Мушкилоти иқтисодӣ барои оғози зиндагӣ

89

Умдатарин мавзӯе, ки дар ҷомеа монеи издивоҷи ҷавонон талаққӣ мешавад, мушкили иқтисодӣ аст. Ин мавзӯъ марбут ба даврони феълӣ фақат нест, замони садри Ислом низ ба ин мушкил хелеҳо истинод медоданд, вале Паёмбар(с) ва аҳл байти эшон ин масъаларо монеи издивоҷ намедонистанд.

Фард дар асари издивоҷ эҳсоси мсъулияти бештаре мекунад ва уфуқҳои ҷадиде ба рӯи ӯ боз мешавад

– чӣ бисёр афроде, ки бидуни камтарин имконоти иқтисодӣ тасмим ба издивоҷ гирифтаанд ва пас аз издивоҷ Худованд аз фазл худ онҳоро бениёз сохтааст.

– тамоми ибтикор ва истеъдоди пинҳонии худро ба кор мегирад.

– лаёқатҳое, ки то он вақт аз он хабар надошт ошкор мешавад.

– нируҳое, ки то қабл аз издивоҷ дар дарунаш нуҳуфта буд, ошкор мешавад.

– шахсияти ҷадид бо тавонмандиҳои ҷадид пайдо мекунад.

– таваккул ва такяи бештаре ба худо пайдо мекунад.

۔ эҳсоси ҳақоратҳо ва камбудҳо дар ӯ аз байн меравад.

– завқу шавқи пешрафт ва такомул дар ӯ бештар мешавад.

– дар партави издивоҷ роҳҳои ҷадиде барои касби даромади бештар пайдо мешавад.

– фард дар муомилаҳои иқтисодӣ ва тавсеаи шуғл пурдилтар ва шуҷоътар амал мекунад.

– бархе афрод барои касби имконоти иқтисодии бештар издивоҷи худро ба таъхир меандозанд, дар ин сурат бо гузашти даврони ҷавонӣ ва баҳори издивоҷ дучор сардаргумӣ, нобасомонӣ ва зиндагии берӯҳ ва сард хоҳанд шуд.

– мазоидаи шуғлӣ ва тасҳилот аз қабили эътои вом, замин ва … барои афрод оиладорон ва ғайра аст.

– дар ин замина хонаводаҳо ва фомил метавонанд бо эҷоди пасандозҳои хонаводагӣ ва ихтисоси бахше аз эътибороти сандуқ ба издивоҷи ҷавонони фомил дар ҳалли мушкилоти иқтисодии онҳо кумаки шоёнеро дошта бошанд.

– бекорӣ ва надоштани суботи шуғлӣ мушкиле аст дар сари роҳи издивоҷи ҷавонон, ки ҳимояти хонаводаҳо эҳсоси масъулияти атрофиён, ҳимоятҳои давлатӣ ва ҳиммати худи афрод дар коҳиши мушкилоти онҳо муассир аст.

– ақвому фомили тарафайн бо дарки боло ва бузургаворӣ метавонанд ба унвони роҳнамо ба хонаводаҳои тарафайн тавсия кунанд, ки маросими арӯсӣ соддатар шакл гирад.

– барои камтар ва сабуктар шудани бори харҷи издивоҷ бо ҷилавгирӣ аз таҷаммулгароӣ ва чашму ҳамчашмӣ ва баргузории маросим ва ҷашни соддатар бикӯшанд ва аз қарзҳои сангини пас аз издивоҷ раҳоӣ ёбанд.

– барои ҳалли мушкили маскан ҳам сукунати муваққат дар манзили волидайн дар сурате, ки боиси даргирӣ ва тавҳин ва таҳқир нашавад, иҷоранишинӣ ва кумаки волидайн ба завҷайн дар ин амр роҳгушо аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.