Чаро дигарон бо шумо ҷиддӣ нестанд?

45

Ба гуфтаҳои худ пойбанд нестед

Қавлҳо ва ваъдаҳое медиҳед, ки баъдан наметавонед ба онҳо амал кунед? Оё бо ҳаяҷону иштиёқ барои хонавода ва дӯстони худ тавзеҳ медиҳед, ки барноматон барои кору зиндагӣ ва … чист, аммо ҳаргиз ин иттифоқҳо намеафтанд?

Барои худатон як қонуни ҷадид вазъ кунед. Ба дигарон нагӯед чӣ қарор аст бикунед. Дар иваз корҳоеро, ки токунун анҷом додаед ба онҳо бигӯед. Ин кори шумо на танҳо аз шарманда шудани шумо дар оянда ҷилавгирӣ мекунад балки ангезатонро барои барномае, ки дар зеҳн доред ҳифз мекунад. Одамҳое, ки ба ончи мегӯянд амал мекунанд, мавриди эҳтироманд ва ҷиддӣ гирифта мешаванд. Зимнан ин афрод масъулиятпазиртар ҳастанд.

Пайгири барномаҳоятон нестед

Бо худатон рӯрост бошед; оё ағлаб проектҳои ҷадиде дар кор ё зиндагиятон шурӯъ мекунед аммо каме баъд мутаваҷҷеҳ мешавед ҳаргиз аз марҳалаи аввалия наметавонед ҷилавтар биравед? Пас тааҷҷубе надорад, ки атрофиёнатон шуморо ҷиддӣ намегиранд. Иттифоқе, ки инҷо меафтад ин аст, ки пайрави ҳеҷ системи ҳадафгузории мантиқӣ нестед. Шояд тасаввур кунед фақат афроде, ки ба думболи дастовардҳои хеле бузург ҳастанд, ҳадафгузорӣ мекунанд аммо хуб аст бидонед танҳо роҳи анҷом ва такмили корҳо, доштани барномаи гом ба гом ва сипас пайгирӣ ва амали дақиқ ба он барнома аст.

Намедонед чигуна кору тафреҳро аз ҳам ҷудо кунед

Ин хеле хуб аст, ки алоқамандиҳои фардиятонро бо онҳое, ки дар ҳалқаи ҳирфаитон ҳастанд шарик шавед, аммо ба назар мерасад имрӯза ҳадду ҳудудҳо каме баҳам рехтаанд: кормандон беш аз ҳад бо раиси худ самимӣ мешаванд, ва соҳибони касбу кор бо муштариёни худ даври мизи бозӣ ҷамъ мешаванд ва ҳамзамон бо бозӣ аз зиндагии шахсе худ мегӯянд.

Аммо воқеият ин аст, ки ҳар чӣ мардум бештар дар мавриди шумо бидонанд камтар метавонанд шуморо дар либоси як ҳирфаӣ бубинанд. Беҳтар аст ҷузъиёти зиндагии шахсиятонро фақат барои дӯстони мавриди эътимодатон нигаҳ доред, на инки онҳоро бо ҳамкоронатон матраҳ кунед, чун боис мешавад шуморо дастикам бигиранд ва фурсатҳои хуби ҳирфаиро аз даст бидиҳед.

Ба ҷойи амал кардан, баҳона меоваред

Ба тамоми замонҳое фикр кунед, ки вақтатонро сарфи ин кардаед то ба дигарон тавзеҳ бидиҳед чаро натавонистаед кореро, ки гуфтаед анҷом диҳед. Ҳоло фикр кунед агар ба ҷойи он ҳама оҳу нола кардан ва баҳона тарошидан, коратонро мекардед ва пуштикор доштед чиқадар беҳтар ва муваффақтар мебудед. Баҳона овардан навъе шона холӣ кардан аст. Ин бор, ки хостед танбалитонро гардани як нафари дигар ё шароите хос бияндозед, саволҳои зерро аз худ бипурсед:

Чаро аз воқеият фирор мекунед?

Воқеан чӣ чизе манро аз даст ба кор шудан боз медорад?

Агар муассиртар будам дигарон чиқадар маро ҷиддӣ мегирифтанд?

Барои инки ин тағйирро дар худам шурӯъ кунам бо чӣ касе бояд машварат кунам?

Бо одамҳои иштибоҳӣ мегардед

Агар дигарон бубинанд бештар бо одамҳои сатҳӣ ва эҳмолгар ё густоху пурҳарф иртибот доред, маъмулан шуморо ҷиддӣ намегиранд. Дуруст аст, ки қарор нест ҳамаи одамҳо сабки зиндагӣ комилан солим дошта бошанд ва тамоми рафторҳояшон мантиқӣ ва беайб бошад, аммо теъдоди афроде, ки маъмулан рафторҳои мантиқӣ доранд ва дуруст фикр мекунанд кам ҳам нест. Ба думболи иртибот бо касоне бошед, ки арзиши вақт сарф карданро дошта бошанд, одамҳои боахлоқе, ки шахсияти қавӣ ва босуботе доранд ва нишасту бархост бо онҳо эътимоди ба нафсатонро боло мебарад.

Гоҳе ба сахтӣ метавонем одамҳоеро, ки таъсири мусбате дар зиндагиамон надоранд канор бигузорем аммо ёдатон бошад дунё пур аз афроди рангоранг аст. Агар воқеан тасмим гирифтаед, ки дигарон шуморо ҷиддӣ бигиранд, як дӯст ё гурӯҳе аз дӯстони ҷадид пайдо кунед, ки битавонанд кумактон кунанд ба самти ҳадафатон ҳаракат кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.