Нӯҳ нуктаи ҳассос барои тарбияти фарзанд

103

1 – Ҳамеша ба кӯдаки худ салом кунед ва ба ӯ эҳтиром гузоред.

2 – Замоне бо кӯдак сухан гӯед ва бозӣ кунед, ки ӯ муштоқ бошад.

3 – Дар тарбияти кӯдаки худ аз зӯргӯӣ парҳез кунед ва мафоҳими зиндагиро бо забони кӯдакона ва бо амали худ омӯзиш диҳед.

4 – Бо кӯдак рафтори муҳаббатомез дошта бошед.

5 – Барои омӯхтани зиндагӣ ба кӯдак саросема нашавед ва бигзоред ӯ аз кӯдакии худ лаззат барад.

6 – Нокомии кӯдакро мӯҳтарам бишморед ва ӯро аз шикаст натарсонед.

7 – Кӯдакро барои худаш ва бар асоси тавоноиҳояш парвариш диҳед, на барои ин ки тасвире аз орзуҳои шумо бошад.

8 – Бо сабру сукут бо кӯдаки худ иртибот барқарор кунед.

9 – Ба суханон ва навоҳои кӯдак гӯш диҳед ва ҳаргиз саъй дар хомӯш кардани кӯдак накунед!

***   ***   ***

Чаро ба ин нукоти нӯҳгона аҳамияти бисёр бояд дод?

Ба гуфтаи Ҷуброн Халил Ҷуброн: Шумо метавонед меҳри худро ба кӯдакон бидиҳед, вале набояд андеша ва салиқа ва орзуҳои худро ба онҳо бидиҳед.

Кӯдак аз замони таваллуд, дорои шахсияти ҷудогона аст. Агарчи ба падару модари худ барои бақо ниёзманд аст, аммо ниёзҳо басуръат дар вай шакл мегиранд ва ин амр бахубӣ дар ин нӯҳ нуктаи ҳассос, ки барои тарбияти фарзанд ироа шудааст, дида мешавад. Кӯдак аз ҳамон ибтидо ишқу муҳаббат ва эҳтиромро дарк намуда ва онро ҷустуҷӯ мекунад ва адами дарёфти посухи муносиб ба ниёзи кӯдак, ӯро дучори сархӯрдагӣ ва навъе каҷрафтории ношӣ аз бароварда нашудани ниёзҳои асосӣ мекунад.

Ин нукоти нӯҳгона баён медорад, ки амри тарбият ва эҳтиром ба кӯдак, бавижа дар мавриди навниҳолон ва кӯдакон бисёр чашмгир аст. Зеро дар ин марҳила ниёзҳои асосии бақо дар ҳоли такомул ёфтан аст ва ниёзҳои эҳтиром ва арзишмандӣ дар ҳоли таваллуд аст. Шумо бояд кӯдакро дар тамоми мароҳил бо ҷиддият дар тарбият ҳамроҳӣ кунед ва бигузоред ӯ дунёи худашро кашф кунад ва шумо фақат муроқиб ва муҳофизи ӯ бошед.

Бинобар ин равост, ки ин нӯҳ нуктаи ҳассос барои тарбияти фарзандро бояд ҳама бидонанд то дар тарбияти фарзанди худ дучори зӯргӯӣ ва инҳироф нашаванд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.