Зарурати қотеияти волидайн дар бархурд бо фарзанд

41

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки тарбият аз як нигоҳ навъе таҳмил ба ҳисоб меояд. Илзомот ва қайдҳое вуҷуд дорад, ки таҳаммули он барои кӯдак зарурӣ аст аммо кӯдак хилофи онро моил аст. Кӯдак ё навҷавон ағлаб таҳти таъсири хостаҳое аст, ки бидуни оянданигарӣ ё огоҳӣ аз авоқиби таслим шудан ба ин хостаҳо, дар баровардани онҳо исрор меварзанд.

Агар ӯ дар баробари ингуна хостаҳои нобаҷои худ муқовамате эҳсос накунад. Яъне қотеите дар баробари онҳо вуҷуд надошта бошад ҳамвора ба навъе хостаҳои худро иҷборӣ матраҳ мекунад. Дар мавориде падар ё модар лозим аст бо қотеият дар баробари корҳои нописанд ё хирасариҳои фарзанд биистанд. Ба тавре, ки ҳамвора ин эҳсос дар фарзанд вуҷуд дошта бошад, ки дасташ барои анҷоми корҳои нописанд боз нест ва ба иборати дигар фарди раҳо шуда ба ҳоли худ нест.

Волидайни қотеъ ва муҳаббаткунанда

Бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки қотеият ва муҳаббат ва таъйини мизони он дар иртиботи бо кӯдак аҳамияти бисёр дорад дараҷаҳое аз қотеият, ҳамроҳ бо муҳаббат барои иртибот бо кӯдак зарурист. Ба тавре, ки солимтарин фарзандонро гурӯҳи волидайни қотеъ бомуҳаббат парвариш медиҳанд. Онҳо эътимоди ба нафси боло доранд ва қудрати мантиқ ва истидлоли онҳо дар канори таъмин шудани ниёзҳои отифиашон рушд пайдо мекунад. Онҳо ёд мегиранд бояд бархе хостаҳоро бино ба далоиле ба таъхир андохт.

Ҳамчунин дар канори муҳаббате, ки аз волидайни худ дарёфт мекунад, медонад, ки қотеияти падар ва модар ба маънии набуди муҳаббати онҳо нисбат ба ӯ нест. Ингуна волидайн ба озодии ирода ва назми ахлоқӣ таъкид мекунанд, робитаи каломӣ ва табодулро ташвеқ мекунанд ва вақте, ки аз иқтидори худ ба унвони волидайн истифода мекунанд ва кӯдакро аз чизе манъ мекунанд ё аз ӯ интизороте доранд барояш далел меоваранд.

Ингуна волидайн ба навҷавонони худ кумак мекунанд то дар бархурд бо ҳар мавзӯе ҳамаи ҷавониби онро бисанҷанд, аз ин, ки фарзандонашон бархе аз масоилро беҳтар аз онҳо бишиносанд эҳсоси ризоят мекунанд, дар бораи масоили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо фарзандонашон гуфтугӯ мекунанд, фарзандонашонро дар тасмимгириҳои марбут ба хонавода ширкат медиҳанд.

  • Ором вале муҳкам сӯҳбат кунед. Агар маъмулан ҳангоме, ки коре аз кӯдакатон мехоҳед садоятонро баланд мекунед, кӯдак ёд мегирад то ҳангоме, ки садоятонро ба ҳаддиаксар нарасондаед, ба шумо бетаваҷҷӯҳӣ кунад.

Аз раҳму дилсӯзӣ парҳез кунед

Бисёре аз волидайн фарзандонашонро аз қабули мсъулият парҳез медоранд, зеро нисбати онҳо эҳсоси дилсӯзӣ мекунанд. Дилсӯзӣ як тарзи тафаккури мухарриб аст, ки ба кӯдак мегӯяд онқадар заъиф аст, ки наметавонд аз ӯҳдаи мушкилоташ барояд. Волидайне, ки ба кӯдаконашон тараҳҳум мекунанд. Ағлаб намедонанд, ки муҳофизати беш аз ҳадд ба маънои гирифтор кардани кӯдак аст.

Муҳофизати беш аз ҳадд, ки маъмулан аз волидайни номутмаин сар мезанад, монеи рушди шахсияти кӯдак хоҳад буд. Тараҳҳум бо ҳамдилӣ мутафовит аст. Аз онҷоки модарон ба фарзандонашон ишқ меварзанд, бояд бо онҳо ҳамдилӣ кунанд ва ба онҳо нишон диҳанд, ки эҳсосашонро дарк мекунанд. Ҳамдилӣ нуқоти қуввати кӯдакро афзоиш медиҳад, дар ҳоле, ки тараҳҳум ва надодани масъулият ва қотеият надоштани баҷо, нуқоти заъфи кӯдакро тақвият мекунад.

Ба ақидаи Фердрик През соҳиби яке аз назарияҳои равондармонӣ нокомӣ ҷузъи мусбате дар фароянди қивоми шахсият аст; зеро инсонро вомедорад то нируҳояшро ба кор андозд ва тавоноиҳои зотиаашро кашф кунад ва бо тасаллут бар муҳит бар нокомии хеш ғалаба кунад. Кӯдаке, ки дар ҳадди эътидол ва бо хайрхоҳӣ ва дилсӯзии волидайн ё мураббиён ноком шуда бошад, тавоноии зотиаашро барои контроли худ ва мустақил шудан ба кор мебандад.

Аҳамияти ҳамоҳангии волидайн дар бархурди қотеона

Доштани иқтидор, қотеият ва ҳамоҳангии волидайн дар интихоби равиши тарбиятии онҳо барои тарбияти фарзандонашон аз муҳимтарин мавориде аст, ки волидайн бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошанд. Албатта ин мавзӯъ ҳаргиз ба маънои тарсидани кӯдак аз падар ва модараш нест, балки ба маънои қотеияти волидайн ва ёдгирии риояти назм аз сӯи кӯдакон аст.

Маъмулан робитаи волидайне, ки дар интихоби навъи равиши тарбиятии фарзандонашон ҳамоҳанг ҳастанд ва бо иқтидор ва қотеият бо фарзандонашон рафтор мекунанд хуб аст ва ҳар дуи онҳо метавонанд аз улгуи воҳид ва ҳамоҳангии истифода кунанд. Зимни инки бачаҳоро ҳам беш аз ҳад ба худ вобаста намекунанд.

Дар воқеъ волидайни муқтадир, ҳам фарзандашонро контрол мекунанд ва ҳам ба ӯ истиқлол медиҳанд; ҳам муроқибаш ҳастанд ва ҳам ба ӯ озодии амал медиҳанд. Ҳамчунин нисбат ба ниёзҳои ӯ ҳам; на бетафовут бошанд ва на бедиққат.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.