Читавр ошиқи мутолиа шавем? (қисми аввал)

281

Дар ин давра ва замона, аксари мардум аз рӯи алоқа мутолиа намекунанд. Далелҳои зиёде ҳам барои ин амр вуҷуд дорад. Баъзе бар ин боваранд, ки мутолиа замон ва заҳмати зиёдеро металабад. Бархе ҳамчун дар даврони таҳсил аз дарс хондан лаззат набурдаанд , тасаввур намекунанд битавонанд аз мутолиа лаззат бибаранд. Иддае шояд ба содагӣ чун дар муҳити мутолиа набудаанд, лаззати мутолиа дар онҳо парвариш наёфтааст.

Бо ин ҳол мутолиа метавонад то ҳадди зиёде кайфияти зиндагии шуморо боло бибарад, роҳҳое ҳам вуҷуд дорад то мутолиаро ба як амри лаззатбахш табдил кунем. (чи ба таври мустамир мутолиа мекунед ё аз айёми мактаб дигар мутолиа накардаед, ё шояд мутолиа бахше аз вазифаи кории шумост)

Ҷорҷ Р.Р Мартин , нависандаи «Бозии тоҷу тахт» як бор навишт: ”Касе, ки бо мутолиа сару кор дорад, ҳазорон бор қабл аз маргаш зиндагӣ мекунад…. Вале касе, ки мутолиа намекунад, фақат як бор қабл аз маргаш зиндагӣ мекунад.”

Бахши аввал: Интихоби муносибе барои мутолиа анҷом диҳед.

1- Чаро мехоҳед мутолиа кунед?

Мардум ба далоили зиёде мутолиа мекунанд. Қабл аз инки китобе дар даст бигиред, мушаххас кунед, ки далели мутолиа шумо чист? Бархе аз мардум барои ёдгирии маҳоратҳои ҷадид мутолиа мекунанд, барои мисол: Аз барноманависии компютер гирифта то моҳигирӣ ё равобити отифии дуруст бо фарзандон.

Баъзеҳо аз мутолиаи китобҳои достонӣ лаззат мебаранд. Мисли роману афсона ва зиндагиномаҳо, ки онҳоро ба замонҳои мухталиф мебарад ва бо дунёҳои нав ва муҳитҳои мухталиф ошно мекунад. Бинобарин ибтидо ба чизе, ки дар ниҳоят мехоҳед аз мутолиа ба даст оваред, фикр кунед.

Нукта:

Шумо ошиқи мутолиа мешавед ба шарте, ки иртиботи муносибе бо чизе, ки барои шумо муҳим аст ва шуморо ба ҳадафатон наздик мекунад барқарор кунед.

 

2- Шиносоии чизе, ки мехоҳед мутолиа кунед?

Шумо бояд дақиқан бидонед, ки чӣ чизе мехоҳед мутолиа кунед ва дар интихоби манобеи худ, ҳушмандона амал кунед. Барои ин кор пешниҳод мекунам ба мавориди зер диққат кунед:

  • Китобҳои пуртарафдорро дар интернет мутобиқ бо мавзӯе, ки мехоҳед, ҷустуҷӯ кунед. Ин равиш ба шумо кумак мекунад то бо пешниҳодҳое ошно шавед, ки дақиқан шуморо ба ҳадафатон мерасонад.
  • Бо китобдори маҳалли худ машварат кунед. Китобдорҳо маъмулан аз додани пешниҳодҳои мутолиа хушҳол мешаванд. Ибтидо мушаххас кунед, ки дар чӣ мавзӯе мехоҳед мутолиа кунед ва онро бо китобдор дар миён бигузоред то шуморо роҳнамоӣ кунад.
  • Бо кормандони фурӯшгоҳҳои китоб сӯҳбат кунед. Аксари афроде, ки дар китобфурӯшиҳо кор мекунанд, ошиқи китобҳо ва мутолиа ҳастанд. Онҳо метавонанд беҳтарин манбаъ барои пешниҳоди китоб бошанд. Гуфтугӯ бо афроди аҳли мутолиа метавонад, оташи даруни шуморо нисбат ба мутолиа шӯълавартар кунад.

