Иди Саъиди Фитр муборак!!!

47

Бигзашт маҳи рӯза, ид омаду ид омад

Бигзашт шаби ҳиҷрон, маъшуқ падид омад

Он субҳ чу содиқ шуд, азрои ту вомиқ шуд

Маъшуқи ту ошиқ шуд, шайхи ту мурид омад

Шуд ҷангу назар омад, шуд заҳру шакар омад

Шуд сангу гуҳар омад, шуд қуфлу калид омад

Ҷон аз тани олуда, ҳам пок ба покӣ рафт

Ҳарчанд чу хуршеде бар поку палид омад

Аз лаззати ҷоми ту дил монд ба доми ту

Ҷон низ чу воқиф шуд, ӯ низ давид омад

Бас тавбаи шоиста бар санги ту бишкаста

Бас зоҳиду бас обид, ку хирқа дарид омад

Боғ аз дейи номаҳрам се моҳ намезад дам

Бар бӯи баҳори ту, аз ғайб дамид омад.

Мавлавӣ

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.