Зандорӣ – Шавҳардорӣ

291

Зандорӣ – Шавҳардорӣ

Зандори

Зан, ки як рукни асоси зиндагӣ аст, ки пас аз издивоҷ, таҳти сарпарастӣ ва ҳимояти шавҳар қарор мегирад. Ў шарики зиндагӣ ва аниси мард мегардад; Вай мавҷуде зариф ва ниёзманди муҳаббат аст.

Бузургтарин рамзи муваффақияти зандори изҳори алоқа ва муҳаббат ба ӯст. Ин ибрози муҳаббат, бояд ба таври мустақим бо лафз ва ишора ҳамроҳ бошад, чаро, ки бар асоси усули собит шудаи равоншиносӣ, алфоз ва ишорот, дар ин росто нақши ҳассос ва корсозе ба ӯҳда доранд ва беҳтарин васила барои намоиш ва интиқоли эҳсосотии қалби инсон ҳастанд.

Набоядҳои муштараки ҳамсарон

Нуктаи дигар инки рафтори мард бояд дуруғнишондиҳандаи ин изҳори алоқа набошад, балки кирдораш таъйид кунандаи баёни муҳаббатомези ӯ бошад. Натиҷаи чунин ибрози муҳаббат дилгармӣ ба зиндагӣ, нишоти ҳамешагӣ ва вафодорӣ ба шавҳар аст.

Имрӯза, бисёре аз бемориҳои руҳие, ки гиребонгири занон шудааст, ба иллати таъмин накардани муҳаббат аз тарафи шавҳар аст, зеро духтаре, ки дар хонаи падар аз муҳаббати бисёр ва бешоибаи падар ва модар, бархурдор будааст ва акнун ба зиндагии муштарак бо шавҳар рӯй овардааст, мехоҳад, ки шавҳараш ба танҳоӣ, тамоми он муҳаббатҳоро ҷуброн кунад. Агар марде ба ин амри муҳимм таваҷҷуҳ накунад ва дар муҳити зиндагӣ, алоқааш ба васоили саргармии хеш, беш аз алоқамандӣ ба ҳамсараш бошад, чӣ асари ногуворе дар рӯҳияи латифи ӯ хоҳад дошт?

Оё чунин марде, ба дасти худ, тухми кина ва ихтилофро дар конуни гарми хонаводаи хеш нигоштааст? Оё ӯ фарзандони маъсум худро ба даст хеш ба ҷойгоҳи камбудиҳо, пастиҳову ақибмондгиҳо накшондааст? Оё …

Осори садоқат дар зиндагӣ

Қуръон, алоқа ва оромиш байн зан ва мардро аз оёти худ дониста, мефармояд:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Аз нишонаҳои ӯ инки барои шумо ҷуфтҳои аз худтон офарид то бо онҳо оромиш бигиред ва байн шумо дӯстӣ ва раҳмат қарор дод, ҳамоно дар ин амр, нишонаҳое аст барои касоне, ки тафаккур кунанд. Рум 21

 

Шавҳардори

Зан ба васила қудрате, ки худованд дар вуҷудш қарор дода, метавонад аз тариқи нуфуз дар қалб мард ва муҳаббат ба ӯ, ба зиндагӣ оромиш диҳад. Ў метавонад беҳтарин мӯнис ва ғамхори мард бошад, то мард дар канор ӯ ором гирад ва андӯҳ ва ногувори зиндагиро аз ёд бибарад.

 

Як зан ва ба иборате як ҳамсар ва надими хуб, касе аст, ки бо калом ва бо рафтори ҳисобшудааш, ҳамроҳ бо дилсӯзӣ ва ишқ, қалби мардро тасхир ва ҳамфикрӣ ва ғамхории хешро дар амал, нишон диҳад.

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати аввал

Беҳтарин ва зарифтарин ҳунари зан ин аст, ки, битавонад хостаҳои машрӯъи ҳамсарашро дар навъи рафтор, ғизо, либос, меҳмондорӣ ва истироҳат ба даст оварад ва равобиташро бо шавҳар, бар асоси он шакл диҳад.

Дар ривояот «хуб шавҳардори кардан» зан ба манзила ҷиҳод дар роҳ худо баён шуда ва омадааст:

«Ҷиҳоди зан хуб шавҳардорӣ карданаш аст»

Пас натиҷа мегирем, ҳамсаре, ки дар равобити заношуӣ ва саҳнаҳои гуногуни зиндагӣ, кирдорашро ба гунаи ҳунармандона дар ростои оромиш шавҳар ва фарзандонаш қарор диҳад, бисёр боарзиш аст. Таъкидоти фаровоне дар ин хусус дар дастуроти дини ба чашм мехурад; Аз ҷумла, ривоят зер, ки аз паёмбар акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) нақл шудааст:

«Беҳтарин занони шумо он аст, ки ҳангоме, ки шавҳараш ба ӯ нигоҳ кунад ӯро хушҳол кунад ва он гоҳ, ки ба ӯ дастур диҳад итоаташ кунад ва ҳангоме, ки шавҳараш нест аз худ ва мол ва сарвати шавҳар муроқибат кунад.»

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.