Донистаниҳои ҳуқуқи хонавода

77

1- мард танҳо дар мавориде метавонад бо идомаи кори мустамар ё муваққат ё давлатии ҳамсари худ мухолифат кунад ва монеи ӯ шавад, ки шуғли зан бо маслиҳати хонаводагӣ ё ҳайсияти завҷайн носозгор бошад ва сеҳати ин амр танҳо дар додгоҳ ва даъвоҳои ҳуқуқи хонавода мушаххас мешавад.

2- адами иҷрои тамкин аз сӯи зан, танҳо метавонад ҳуқуқи ӯ дар дарёфти нафақаро аз байн бибард ва таъсири дигаре нахоҳад дошт.

3- дар масъалаи кафонат аз фарзандон, ҳам мард ва ҳам зан муваззаф ба нигаҳдорӣ ва анҷоми вазоифи худ нисбат ба фарзандон мебошанд ва ба таври куллӣ ҳатто бо талоқ аз байн намеравад балки зан ва шавҳар метавонанд ин масъулиятро пас аз тай мароҳили ҳуқуқӣ, ба якдигар вогузар кунанд.

4- дар сурати бурузи ин масъала, ки мард қабл аз издивоҷ, сифотеро ба дурӯғ ба худ нисбат дода бошад ва ё ба унвони мисол мубтало ба бемории беалоҷ буда ва онро аз зани худ пинҳон карда бошад ва пас аз издивоҷ, ин қазия равшан шавад, зан ин ихтиёрро дорад, ки ба унвони тадлис (пинҳонкории айб) дар издивоҷ, тақозои фасхи никоҳ кунад.

5- дар сурате, ки зан пеш аз судури ҳукм илзом ба тамкин ба манзили муштараки худ бо шавҳараш баргардад, ҳуқуқи ӯ дар мавриди нафақа ҳамчунон побарҷост ва нафақа, ба ӯ тааллуқ мегирад.

6- дар сурате, ки худи мард, занро аз манзили муштараки худ берун карда ва иҷозаи бозгашти занро надиҳад, пардохти нафақа ҳамчунон аз вазоифи ӯст ва наметавонд мункир шавад.

7- зан метавонад ба сабаби додхост, истирдоди ҷаҳизияи худро аз додгоҳ хоста ва барои исботи колоҳои ҷаҳизия, сиёҳии ҷаҳизия, ки ба имзои завҷ расида бошад, ё шаҳодати шоҳидон ё иқрори шавҳар лозим аст.

8- зан ин ихтиёрро дорад, ки аз ҳуқуқи ҳамсар, ҳисобҳои бонкӣ ва матолиботи ӯ аз ашхоси солис ва низ амволи вай дар ҷиҳати вусули маҳрияи худ истифода намояд ва онҳоро тавқиф кунад.

9- дар сурате, ки мард тавоноии молӣ барои пардохти маҳрия ба сурати комил ва дар як марҳаларо надошта бошад, метавонад аз додгоҳ тақозои тақсити маҳрияро кунад.

10- ҳудуди қистҳои меҳрия дар сурати тавофуқ бо таваҷҷуҳ ба авзоъ ва аҳволи қазия, шаҳодати шоҳидон, назарияи коршиносони расмӣ, таҳқиқоти маҳаллӣ ва мизони тавоноии молии мард барои пардохти маҳрия, таъйин мегардад.

11- шикоят аз атрофиён ба далели дахолат дар равобити завҷайн, дар даъвоҳои ҳуқуқии хонавода қобили иҷро намебошад магар инки унвони муҷримонаи дигаре ба феъли онҳо нисбат дод.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.