Аввал худшиносӣ, баъд издивоҷ

42

Оё медонӣ барои инки интихоби саҳеҳ дошта бошӣ ва барои инки пайдо кардани мукаммили зиндагиат осонтар шавад, бояд аввал аз ҳама аз шинохти рӯҳиёт ва халқу хуи худ шурӯъ кунӣ?

Оё худатро хуб шинохтаӣ? Агар ин тавр нест, чигуна интизор дорӣ дигариро бишносӣ?

Барои шинохти худ аз саволҳое дар абъоди мухталиф шурӯъ кунем ва дар пайи ҷавоби он зимни кумак гирифтан аз дигарон, дар пайи кашфи хусусиёти ахлоқӣ ва шахсиятии худ бошем. Рӯ рост будан ва канор гузоштани дурӯғ ва найранг ҳангоми худшиносӣ ба мо фурсат медиҳад шахсияти пинҳоншуда дар паси рафторҳои зоҳириамонро беҳтар бишносем.

Абъоди худшиносиро метавон дар намудор дид:

◾эътиқодӣ ва мазҳабӣ

◾ахлоқӣ

◾зоҳирӣ

◾салиқаҳо

◾фарҳангӣ

◾иқтисодӣ

◾хонавода

◾сиёсӣ

◾иҷтимоӣ

◾қуввати таҳсилӣ

◾ҳушу заковат

Бо вуҷуди онки роҳи такомул ва рушд ҳамвора ба рӯи мо боз аст ва мо фурсати рафъи айбҳои худро низ дорем, мо бо воқеиятҳои дарунамон чӣ аз лиҳози ахлоқӣ ва чӣ аз лиҳози одатҳо ва эътиқодотӣ зиндагӣ мекунем. Барои ҳамин дар худшиносӣ бо худамон содиқ бошем ва ҷиҳати таъйини авлавиятҳо ва меъёрҳоямон дар издивоҷ ибтидо худро воковӣ намоем ва дар хилвате рӯ рост бо худ зимни кумак гирифтан аз дигарон ба саволҳои зер посух диҳем.

 Эътиқодӣ ва мазҳабӣ

– Худо дар зиндагии ман чӣ ҷойгоҳе дорад?

– Хатти қирмизҳои эътиқодӣ ва мазҳабии ман чист?

۔ Ҳадди мазҳабии ман чӣ ҳад аст ва усулан чиқадар ин масоил барои ман муҳим аст?

– Воҷиботи динӣ, ҳаромҳо ва мустаҳабҳо барои ман то чӣ андоза аҳамият доранд?

 Ахлоқӣ

– Ахлоқҳои хосси ман чист? Масалан зудранҷ ва ҳассос, каме асабӣ, меҳрубон, отифӣ ва… масалан агар бо кӯчактарин мухолифате бо идаҳо ба шиддат меранҷӣ, эҳтимолан зудранҷ ҳастӣ ё интиқодпазир нестӣ.

– Агар сифатҳо ва ахлоқе дар мо вуҷуд дорад, ки писандида нест, ё аз доштани онҳо эҳсоси хушоянде надорем, беҳтар аст бо барномарезӣ дар садади рафъи тадриҷии онҳо бошем.

– Саъй кунем дар пай фарогирӣ ва малака кардани ахлоқҳои нек дар вуҷудамон бошем ба хусус рафторҳое, ки дар зиндагии ояндаамон таъсир доранд; мисли гузашт, меҳрварзӣ ва…

 Зоҳирӣ

– Аз назари зоҳирӣ ва андом дар чӣ вазъияте қарор дорӣ?

– Зоҳири зебо ё маъмулӣ дорӣ? Ороиш мекунӣ ё на?

– Хуб аст бидонем вазъияти зоҳирии мо аз инояти Худост ва мо нақше дар интихоби он надоштаем. Бинобарин агар дорои ҳусни суратем, муроқиб бошем мағрур нашавем ва агар сурати зоҳирии бисёр ҷаззобе надорем, саъй кунем дигар истеъдодҳо, вижагиҳо ва тавоноиҳоямонро густарда кунем то дигарон моро бо дигар хусусиёти мусбатамон бишносанд на бо шакли зоҳирамон.

– Чигуна пӯшишеро истифода мекунӣ?

– Назарат дар мавриди ба пӯшишҳои замонавӣ чист?

– Ба оростагии либос чиқадар аҳамият медиҳӣ?

– Оё либос нишондиҳандаи шахсияти фард аст?

 Вақти фароғат

– Тафреҳи ту чист?

– Дар вақти фароғат чӣ корҳое анҷом медиҳӣ ва аз анҷоми онҳо лаззат мебарӣ?

– Бо ошноён ба порк рафтан туро хушҳолтар мекунад ё ҳузур дар миёни як дашти сокит?

– Чӣ саргармт туро озор медиҳад?

– Чӣ навъ саргармиҳоро дар аз шаъни худ медонӣ?

