Саховатмандӣ дар хона [қисмати дуввум]

132

Саховатмандӣ дар хона [қисмати дуввум]

Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) фармуданд: касе, ки ба бозор меравад ва барои зану фарзандон туҳфа мехарад, монанди касе аст, ки дари хонаи мустамандон садақа мебарад, ӯ бояд туҳфаи харида шударо вақте ба хона мебарад ибтидо ба духтаронаш бидиҳад, зеро ҳаркас духтарашро хушҳол кунад чунон аст, ки бандае аз насли Исмоъил озод карда, ва ҳаркас дидаи писарашро бо бурдани туҳфа равшан кунад(шод кунад), гӯё аз тарси Худо ашк рехта, ва касе, ки аз тарси Худо гиря кунад Худованд ӯро вориди биҳиштҳои пурнеъмат кунад. Расули Худо аз инки мард сер бошад ва ҳамсараш гурусна, наҳй фармуданд.

Муҳаббат сарчашмаи ҳамаи хубиҳост

Паёмбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) мефармоянд:

Беҳамсаронатонро ҳамсар диҳед, зеро Худованд издивоҷ кардани онҳо, ахлоқи ононро некӯ мегардонд ва ризқ ва тавони молии онҳоро зиёд мекунад, ва бар мурувват ва арзишҳои инсонишон меофзояд».

Амиралмуъминин Али(алайҳиссалом) мефармоянд: «Худованди мутаъол рӯзии ҳамаро тазмин карда ва хӯрданиҳои ононро муайян сохта … Ҳар кас зинда бошад, рӯзиаш бар гардани Худо ва ҳар кас бимирад, бозгашташ ба сӯи ӯст…».

Имом Ризо(алайҳиссалом) дар робита бо талоши мард дар роҳи рифоҳи (осоиши) хонавода мефармоянд:

Касе, ки аз роҳи ҳалол барои рифоҳи (осоиши) хонаводааш талош мекунад, ҳамонанди муҷоҳиде аст, ки дар роҳи худо ҷиҳод мекунад».

Хонавода дар Ғарб  [қисмати аввал]

Бо таваҷҷуҳ ба дастур Илоҳӣ ва аҳодис бояд ба ин нукта диққат дошт, ки нафақаи зан бар шавҳар воҷиб аст, яъне қонунан ва шаръан мард вазифа дорад ҳамаи махориҷи хонавода аз қабили хӯрок, пӯшок, маскан, дору ва дармон ва.. . ро таъмин кунад ва дар сурат кутоҳӣ дар ин кор, шаръан ва қонунан ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бинобарин марди хирадманд ва оянданигар ва ботадбир, ҳисоби даромаду харҷи хонаводаро ба таври дақиқ мекунад. Ашёъ ва лавозими зиндагиро дараҷабандӣ мекунад. Ҳавоиҷи зарурии зиндагӣ монанди хӯрок ва пӯшокро бар соири чизҳо муқаддам медорад, ва дар кор ва шуғлаш, камоли ҷидият ва талошро дорад ва миқдоре аз даромадашро барои ҳаводис ногаҳонии рӯзгор аз қабил беморӣ ва… оқибандоз мекунад.

Дар кор ва зиндагиаш миёнаравӣ ва қаноатро дар назар дорад ва аз ҳаргуна исроф ва табзир худдори мекунад. Ва ҳамаи саъйю талошш ин аст, ки бо таваккал бар Худо, аз роҳи ҳалол ва дар ҳадди тавон ва эътидол, вазъ иқтисодии хонаводаро беҳтар кунад.

Саховатмандӣ дар хона [қисмати аввал]

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.