Рӯза барои варзишкорони ҳирфаӣ

67

Рӯза гирифтан тағйироте дар бадани варзишкор эҷод мекунад, ки фард бояд худро бо шароити ҷадид татбиқ диҳад. Пас бояд бидонем бо ин шароит чигуна бархурд кунем.

Дар рӯзҳои оддии сол ваъдаи ғизоии рӯзона се ваъда аст, ки дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон табдил ба ду ваъда мешавад, ки аз лиҳози энержии дарёфтӣ тағйире ҳосил намешавад вале аз лиҳози камбуди маводи қандӣ, об ва ғайра эҳтимоли бурузи мушкил дар варзишкорон вуҷуд дорад.

 Беҳтарин замон

Аз лиҳози илмӣ беҳтарин замони тамринот ва мусобиқот дар ин моҳ се соат баъд аз азони субҳ аст чун бадан омодагии бештаре дорад.

Аммо дар амал ин масъала имконпазир нест ва аксари мусобиқот пас аз ифтор анҷом мешавад. Дар ин ҳолат беҳтар аст шурӯъи варзиш ҳудуди се соат баъд аз ифтор бошад то ғизои хӯрдашуда фурсати ҳазм пайдо кунад.

 Барномарезӣ

Фаромуш накунед назми корӣ ва тамрин кардан дар моҳи Рамазон тағйир мекунад пас варзишкорон бояд барномарезии дуруст дошта бошанд.

Дар ин моҳ бояд тағйиротеро дар системҳои тамринӣ эҷод кард. Дар маҷмӯъ тавсия мешавад, ки дар моҳи рамазон тамриноти варзишӣ аз саҳар то ифтор сабуктар бошад чун бадан намаку оби зиёде дар ҷараёни варзиш аз даст медиҳад.

 Тағзияи муносиб

Агар варзишкоре бихоҳад дар ин моҳ дучори уфти баданӣ нашавад бояд дар канори техник ва тактик хуб аз шароити ғизоии муносибе низ бархурдор шавад. Варзишкори ҳирфаӣ бояд камбуди хоберо, ки дар ҳангом саҳар пеш меояд дар тӯли рӯз ҷуброн кунад. Саҳариро то ҷое, ки имкон дорад дер майл кунад.

Қабл аз моҳи Рамазон бо тарроҳии тамринот ва барномарезии дуруст барои ин моҳ энержии мавриди ниёзи худро дар бадан захира кунад, ҳамчунин аз фосилаи ифтор то саҳар ба тадриҷ моеъҳоро майл намояд.

Масраф протеини зиёд дар режими ғизоии варзишкорони рӯзадор тавсия намешавад, чун сабаби тавлиди маводи зоид дар хун ва эҷоди хастагӣ дар замони варзиш мешавад. Варзишкорон дар моҳи Рамазон нисбат ба афроди оддӣ ниёзи бештаре ба қанд ва витаминҳо доранд. Ҳамчунин масрафи моеъҳои фаровон аз ҷумла обмеваҳо қабл аз варзиш муносиб аст.

Масрафи хурмо, суп, сабзиҷот ва шир барои ифтори варзишкорон тавсия мешавад. Камбуди қанд дар бадани варзишкорони ҳирфаӣ мумкин аст боиси бурузи мушкилоте шавад.

Варзишкорони рӯзадор метавонанд бо масрафи маводи қандӣ ва карбуҳидротҳо монанди макаронӣ, асал, себзминӣ, қанд ва шириниҷот дар фосила байни саҳар ва ифтор ин камбудро ҷуброн кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.