Фарҳангӣ

Арзиш, ҳинҷор, бовар, ахлоқиёт, одатҳо, одоб ва русум, наҳваи зиндагии хонаводагӣ, маросим ва ойинҳо, салиқаҳо, улгуҳо, муоширатҳо, наҳваи барқарории иртиботот, эътиқодот ва … ҳамагӣ аҷзои ташкилдиҳандаи фарҳанг ҳастанд.

۔ Ахлоқиёти хосси хонаводаи шумо дар бархурд бо дигарон ва дар ҷамъи хонаводаатон чигуна аст?

– Оё дар хонаводаи шумо афрод эҳтироми якдигарро ҳифз мекунанд ё на?

– Аз лиҳози пойбандӣ ба эътиқодоти мазҳабӣ, худ ва хонаводаатонро чигуна арзёбӣ мекунӣ?

– Улгуи ту дар заминаҳои мухталиф (мазҳабӣ, ахлоқӣ, таҳсилӣ ва …) кист? Улгуи хонаводаат чӣ тавр?

– Маросими шодӣ ва азо дар хонаводаи шумо ба чӣ тариқ аст? Оё расми хоссе доред?

– Вижаги ахлоқии ҳоким бар хонаводаи шумо чист? (хонаводаи ором, сабур, меҳмоннавоз, хунгарм ва…)

– Чиқадар меҳмоннавозед ва майл ба муошират ва рафту омад бо дигарон доред? Хонаводатон чӣ тавр?

– Дар муошират бо дигарон одоби меҳмондорӣ ва пазироии шумо чигуна аст?

– Оё дар кул бо фарҳанги хонаводаат ҳамсӯ ҳастӣ ё на?

– Оё то ба ҳол эҳсос кардаӣ, ки худ ё хонаводаат ба навъе дучори хурофот шудаед?

 Иқтисодӣ

۔ Ҳадди рифоҳи иқтисодии шумо ва хонаводатон чист?

– Худатон чӣ фаъолиятҳои иқтисодӣ доред?

– Оё бо пасандоз кардан мувофиқӣ? Оё пасандозе дорӣ ё на?

– Таърифи шумо аз сарфаҷӯӣ ва велхарҷӣ чист? Худатон сарфаҷӯ ҳастед ё велхарҷ?

– Оё дар худ қудрати татбиқ бо шароити молии мутавассит ё поинро мебинӣ ё на?

– Агар бо кам шудани рифоҳи иқтисодии қаблие, ки доштаед, ҳис мекунӣ оромиши худро аз даст додаӣ, беҳтар аст бидонӣ, ки масоили иқтисодӣ барои ту аҳамияти вижа дорад.

 Хонавода

– Аъзои хонаводаи ту чанд нафаранд? Хулқиёти хосси ҳар кадом чист?

– Оё падару модарт дар қайди ҳаёт ҳастанд ё на?

– Фавт падар ва модар ё талоқи онҳо (дар сурати вуқӯъ) чӣ таъсире рӯи шумо доштааст? Барои беҳбудии авзоъ оё иқдоме кардаӣ ё на?

– Оё хонаводаи шумо бо эътиёд мувоҷеҳ буда аст ё на? Вокуниши шумо ва дигар аъзо дар ин бора чигуна будааст?

Иҷтимоӣ

– Чиқадар бо ҷамъҳои хориҷ аз хона дар таомул ҳастӣ?

– Вақте дар ҳузури ҷамъ ҳастӣ эҳсоси роҳатӣ дорӣ ё дар азобӣ?

– Оё метавонӣ дар ҷамъ сухан бигӯӣ ва ибрози эҳсосот ва изҳори назар кунӣ?

– Оё дар худ алоқа ва тавоноии мсъулиятпазирӣ дар гурӯҳҳои иҷтимоиро мебинӣ?

– Агар бештар дӯст дорӣ танҳо бошӣ, майл ба ҳузур дар ҷамъ надорӣ, аз ҳузур ва изҳори назар дар миёни ҷамъ дар азобӣ ва монанди ин, ин нишон медиҳад, ки ту фарди дарунгаро ҳастӣ ва агар аз ҳузур дар ҷамъ эҳсоси хубе дорӣ, тавоноӣ ва алоқаи сӯҳбат дар ҷамъро дорӣ, дар ибрози эҳсосот мушкил надорӣ, ин нишон медиҳад, ки ту бурунгаро ҳастӣ.

 Қуввати таҳсилӣ

– Мизони таҳсилотат чист?

– Оё аз ихтисосе, ки дар он соҳа дарс хондаӣ розӣ ҳастӣ?

– Барномаи илмии ояндаат чист? Қасди идомаи таҳсил дорӣ ё на?

– Сатҳ қувват ва тавони таҳсилиатро дар чӣ ҳад медонӣ?

Ҳушу заковат

– Сатҳ ҳуши худро чигуна арзёбӣ мекунӣ?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.