танҳоӣ анҷом диҳед аммо ҳар ду дақиқа якбор шахсе бо нодида гирифтани шумо дар коратон дахолат кунад ва онро анҷом диҳад, чӣ эҳсосе ба шумо даст медиҳад? Маъмулан кӯдакон бо дахолатҳои шумо, ки бо нияти кумак ба кӯдак анҷом мешавад дучори эҳсоси ноумедӣ мешаванд ва дар  оянда аз шумо интизор хоҳанд дошт, ки ҳамаи корҳоро барояшон анҷом диҳед чун одат кардаанд ҳеҷ кореро худашон анҷом надиҳанд.

Вазифаи шумо дар ин мавқеиятҳо бисёр содда аст, мунтазир бошед то кӯдак аз шумо дархости ёрӣ кунад. Бо вуҷуди инки дидани кӯдак дар ҳоли талош барои боло кашидани сепи либосаш метавонад шуморо нороҳат кунад аммо то замоне, ки кӯдак тақозои ёрӣ накардааст, сабр кунед ва замоне, ки аз шумо кумак хост, ба ҷои инки ба суръат сепи либосашро боло бикашед ба ӯ нишон бидиҳед, ки чигуна метавонад ин корро анҷом диҳад.

Ба кӯдак фурсати интихоб кардан намедиҳед

Волидайн ба кӯдак иҷоза медиҳанд то ба ончи, ки мехоҳад бирасад ва пирӯзиро ҷашн бигирад аммо оё имкон дорад кӯдакро бе дарназар гирифтани алоқамандиҳояш, ба самте роҳнамоӣ кунед. Ҳамаи мо дӯст дорем фарзандонамон дар ҳамаи корҳояшон муваффақ шаванд. Баъзе вақтҳо ҳатто намедонанд, ки бо ин кор ба ҷои инки ба кӯдакон фурсати давидан бидиҳем, дар воқеъ онҳоро фақат барои ҷашн гирифтан ба самти хатти поён ҳидоят мекунем.

Аз варзиш то таҳсилот, мумкин аст волидайн ба хотири инки ба кӯдак фурсати интихоб надодаанд ва фақат ӯро ба марҳалаи баъд ҳидоят кардаанд, муқасир бошанд. Агар шумо ҳам ба ҷои инки масъулиятро ба кӯдак бидиҳед то коррашро худаш анҷом диҳад ва роҳи ҳалле барои он пайдо кунад, масири ҳаракати ӯро мушаххас мекунед, бештар тааммул кунед. Ҳар чӣ бештар ба кӯдак фурсати таҷриба бидиҳед, зудтар метавонад худбоварии лозим ро ба даст биёварад то барои ҳамаи тасмимоти зиндагӣ ба шумо вобаста набошад.

Ба кӯдак фурсати ба анҷом расондани масъулиятҳои кӯчакро намедиҳед

Метавонед аз кӯдак барои берун бурдани хокрӯбаҳо кумак бихоҳед. Ӯ метавонад дандонҳояшро мисвок бизанад ва тасмачаи бехатарии худашро бибандад. Бо вуҷуди инки шумо метавонед ин корҳоро сареътар, беҳтар ва роҳаттар анҷом диҳед аммо инҳо вазоифи кӯчаке ҳастанд, ки кӯдак метавонад худаш ба танҳоӣ анҷом диҳад. Агар кӯдак ин корҳоро анҷом надиҳад, чигуна метавонад ёд бигирад? Вазоиф ва масъулиятҳои кӯчакеро барои ӯ дар назар бигиред ва бо гузашти замон масъулиятҳои кӯдакро бештар кунед. Бо ин равиш метавонед кӯдаке парвариш диҳед, ки дар  оянда масъулиятпазир (вазифашинос) ва дорои эътимоди ба нафс бошад.

Ҳамаи корҳои кӯдакро анҷом медиҳед

Вақте кӯдак муваффақ ба анҷоми коре намешавад, шумо онро барояш анҷом медиҳед. Бо ин кор боис мешавед кӯдак бе кумаки шумо натавонад банди паяфзолҳояшро бибандад, вазифаҳояшро анҷом диҳад ва ё либосе интихоб кунад. Шумо бо ин равиш бе инки мутаваҷҷеҳ бошед ҳамаи корҳои кӯдакро ба ҷои ӯ анҷом медиҳед. Бо вуҷуди инки шумо ба унвони модар дӯст доред аз фарзандатон муроқибат ва ба ӯ кумак кунед аммо набояд ҳамаи корҳоро барои ӯ анҷом диҳед. Бовар дошта бошед кӯдак ҳам бештар меписандад барои тасмимгирӣ озодии бештаре дошта бошад. Кӯдак ниёз ба рушд ва пешрафт дорад ва агар шумо ҳамеша ҳамаи корҳои ӯро анҷом диҳед, муваффақ нахоҳад шуд.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.