Замони муносиби иқдом ба издивоҷ

50

Замони муносиби иқдом ба издивоҷ

Хостгорӣ рафтан одобу русуми худро дорад бояд тавре рафтор шавад, ки барои хонаводаи муқобил сӯи тафоҳум эҷод нашавад ва бо ниҳояти эҳтиром бархурд шавад.

Яке аз расму фарҳангҳои мо қабл аз издивоҷ расми хостгорӣ аст, ки аз гузашта то ба имрӯз анҷом мешавад ва дорои одоби махсусе мебошад. Яке аз ин одоб таъйини вақти қаблӣ барои хостгорӣ рафтан аст ба ин маъно, ки хонаводаи писар вақтеро барои дидор бо хонаводаи духтар таъйин мекунанд то онҳо битавонанд шароити хостгорӣ ва хонаро барои ҳузури хостгорон муҳайё кунанд. Дар ин бахш бо беҳтарин замон барои хостгорӣ рафтан ошно шавед.

Хостгорӣ рафтан чигуна бояд бошад?

Чӣ замоне барои хостгорӣ рафтан муносиб аст

Беҳтарин вақт барои хостгорӣ рафтан дар поёни ҳафта ва миёнаҳои моҳ аст зеро пажуҳишгарон дарёфтанд, ки хонумҳо дар васати моҳ оромиши бештаре нисбат ба авоил ва авохири моҳ доранд. Дар авоили моҳ ағлаби афрод даргириҳои зеҳнии зиёдатаре барои пешрафти вазъияти молии худ доранд ва мизони изтироб ва танишҳои асабии онон бештар аст бинобарин ҳамаи хонавода дар васати моҳ ба вижа охири ҳафта аз оромиши бештаре бархурдоранд.

Рафтори муносиби хостгорӣ

Яке дигар аз масоиле, ки дар хостгорӣ бисёр муҳим аст рафтори шумо дар аввалин ҷаласаи ошноӣ аст. Бинобарин агар мехоҳед ба хостгорӣ биравед диққат кунед дар аввалин ҷаласаи хостгорӣ беҳтарин навъ рафторро дошта бошед ва ин маросим ро ҳамроҳ бо хонаводаи худ анҷом диҳед ва ба шакли расмӣ ва сангин анҷом диҳед ва замоне барои хостгорӣ иқдом кунед, ки дар шароити рӯҳии хубе қарор дошта бошед.

Вақти ҷаласаи аввали хостгорӣ маҳдуд аст. Аз 45 дақиқа то як соат. Маъмулан камтар ва бештар аз он натиҷабахш нест. Ҳамвора сӯҳбатҳои муҳим дар фурсат на хеле кӯтоҳ ва на зиёд ироа мешавад.

Замони хостгорӣ рафтан аз қабл таъйин шавад

Қабл аз рафтан ба хостгорӣ хонаводаи писар бояд назди хонаводаи духтар иртибот барқарор кунанд ва замон ва соат хостгориро бо хонаводаи духтар ҳамоҳанг кунанд. Ин ҳамоҳангӣ бисёр зарурӣ аст зеро агар ҳамоҳангӣ сурат нагирад мумкин аст хонаводаи писар пушти дар мунтазир нашаванд ва барояшон сӯи тафоҳум эҷод гардад ва ё онҳо бипиндоранд хонаводаи духтар барояшон эҳтиром қоил нестанд.

Таъйини замони дақиқи рафтан ба хостгорӣ

Пас лозим аст ин ҳамоҳангӣ барои инки хонаводаи духтар битавонанд шароити хостгорӣ ва хонаро барои ҳузури хостгорон муҳайё кунанд анҷом гирад то маросими хостгорӣ ба беҳтарин наҳви мумкин сурат пазирад.

Беҳтар аст хостгорӣ дар соати баъд аз 4 нимарӯзи бошад ва ё соатҳои аввали шаб баргузор гардад зеро дар ин вақти рӯз ҳамаи аъзои хонаводаи духтару писар дар хона ҳастанд ва метавонанд дар хостгорӣ ширкат карда ва барои хушбахтии духтару писар саҳми худро боқӣ гузоранд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.