Тарбияти ахлоқии кӯдак

46

Иҷрои қоидаҳои ахлоқӣ дар тарбияти фарзанд зарурате аст, ки аз мароҳили содда ва осон ва бо хайрхоҳӣ шурӯъ шавад ва дар сурати натиҷа надодан ба мароҳили сахттар ва ҷиддитар хатм мегардад. Ин мароҳил иборатанд аз:

1- Тазаккур: ёдоварии чизе, ки қаблан аз руи хайрхоҳӣ ба унвони вазифа барои кӯдак матраҳ кардаем.

2- Ҳушдор: мураббӣ наздик шудани хатарро гӯшзад ва ба ӯ бифаҳмонад, ки роҳи ғалатиро дар пеш гирифтааст.

3- Таҳаккум: гоҳе кӯдак дар баробар ончи ба ӯ гуфта шуда, муқовамат мекунад; дар ҳоле, ки анҷоми он барои ӯ зарурӣ аст. Дар чунин мавориде бояд аз дари таҳаккум ворид шуд.

4- Тавбих: лозим аст тавбих мутаносиб бо ҷурм ва мизони он ба андозае бошад, ки кӯдак эҳсос накунад, ки ҷои ҷуброн кардан вуҷуд надорад.

5- Саломат: гоҳе ба кӯдак бо лаҳни тундтаре ёдоварӣ мекунем, ки магар ба шумо нагуфта будам?

6- Қаҳр: дар он ҳангом, ки беэътиноӣ ба кӯдак суд набахшад метавон аз ин равиш истифода кард, он ҳам бо шароите аз ҷумла онки муддати қаҳр тӯлонӣ набошад.

7- Таҳдид: гоҳе барои созандагӣ в ҳидояти кӯдак ногузирем ӯро таҳдид кунем ва аз шеваи тарс барои тарбият истифода кунем.

8- Танбиҳ: дар марҳалаи охир чунонки мароҳили қаблии коргар наафтад, аз танбиҳи истифода мекунем, дар инҷо бо заҳми ин нуктаро ёдоварӣ мекунем, ки манзур аз танбиҳ низ бо таваҷҷуҳ ба решаи он огоҳ сохтани кӯдак ё навҷавон мебошад, на озор расондан ба ӯ, ки чунончи волидайн ва мураббиён бо дилсӯзӣ мубодарат ба анҷоми он варзанд бо инояти Худованд, асароти судманди худро бо барҷой хоҳад гузошт.

Дар зимн бояд изофа кард, ки танбиҳ ҳамеша ба сурати танбиҳи баданӣ нест, мумкин аст гоҳе танбиҳ ба сурати маҳрум кардан аз чизи мавриди алоқаи кӯдак, салби озодии муваққатии кӯдак, ихтори катбӣ ё шифоҳӣ, иҷоза надодан барои варзиш, тафреҳ ё мусофират ё ширкат дар меҳмонӣ бошад.

Гоҳе ҳам метавон ба гунае пеш рафт, ки кӯдак ҳисоб кунад қасди танбиҳи ӯро доред вале танбиҳро ба таъхир андохта, ки пас аз он кӯдак чигуна амал хоҳад кард. Дар ҳама ҳол танбиҳе, ки барои кӯдак бекор меравад, бояд ба гунае бошад, ки эҳсос накунад ин масъала аксамали шахсӣ алайҳи ӯст, балки дарёбад натиҷаи амали ӯст.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.