3- Навъи навиштае, ки бештар лаззат мебаредро дар назар бигиред.

Дар интихоби сабки навиштае, ки мехоҳед мутолиа кунед, диққат кунед. Барои мисол фарз кунед мехоҳед роҷеъ ба фалсафа мутолиа кунед, табиӣ аст, ки навиштаҳои нависандагони мухталиф аз назари сахтии матлаб мутафовит буда ва ҳамчунин замони интишори матолиб низ метавонад дар навъи навиштаҳо таъсиргузор бошад. (барои намуна дар заминаи фалсафа, китобҳои Шопенгауэр ва Гегел, ки файласуфони муосир ҳастд бо навиштаҳои Арастӯ ва Афлотун ба лиҳози сабк ва замон мутафовитанд.)

4- Нависандаҳои дустдоштаи худро пайдо кунед.

Ҳатто агар навъи навиштаи худро мушаххас кардед мумкин аст аз бархе навиштаҳо ба далели инки нависанда навишта, аз лиҳози замон, тафаккурот ва ё далоили дигар муносиби салиқаи шумо нест лаззат набаред. Бинобарин агар аз китобе, ки роҷеъ ба мавзӯи мавриди алоқаи шумо навишта шуда лаззат набурдед, ҳатман далели онро пайдо кунед.

Мисол:

Ба унвони мисол, шояд шумо ба мавзӯи равоншиносии муваффақият алоқаманд бошед. Вале аз китобҳои ” Энтони Робинс ” лаззат набаред, вале баръакс, ошиқи китобҳои ” Дарен Ҳарди ” бошед.

5 – Миёни мутолиа ва дигар алоиқи худ иртибот эҷод кунед.

Шумо мумкин аст ба иртибототи иҷтимоӣ ё чизҳои дигар алоқаи зиёде дошта бошед. Саъй кунед ба думболи матолибе бошед, ки миёни алоқамандиҳои берунии шумо ва мутолиаи иртиботе барқарор кунад ва эҳсосот шумо мавқеи мутолиаи онҳо барангехта шавад.

Нукта:

Ба ёд дошта бошед, ки шумо ғайр аз китоб манобеи дигаре ҳам доред. Метавонед аз маҷаллоти чопӣ ё онлайн, сайтҳо ва ғ… ба унвони манбаи мутолиоти ихуд истифода кунед.

6- Китобҳоеро, ки дӯст надоред канор бигузоред.

Мардум гоҳе бо инки аз мутолиа китобе лаззат намебаранд, вале худро вазифадор ба тамом кардани он мекунанд. Агар талош кунед як китоби 300 саҳифаиро шурӯъ кунед ва ба поён бирасонед, дар ҳоле, ки онро дӯст надоред, фақат ба ҷои ишқ, дар худ нафрат аз мутолиаро эҷод кардаед.

Аксари китобҳо ба оромӣ шурӯъ ба даргир кардани афрод ё шахсиятҳо мекунанд, аммо агар бо хондани 50 то 70 сафҳаи аввал вобаста ба китоби худ нашудед, идома надода китобро канор гузошта ва сӯроғи китоби баъдӣ биравед.

7- Ба ёд дошта бошед, ки мутолиа як амри комилан шахсӣ аст.

Мутолиа саҳнаи рақобат нест. Ба таври комил шахсӣ буда ва як иттифоқи дарунӣ аст. Далеле вуҷуд надорад вақте касе роҷеъ ба китобе, ки барандаи ҷоиза шуда сӯҳбат мекунад ва шумо он китобро дӯст надоред, эҳсоси гуноҳ кунед. Ҳаминтавр набояд вақте як китоби содда ё романи ошиқона мехонед, аз инки шуморо бесавод ё сатҳи поин ҷилва диҳанд, хиҷолатзада шавед.

Ончиро дӯст доред бихонед ва ба ҳеҷ рӯ худро бо дигарон муқоиса накунед.

Манбаъ: сайти WikiHow

Ҳатман ин мақоларо ҳам бихонед: Читавр ошиқи мутолиа шавем? (қсими дувум)

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.