Синни балоғат шуруъи зиндагии нав

203

Синни балоғат шуруъи зиндагии нав

Духтар ва писар бо расидан ба син балоғат вориди марҳилаи ҷадиде аз зиндагии худ мешаванд. Зиндагии ҳамроҳ бо мсъулият, зеро бештари вазоифи динӣ бо фаро расидани аввалин рӯзи балоғат фарз мегардад. Бинобарин, лаҳза вуруд ба ин марҳаларо метавон ҳамонанд вуруд аз марз як кишвар ба кишвари дигар донист.

Шумо динфурӯшед!

Ҳамон гуна, ки шахс бо қадам гузоштан ба марзҳои як кишвар тобеъи муқаррарот ва дастурот он хоҳад шуд, духтар ва писар низ бо расидан ба син балоғат бояд ин эҳсосро дошта бошанд, ки аз ин ба баъд унвони «мукаллаф (вазифадор)» ро бар дӯш мекашанд.

Барои вуруд ба сини балоғат масъулияти муҳимме бар дӯши падар ва модар мебошад. Онон бояд фарзандони худро барои қадам гузоштан ба ин марҳала бо омӯзиши саҳеҳ омода кунанд.

Беҳтарин ном барои писарон

Шоистааст дар марокиз омӯзиши низ ба сурати густарда ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ шавад. Дар воқеъ фарзандони мо қабл аз фаро расидани син балоғат, даврони омодагиро мегузаронанд. Ҳамон гуна, ки барои шурӯъи аввалин соли таҳсилии онон, ширкат дар дарсҳои иловагиро иқдоми муносиб медонем бояд барои шурӯъи даврони таклиф низ ононро омода кунем.

Вазоиф ибтидоиро ба онон биёмӯзем, вазифаҳои даврони баъди балоғатро  барои онон бозгӯ намоем. Ба вижа дастуроти намоз ва рӯза ва чигунагии анҷоми саҳеҳи он дуро бо шиваи ҷаззоб ва ширин омӯзиш диҳем. Талош кунем ин эҳсосро дар онон зинда кунем, ки ҳар инсон дар даврон баъди балоғат дар муқобил рафтор ва гуфтори худаш ҷавобгӯ аст ва дигар наметавонд худро ҳамонанд гузашта озод гумон кунад, ӯ дигар бузург шудааст.

https://www.khonavoda.com/2019/03/%d0%bd%d0%b0%d2%9b%d1%88%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d0%bd%d1%83-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%be%d1%80%d0%be%d0%bc%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%85%d0%be%d0%bd%d0%b0.html

Ончи ба унвони як таклиф аз аввалин рӯзҳои балоғат мутаваҷҷеҳи духтарон ва писарон мебошад лозим будани омӯхтани аҳком ва масоиле аст, ки бисёри вақт лозим мешавад, ба унвони мисол онон дар он марҳала маъмулан вазифаи ёдгирии аҳкоми ҳаҷро надоранд чаро, ки маъмулан дар ибтидои балоғат ба ҳаҷ намераванд, чунонки омӯзиши аҳкоме, ки махсуси писарон ё духтарон аст бар даста дигар воҷиб нест.

Вале омӯхтани мавзӯъоти чун намоз ва рӯза ва аҳкоми марбут ба онки аз аввалин рӯзҳои балоғат маврид ниёз аст воҷиб хоҳад буд.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.